Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:03 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид» 
  • 11:56 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 09:41 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 09:38 – САММИТИ ИДМ ДАР АШҚОБОД. МУЛОҚОТ ДАР ҲАЙАТИ МАҲДУД ОҒОЗ ГАРДИД: иттилоъ дода мешавад, ки сарони давлатҳо дар ин шакли ҳамоиш масъалаҳои муҳимро баррасӣ менамоянд 

Забон-бебаҳотарин мероси ниёгон

Забон-бебаҳотарин мероси ниёгон
Забон барои ҳар қавму миллат чун як рукни муҳими ҳастиаш азизу муқаддас аст. Забон унсури муҳимтарини фарҳанги ҳар халқу миллат аст.
Хушбахтона, имрўз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ забони ноби тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи хешро устувор намуд. Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки мардуми тоҷик чандин ҳодисаҳои тақдирсоз ва тақдиршиканро аз сар гузаронидааст. Мо борҳо дар зери зулми аҷнабиён азоб кашидем, тамоми дороии хешро аз даст додаем, вале ҳуввиятамонро аз даст надодаем, он то ба имрўз ба мо ба ёдгор боқӣ мондааст. Забон мероси аҷдодони мост.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои пурмазмуни хеш борҳо қайд намуда, иброз даштаанд, ки: "Забони мо дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдбоди ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрўз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем".
Имрўз рисолати аввалини ҳар як фарди тоҷик аз он иборат аст, ки ба арзишҳои миллӣ, таъриху забон ва дигар муқаддасоти хеш арҷ гузорем. Забони давлатии мо, чун унсури муайянкунандаи миллат, дар ҳама давру замон барои халқи саодатманди мо хизмат мекард. Бузургони мо дар тўли таърихи зиндагии хеш кўшиш намуданд, то забони миллии хешро ҳифз намоянд. Ҳар як миллатро ба воситаи забони ў мешиносанд. Имрўз барои мо ифтихор аст, ки забони тоҷикиамон аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон шевою гуворо садо медиҳад. Дар ин раванди ҷаҳонишавӣ нерўҳои пасипардагӣ бо таҳдид кўшиш ғайрат менамоянд, ки барои соҳиб шудан ба ҳокимияти мутлақ ба сайёра "тарҳи нав" бахшанд. Ин падида ба фарҳанг, иқтисод ва иҷтимоиёти кишварҳои рў ба инкишоф ҳатман таъсири манфӣ мерасонад.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар яки мо, омузгорон аз он иборат аст, ки бояд фарҳанг ва забони хешро нигоҳ дошта, онро ба шогирдонамон талқин кунем. Дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки натавонистанд забону ҳуввияти хешро нигоҳ доранд. Ин падидаи номатлуб дар охир баъзе қавму халқиятҳоро ба вартаи ноумедӣ расонд ва онҳо маҷбур гаштанд, ки тобеи қавму миллати дигар гарданд ва ба халқҳои бегона итоат намоянд. Бобулиён, масалан ба қатори чунин қавмҳо дохил мешаванд.
Забони мо, чун рамзи ваҳдату ҳамгироӣ, сулҳу иттиҳод ва якпорчагиву ҳамдилӣ, мақоми шоиста дорад. Забони моро халқи дунё чун забони баробариву бародарӣ, забони шеъру шоирӣ азиз медоранд, ки ин барои мо ифтихори хеле зиёд аст.
Истиқлолият дар сарнавишти миллати мо, ба вижа, густариши забони давлатии мо як такони ҷиддие ворид намуд. Ин қадами нотакрори таърих барои пешравии забону анъанаву дигар суннатҳои миллӣ имконоти навро фароҳам намуда, барои устувории хотираи таърихӣ ва аз нав барқарор намудани воқеаҳои фаромўшшуда мусоидат кард. Андешамандон чунин ақида доранд, ки забони модарии мо дар фосилаи дуру дарози таърих бо назокату шевогии хеш бисёр миллату халқият, қавмҳои саҳронишину таҳҷоиро ба ҳам оварда, ба онҳо маданияти гуфтор, рафтор ва кирдори некро омўхтааст. Бархе аз миллатҳои навзуҳур бо ин забон худро ҳамчун миллати алоҳида ташаккул дода тавонистанд. Ба ин хотир нигоҳдошт, эҳтиром ва донистани забони модарӣ оғози роҳи бузург, ки ба воситаи он инсонҳо метавонанд дигар арзишҳоеро, ки баҳри рушду такомули миллат мусоидат менамоянд, азбар намоянд.
Аз ин рў, мо, омўзгорон бояд забони ноби тоҷикиро пос дорем. Онро аз тамоми олоишҳо соф нигоҳ дорем ва кўшиш намоем, ки меҳру муҳаббат ба забонро аз хурдӣ дар ниҳоди фарзандони хеш ҷо диҳем. Зеро он на танҳо забони модарии мост, балки омили бақои миллату ҳастии мо аст, ки тўли умри он аз мо, соҳибватанон вобастагии зиёд дорад. Пас, месазад, ки мо барои боз ҳам ғанӣ гардидани ин забон кўшишу ғайрат намоем ва онро, чун омили муҳимтарини худшиносиву худогоҳӣ, ба насли фардои ҷомеа ба мерос гузорем. Забон мояи саодату шарафи мост ва бигузор, ин шиносномаи халқамон пайваста таҳким ёбад.
Ҷумъагул ШОДМОНБЕКОВА,
муаллимаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и шаҳри Душанбе
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин