Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

ХУҶАНД: Тарҳи бунёди 5 иншооти нав

Дар шаҳри Хуҷанд корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд. Аз ҷумла дар бозори "Панҷшанбе" сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар он нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ташкил мегарданд ва 150 нафар бо ҷои кор таъмин мешавад. Ба бунёди бинои нави бозрасии давлатии автомобилии шаҳр дар масоҳати 1 гектар санги асос гузошта шуд ва дар шафати он бинои нави шуъбаи хадамоти шиносномадиҳӣ шаҳр эъмор мегардад. Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ мебошад, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, 40 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, ҳоло аз ҳисоби буҷети вилоят сохтмони бинои сеошёнаи беморхонаи вилоятии касалиҳои дил идома дорад.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин