Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

ВАЗЪИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГИЯ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй яке аз соҳаҳои баландтехнологияи тандурустии Тоҷикистон мебошад. Дар давоми солҳои охир дар натиҷаи ҳамкориҳои муассири бисёрҷониба хадамоти стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рўй натанҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ дорои нуфузи муайян мебошад, ки албатта, дар ин самт саҳми кормандони он назаррас аст. Дар тўли панҷ соли охир оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддию техникӣ ва таҳкими заминаи захиравии соҳа тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Ин имкон дод, ки дар самти анҷом додани хизматрасонии алоқаманд ба ворид намудани услуби муосири ташхис ва табобати нуқсон ва шаклдигаркунии устухони рўй, нуқси модарзодии лабу ком, имплантатсияи денталӣ рушди сифатӣ рўи кор ояд.

Бо вуҷуди дастовардҳо ҳанўз дар соҳа камбудҳо низ вуҷуд доранд. Қисми аъзами мубталоёни бемории гепатит сабаби сироятёбии худро ба ташриф овардан ба назди стоматологон алоқаманд медонанд. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиш "Дар бораи дар амалияи муассисаҳои стоматологӣ ворид намудани истифодаи тестҳои фаврӣ оид ба муайян намудани вируси гепатитҳои "В,С" ва "ВНМО" ба имзо расида буд (26 ноябри соли 2014, таҳти № 1006).
Омили дигари муҳими фаъолияти соҳа таъминот бо маводи яккарата ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои стоматологӣ, ташхисӣ ва тамйизу безараргардонӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй" тамоми шароит, аз ҷумла барои ташхис, табобат, муайян ва пешгирӣ кардани бемориҳои вирусҳои гепатити (В,С) ба миқдори кофӣ тестҳои оҷилӣ ва дастгоҳҳои тамйизгардонии муосир, ки ҷавобгў ба талаботи стандартӣ мебошанд, дастрас ва мавриди фаъолият қарор доранд, муҳайё карда шудааст. Тартиби безараргардонӣ, тамйизгардонии асбобу таҷҳизот дар Пажўҳишгоҳ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади муайян намудани сифати безараргардонии пеш аз тамйизгардонӣ ва муайян намудани боқимондаи маводи шўянда дар асбобҳои стоматологӣ пробаи азоперам гузаронида мешавад. Вазифаи асосии табибони ин муасссисаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табобати дуруст ва солими дандонҳо ва ҷарроҳии ҷоғу рўй мебошад. Вазифаи мо хизмат кардан ба мардум аст.
Маҳмадулло ҚОСИМОВ, директори Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин