Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

КИШВАРИ АФСОНА

КИШВАРИ АФСОНА

Кўшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби на танҳо сармояи хориҷӣ, балки ба кишвари сайёҳиву туризм табдил додани меҳани азизамон басо баланду мавқеъгирона буда, пайваста дар ҳама баромадҳо таъкиди "сиёсати "дарҳои кушода" чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир" ва "муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон" гувоҳи баръалои он асту соли сипаришавандаро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон доштан сафарбаршавии на танҳо ниҳодҳои расмӣ, балки тамоми шаҳрвандонро дар роҳи расидан ба меъёрҳои писандидаи меҳмоннавозии тоҷикона ҳидояту раҳнамоии амиқ гашт.
Фарде дар ин дунё нест, ки пешрафту гулгулшукуфии ватанашро нахоҳаду дар дил нақшаҳои дилписанди зебосозии онро матраҳ накунад ва дар пайгирӣ аз ин иқдом аз атрофу акноф таҷриба наандўзаду ба ин васила комёб гардад. Ин аст нишони кўчактарини ҳуббулватан дар замири фарзанди некхоҳу некбин, зеро беҳуда намегўянд:
Ватан, озодиат озодии ман,
Ватан, ободиат ободии ман!
Амри тақдир ин ҷонибро чанде пеш ба кишваре овард, ки қиссаҳои мардумнавозиву хоксорӣ ва рўкушодиву марҳаматкориашон вирди забонҳо буду ба назар иғроқомез менамуд. Вале аввалин пешорў задан бо як нафаре аз ин халқи меҳрубон дар дил иғроқро зери шубҳа мегузошту дар дилҳо гумони эҳтимолияти воқеӣ доштани овозаҳоро ба миён меовард. Бале, сухан аз боби белорусҳосту ин чанд мушоҳида қиссаи саридастӣ аз наҷобати онҳо.
Бояд гуфт, ки аввалин ҳайрат дар фурудгохи Домодедовои Маскав, ҳангоми вуруд ба тайёраи ширкати ҳавопаймоии Белорус, сурат гирифт.
Халабонону сарнишини ҳайати тайёра аз мусофирон барои таъхири парвоз узрхоҳӣ намуда, ҳамагӣ барои аз нозирони таҳҷоӣ халос карда ба киштии ҳавопаймоӣ ворид шудани шаҳрвандашон, ки бо сабабе боздошт шуда буд, муташаккилона ҷаҳд намуда, билохира муваффақ ҳам гардиданд. Аҷибаш ин буд, ки ҳама яҳли нишаст аз ин амал дастгирӣ намуда, хоҳиши ҳамроҳшудан ба пуштибонии ҳаммилаташонро низ мекарданд. Пас аз ним соат мусофир бо ҳайати номбурда вориди тайёра гардиданду баробари миннатдорӣ аз ҷонибдории мизоҷон, парвозро амалӣ карданд.
Кушодарўӣ, табассумҳои малеҳ, ширинсуханиҳои истиқболкунандагони маъмурии фурудгоҳи Минск низ басо дилнишину дилнавоз буд. Ягон амалиёти расмиёти вурудӣ бе муомилаву муоширати ширину хандон ва таманнои барори корҳо аз сафар сурат нагирифта, ниҳоят тез анҷом меёфтанд - гузаштани расмиёт бо гирифтани бор ва баромад ба хориҷи фурудгоҳ камтар аз 10 дақиқаро гирифт, ки ба назар номумкин менамуд. Муносибат ва раҳнамоиву раҳбаладиву мусоидат ба мусофир ва ё корафтода бошад, ба назарам, бояд ҳамчун нишондиҳандаи камоли одамият пиндошта шавад. Ба гуфти мардум: "ҳа-ҳа накунӣ, аз дастат гирифта, то ҷойи даркориат мебаранд", ки на ба синну сол вобаста асту на ба ҷинсият. Тааҷҷубовар он буд, ки ҳатто таксистҳо ҳангоми муайян кардани самти ҳаракат тавассути JPC, баръакси ҳамсонони мо, масири кўтоҳтаринро интихоб намуда, маслиҳат медиҳанд, ки маблағи захирашударо барои тамошову шиносоӣ бо ягон гўшаи дигари меҳанашон ва ё хариди тўҳфаҳои хотиравӣ сарф намоед!
Кўчаву паскўча, хиёбону гулгаштҳо ва умуман тамоми шаҳр, ки аксаран бо дарахтони мевадор ва сабзаи хушсифат музайян гардидаанд, тозаву озода ва тамйизшудаанд ва агар мабодое ягонтои онҳо афтанд, ҳатман аз тарафи аввалин шахси гузаранда, чӣ пир бошаду чӣ ҷавон бардошта шуда, каноре гузашта мешаванд, то дилхоҳ кас аз он баҳра бардорад. Гуворо он аст, ки хурду бузург на рўи сабза медаваду на ба ин дарахтон ҳамла мекунад. Барои мардуми ниёзманд ба фароғату истироҳат сари ҳар чанд фосила ҷойгоҳҳои муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва чатрҳои паноҳанда аз барфу борон ва офтоби тобон сохта шудаанд.
Барои одамони ҷангалдўсту хилватҷў бошад қад-қади ҷангалчаҳои шаҳру атрофи он минтақаҳои сирф "дастнорас" бо номи "Фитазона"-ҳо оростаанд, ки аҳён-аҳён холианд. Дар ин гўшаҳо ройгон хохишмандон зиёфату вохўриҳо гузаронида, ҳатман пеш аз рафтан он ҷоро чунон тозаву озода мекунанд, ки пасомадагон ҳатто "хасе" пайдо намекунанд.
Ин миллати наҷиб дар риояи талаботи роҳу нақлиёт низ қобили таъкиду пайравианд, зеро агар аз осмон санг борад ҳам, бо вуҷуди дар дурии дур, ҳатто сояи нақлиёт нанамудан, ҳангоми дурахши чароғаки сурхи светофор аз роҳ убур намекунанду дар фикраш ҳам нестанд, ба микроавтобусҳои ҷойи холӣ надошта зўран савор нашуда, ба рахнаи ҳатто тасодуфии реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии сабтшудаи истгоҳҳо роҳ надода, суръатро аз меъёри таъкидшуда, бо вуҷуди холигии роҳ, боло намебаранд. Дар автобусу микроавтобусҳо на "нозиру пулчин" ва на савту садое, зеро нозир виҷдон асту касе аз касе пурсише дар ин самт надорад! Аҷибаш ин, ки вақте барои автобус аз нафаре суол кардем, ки аз кӣ ва ё куҷо чипта пайдо кунам, бисёр малеҳона гуфт, ки "Шумо меҳмонеду шарт нест, ки онро дастрас кунед!!! Касе пурсон намешавад!".
Гурўҳ-гурўҳ дўстдоронро бо аҳли оила ва ёру ошноҳо мушоҳида мекунед, ки ҳама бо либосҳои шинам ва тозаву озода ба тамошои осорхонаву музейҳо машғуланд ё тамошои филмҳо ба театру кинотеатрҳо мераванд. Дар аксари кўчаву хиёбонҳо лавҳаву муҷассама ва гўшаҳои арҷгузорӣ ба ниёкон ва фарзандони шўҳратёри кишварро дидан мумкин аст, ки аз фарҳангсолориву посдории арзишҳои миллӣ шаҳодати амиқе медиҳад.
Меҳрубониву муҳаббати мизбонон дар ҳар сари қадам зуҳур мекунад. Дар ошхонаву тарабхона ҳатман таъому машруботи хоси миллиро тавсия намуда, бо тамоми назокату лутф ва дар фосилаи кўтоҳтарин ҳамаро муҳайё сохта, дар тарзи хўрдану нўшидан раҳнамоӣ карда, аҷобати ҳар хуришро бо завқ тавзеҳ медиҳанд. Нарху навои колову маводи ғизо дар ҳама ҷо, новобаста ба тобеъият, як буда, хизматрасонӣ ниҳоят хушдилонаву дилсўзона аст. Аҷибаш ин, ки тамоми нозу истиғнои мизоҷонро бо таҳаммули фавқулоддаи саршор аз лутфу марҳамат истиқбол намуда, лаҳзае ҳам қаҳру ғазаб ва ё норизоиву ошуфтагии худро ҳувайдо намесозанд.
Дар ягон гўшаи шаҳр на талбанда дидаму на масту аласт. Боре ҳам набуд, ки шоҳиди ҷангу хархаша ва ё қабеҳгўиҳо шуда бошам. Воқеан ин ҳама ба назар касношунуфт намуда, муболиғаи маҳзро мемонад, вале воқеият аст, ки месазад аз он пайгирӣ кард.
Як мисоли дигаре меорам, ки бароям ниҳоят риққатовару дилписанд намуд. Дар яке аз хиёбонҳои шаҳр ба чашмам оилае афтод, ки ба сўям меомад. Зану марди ҷавон бо писарбачаи тахминаи 6-7 сола. Вақте наздик шуданд ба чашмҳоям бовар накардаму беихтиёр хостам онро ба телефон сабт намоям, аммо, ростӣ шарм кардам, ки ягон гумон набаранду ба ҳайрати ман аҳамият диҳанд - дар дасти ин кўдак ду салафан - яке бо тухми офтобпараст буду дувумаш барои ҷамъ кардани пўчоқи он! Ин кўдак бо маром қадам зада, семичка мехўрду пўчоқашро ба ин салафани холӣ меандохту касе, ба ҷуз ман, ба ин аҳамияте надода, чун як чизи муқаррарӣ кабул мекарданд. Аҳсанту сад аҳсант!
Ростӣ ин сафар бароям кашфи олами наве буд, ки дар ягон гўшаи хаёлам тасаввурашро надоштам. Ҳасад бурдаму тан додам ва аз Парвардигор айни ин рафтору кирдору фаросатро ба ҳамдиёронам хостам арзонӣ дорад. Миллати мо бо меҳмоннавозиаш шўҳраи олам аст, вале хуб мебуд агар аз ин халқи наҷиб, аз хулқи дўстон сабақи муфид бардораду иззати худу бегонаро мислашон бологузар созад.

Аббос АФСАҲЗОД,
номзади илмҳои филологӣ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин