Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД

ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД
"Тавре ки нерўи тан дар хислат табиист, нерўи хислат дар рўҳ, нерўи шаҳрҳо дар ҳокимонашон, нерўи ҳокимон дар сиёсат, нерўи сиёсат бошад дар хирад ниҳонанд. Ҳангоме ки дар шаҳр хирад эътироф мешавад ва он ҷо қонуни Ҳақ ҳукмравоӣ мекунад, назму тартиб мешавад ва майли такомулаш ба зуҳур меояд".
Н. Тўсӣ, "Ахлоқи Носирӣ"
Душанбе обод мешавад. Душанбе қабояшро дигар мекунад. Душанбе солорона қад меафрозаду мешукуфад ва сарсабз мешавад. Он ба садумин соли пойтахт муқаррар гардидани хеш, ки соли 2024 фаро хоҳад расид, дар авҷи шукуфою камол қадам мегузорад. Пойтахти азизи мо ягон вақт бо ин суръат дигаргун нашуда буд.
Тоҷикон анъанаҳои дерини шаҳрсозию шаҳрдориро аз сар гузаронидаанд. Кашфиёти нодири археологии Саразми панҷунимҳазорсола, Панҷакенти қадим, ки Помпеи Шарқаш хонанд, Истаравшану Ҳулбук, Ҳисору тахти Сангин, Хуҷанди бостонӣ, ки тирози ҷаҳонаш номанд, Вомару Қаҳқаҳа ва даҳҳо ёдгории дигари меъмории садаҳои гузашта ба ин гувоҳанд.
Балхро аз ҷумлаи қадимитарин шаҳри ҷаҳон мешуморанд ва муаррихони Юнони бостон онро "модари шаҳрҳо" унвон кардаанд. Балх дар масири таърихии худ пойтахти давлатдориҳои умарову салотини бешуморе будааст.
Сарнавишт ба Ҳирот низ ҳамин шаъну шукўҳ ва шуҳрату азаматро ато кардааст, ки замоне дар бари хеш дарбори шоҳону амирони зиёдеро ҷо додаву дар оғўши меҳрпарвараш садҳо нафар шоирону мутафаккирони барҷастаи миллиро тарбият намудааст.
Бухорои шариф, Бухорое, ки "маркази ислому дин" ҳазор сол муқаддам пойтахти нахустин давлати миллии тоҷикон, Сомониён, Исмоили Сомонии бебоку меҳанпараст, фарзонаву гундо ва хирадгустару хирадпарвар қарор гирифт ва модаршаҳри тамаддуни миллати фарҳехтаю озада буд. Марвист, ки дар гузару маҳаллоти Бухорои асри X тавассути қубурҳои гаҷӣ шабакаи обрасонӣ вуҷуд доштааст. Донишмандон, адибон, аҳли ҳунару пешаварӣ, тоҷирон, намояндагони даҳҳо касбу кор дар ин хоку об парвариш ёфтаву номи шаҳрашонро маъруфи ҷаҳон кардаанд. Баъдҳо ҳам, гарчанде давлатдории миллии мо бебозгашт аз миён рафту сарзамини тоҷикон ҳамеша миёни давлатдориҳои қавму қабоили мухталифи турку муғул аз даст ба даст мегузашт, Бухоро аҳамияти худро чун шаҳри бузургу обод ва пойтахт ҳеҷ гоҳ гум накард. Пеш аз Инқилоби Октябр вай пойтахти амирони манғит буд, ки давоми ду садсола дар Осиёи Миёна бар мулкҳои тоҷикнишин ва дигар ҳудудҳои минтақа ҳукумат кардаанд.
Самарқанди кандманд дар наздикии Бухоро ба мисли нигинест, дурахшон. Агар фоислаи он ду шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба инобат бигирем, он мисли Маскав ва Санкт-Петербург ("пойтахти шимолӣ") бошад. Шуҳрат ва тавсифи ин маркази тамаддуни тоҷикон чи дар гузашта ва чи имрўз ба қалам ҳоҷат надорад. Меъморони чирадасти самарқандӣ ҳунари худро то ба Ҳинд бурда, он ҷо барои шоҳзодагони темурӣ қасру кўшкҳои муҷаллою пурдабдаба офаридаанд, ки аз шоҳкорҳои беназир маҳсуб шуда, "муъҷизаи дасти одамизод" унвон гирифтаанд.
Таърихи башарият хеҷ гоҳе мантиқӣ ва аз рўи низоми муайяне набудааст. Халқу миллате нест, ки сарнавишташ осон, бидуни муаммою печидагиҳо рақам хўрда бошад. Раванди воқеаҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба тақдири халқҳо дигаргуниҳои ғайриинтизор ва ғайри қобили дарк ворид кардааст. Мулоҳиза кунед, агар мантиқеву низоме мебуд, имрўз халқу миллатҳо ба ин ҳад паҳну парешон намешуданд ва ҳар яке дар ҳудуди давлатҳои мансуби хеш зиндагӣ мекарданд, давлатҳои махлуту сермиллат ба миён намеомаданд, тарки макони зист, ҷойивазкунии халқҳо сурат намегирифт, миллатҳои бедавлат ва аз истиқлол маҳрум намешуданд. Аммо воқеият чунин аст ва бо он бояд сохт, созиш кард. Кўшиши дигаргун кардани вазъият ба ҷуз ҷангу харобиҳои беохир натиҷаи дигаре ба бор намеоварад. Арзиши аз ҳама муқаддам дар ин маврид ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ҳар куҷое ҳаст, бояд риоят шавад, барояш шароити зиндагӣ фароҳам гардад.
Манзур ин аст, ки таърих бо мо низ ҳамин бозиро раво дидааст. Дар солҳои 20-уми қарни XX имкони ҷудокунии ҳудудҳои миллӣ пеш омад. Аммо қисме аз тоҷикон бо шаҳрҳои бузурги таърихию пойтахтҳои собиқашон дар хоки Афғонистон буданд, қисми дигар бо шаҳрҳои Бухорову Самарқандашон тобеи Ўзбекистон гардонда шуданд. Тоҷикони боқимондаи сокини Бухорои шарқӣ бошанд, соли 1924 дар заминаи ин минтақаи дурафтодаю ақибмондаи аморати Бухоро соҳиби Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуданд.
Масъалаи интихоби пойтахт пеш омад. Дар Бухорои шарқӣ он замон шаҳре, ки муносиби шаҳр гуфтан бошад, вуҷуд надошт. Бинобар ҳамин, интихоб сари деҳаи Душанбе қарор гирифт, ки то ин вақт, дар охирҳои асри XIX-аввалҳои асри XX тафреҳгоҳи тобистонаи беки Ҳисор будааст. Ин ҷо рўзҳои душанбе бозор мешудааст ва номаш аз ҳамин ҷост. Зимнан, бояд гуфт, ҳафриёти бостоншиносӣ собит кардаанд, ки пойтахти мо таърихи қадимтаре низ дорад. Дар замонҳои Юнону Бохтар ва давраи Кўшониён ин ҷо шаҳри на чандон калоне мавҷуд будааст, ки то ба истилои муғулҳо арзи ҳастӣ кардааст.
Соли 1924 Душанбе як деҳаи назарногире буд, бо кулбаҳои похсагини болояшон найпўш. Танҳо як бино бо ободӣ ва намуди беҳтари худ аз кулли деҳа тафовут доштааст. Он беморхона буда, бо ташаббуси зиёиёни пешқадами рус, тавассути аскарони маскуни рус ва мардуми маҳаллӣ соли 1911 сохта шудааст. Бино то давраи бунёди боғи "Рўдакӣ" дар ҳудуди шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои руҳӣ вуҷуд дошт.
Нахустин иншооти ҳозиразамон дар пойтахти Тоҷикистон бинои театри ба номи В. Маяковский ба шумор мерафт, ки соли 1928 сохта шуда, дар он мақомоти марказии ҷумҳурӣ қарор доштаанд. Сипас, соли 1931 бинои Совнаркоми (Ҳукумати) РСС Тоҷикистон қомат рост кард, ки то ҳамин қарибиҳо рў ба рўи шаҳрдории Душанбе вуҷуд дошт. Солҳои сиюму чилуми асри гузашта дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ бисёр биноҳои замонавӣ, аз ҷумла Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раёсати Академияи фанҳои Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, донишгоҳҳои омўзгорию тиббӣ, собиқ Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ғайра сохта шудаанд.
Бунёди биноҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, чойхонаи "Роҳат", Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи меъмории майдони "800-солагии Москва", Бонки миллии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳои "Вахш", "Помир", "Пойтахт", Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, хонаи хизмати маишии "Садбарг", як қатор биноҳои бисёртабақаи истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бошад, ба солҳои панҷоҳуму шастум рост меояд.
Солҳои 70-уму 80-ум дар пойтахти мо, аз ҷумла, биноҳои меҳмонхонаи "Тоҷикистон", Кохи "Борбад", Хонаи нависандагон, Кохи "Ваҳдат", меҳмонхонаи "Авесто", Сирки давлатӣ қомат рост кардаанд ва шаҳр ба гирду атроф хеле густариш пайдо карда, ободу зебо шудааст.
Осон набуд як деҳаяки хурдро ба шаҳри замонавӣ, пойтахт табдил додан. Дар ин роҳ чандин насли одамон заҳмат кашидаанд. Аммо бо ин ҳама, Душанбе як шаҳри дурафтодаи музофотии Иттиҳоди Шўравӣ буд. Навигариҳою дигаргуниҳо ба ин ҷо аз ҳама охир мерасиданд. Барои чӣ бошад, ки дар шаҳр солҳои мадид биноҳои аз чортабақаю панҷтабақа боло намесохтанд. Хонаҳои 9-12-табақа аҳёнан танҳо дар солҳои 80-ум пайдо шуданд. Худи раванди сохтмон, бошад, бо кундӣ пеш мерафт. Баъзе сохтмонҳо солҳо тўл мекашиданд, ки сабабаш аз афти кор, камбуди маблағ буд.
Марҳилаи ҳалкунандаи рушд барои пойтахти мо баъди истиқлолёбии кишвар ва қатъи ҷанги шаҳрвандӣ фаро расид. Тоҷикистон давлати мустақил шуд ва Душанбе рисолати воқеии пойтахти давлати соҳибихтиёр буданро ба даст овард. Масъулияти бузурге бар дўши шаҳр бор шуд, аммо дар зимн, ихтиёрот низ ба дасти худи мо, соҳибватанон афтид, то ҳар қадар метавонем, пойтахтамонро обод созем, онро ба як шаҳри муосири пешрафта табдил бидиҳем, то анъанаҳои деринаи шаҳрсозиамонро эҳё карда, аз Душанбеи азиз Балху Ҳироти наве, Самарқанду Бухорои наве ба вуҷуд оварем.
"Офтобро бо доман пўшонида намешавад" - фармудааст халқи хирадманди тоҷик. Хурду калон медонанд, ки ҳар як ибтикоре, ташаббусе, навоварие, ки дар Ватанамон амалӣ гардидааст, бе ягон шакку шубҳа, бо исми шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон решапайванд аст. Ва он чиз, ки имрўз Душанбеи азизи мо користони бузургеро мемонаду босуръат ба як шаҳри модерну замонавӣ табдил мешавад, маншаъ дар сиёсати пайгиронаву собитқадамонаи Сарвари давлатамон бобати ободонии кишвар ва таъмини зиндагии хубу шоистаи мардум дорад.
Ин далел ба дурустии ҳикмати деринаи гузаштагони барўманди мост, ки нерўи шаҳрҳоро дар ҳокимонашон, нерўи ҳокимонро дар сиёсат ва нерўи сиёсатро дар хирад медонистанд. Дар сиёсати созандаи Пешвои миллатамон аз аввалин рўзҳои истиқлолият хиради волое зуҳур кард, ки он ҷомеаро сарҷамъу муттаҳид гардонда, нерўяш бахшид ва таҳкурсии рушди босуботи кишвар, аз ҷумла пойтахти азизамонро фароҳам овард. Натиҷаи ҳамин сиёсат аст, ки Душанбе, шаҳри ба мақоми пойтахти давлати воқеии соҳибихтиёр расида захмҳои аз ҷанги шаҳрвандӣ гирифтаашро ба зудӣ даво бахшида, рў ба пешрафт ниҳод.
Пойтахт аз гирдиҳамоиҳои тўлонӣ ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум бо тани абгору дардманд ва вазъи хароб берун омад. Мушкилиҳои дигар низ ба ин зам буд: аҳолии Душанбе ба як миллион нафар наздик мешуд, аммо манзил намерасид, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обрасонӣ бошанд, ҳам кўҳнаю фарсуда шудаю қисман кор намекарданд ва ҳам қудрати бардошти вазнинии мазкур, шаҳри сернуфусро надоштанд. Ҳалли ин ҳама масъалаҳои душвор ба зиммаи роҳбарияти аввали шаҳрдории Душанбе, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев афтод, ки бо ақлу тадбир, бо ҷидду ҷаҳди бемисл ва қотеона раванди барқарор кардану бозсозии пойтахтро давоми хеле солҳо сарварӣ намуд. Ҳаёти муътадил ба шаҳр бозгашт, дар роҳи рафъи мушкилиҳо иқдомҳои муҳим сурат гирифтанд, ба ободонию дигаргуниҳо, ба сохтмонҳои наву азим ибтидо гузошта шуду тадриҷан вусъат гирифт.
Имрўз бошад, эстафетаи мазкурро ҳайати нави шаҳрдории пойтахт бо сарварии раиси ҷавони худ идома медиҳад. Рустами Эмомалӣ бо ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба ин кори бузург, навсозии пойтахти тоҷикон нерўи ҷавонӣ овард. Пойтахти мо бо суръати ҳайратангез наву дигаргун мешавад, симояшро ба таври шинохтанашаванда иваз мекунад, на фақат ба як мегаполиси боҳашамати саноатӣ, балки ба шаҳри гуворои илму фарҳанг, фароғат, сайру саёҳат низ табдил меёбад. Тақозои адлу воқеъбинӣ ин аст, ки мо ба ҷаҳду талош, кордонӣ, ботадбирӣ, завқи баланди шаҳрсозию зебоишиносии сарвари ҷавони пойтахт дар раванди бозсозиҳои он тан бидиҳем. Лозим ба зикр аст, ки дигаргуниҳои бузург дар Душанбе бидуни намоишкорӣ, бо фурўтании хоса, ки зиннатбахши раиси ҷавони мост, сурат мегиранд.
Дар Душанбе имрўз Қасри Миллат, кохи "Наврўз" -у "Наврўзгоҳ", Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, маҷмааи меъмории "Боғи Ирам" ва даҳҳо коху кўшкҳои дигар бунёд шудаанду мешаванд. Чашми мо акнун ба дидани биноҳои 13, 15, 20, 30-қабата одат мекунад, ки ин шабу рўзҳо бо суръат майдонҳои холиро пур мекунанду ҷойи биноҳои фарсудаи 4,5-қабатаро мегиранд. Дар бунёди онҳо навтарин ихтирооту пешниҳодоти меъморию муҳандисии ҷаҳонӣ, масолеҳи ҳозиразамони бинокорӣ рўйи даст қарор дорад.
Дар кўчаю хиёбонҳо гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ, эстакадаҳо пайдо мешаванд. Ҷилонокӣ ва нақшу нигори роҳу пайраҳаҳо бошанд, чашму пойҳоро роҳат мебахшанд.
Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" шароити зиндагии сокинони пойтахтро беҳтар карда, ба хонаҳо нури наву гармӣ овардааст. Парки нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста густариш меёбаду нав мешавад.
Душанбе ҳамеша чун "шаҳри сабз" шуҳрат дошт. Аммо бозсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кўдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён доранд, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нестанд. Беихтиёр шаҳрҳои бузурге ба ёд мерасанд, ки одамон аз гарду чанг ва бўи тааффуномези бензин нафаси роҳат надоранд, мемиранду бемор мешаванд, дар мо бошад, ин ҷиҳати масъала-фароғат, саломатию бардамии инсон аз ҳоло дар ҳисоб аст.
Калонтарин бозорҳои Душанбе акнун дар биноҳои муҳташаму зебои болопўшида ҷой гирифтаанд ва дигар он растаҳои қадимиро дар кам ҷое метавон пайдо кард.
Хулласи гап, пойтахти азизи мо имрўз дар чанд самт-ҳам ба паҳно, ҳам ба боло ва ҳам ба дохил густариш меёбаду таҷдид мешавад, ҳашамату ҷалол касб карда, бо суръат ба як шаҳри модерну замонавӣ мубаддал мегардад.
Арзиши ҳама амал дар қиёс равшан мешавад. Ба ёд меорем он айёмеро, ки Ватани азизамон соҳибихтиёр гардиду бо соири кишварҳои дунё робитаҳои мустақими дипломатиро барқарор намуд. Маъмулан, дар ин маврид сафару ташрифҳои давлативу расмии роҳбарони кишварҳои ҷаҳонӣ сурат мегиранд. Вале дар он солҳо мо имконияту зарфияти қабули ҳатто як роҳбари давлати дўстро надоштем. Имрўз пойтахти мо метавонад дар як вақт даҳҳо сарварони кишварҳоро ба оғўши пурмеҳру навозиши худ бигирад. Ва ё дар ҳамон солҳо мо намедонистем меҳмонони воломақоми хешро бо кадом ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ё арзишҳои имрўзаи фарҳангии халқамон ошно созем. Ҳоло бошад, ҳар як бинанда ба кохи "Наврўз" ё Осорхонаи миллӣ, Қалъаи Ҳисор ё "Наврўзгоҳ", Парчами милливу Нишони давлатӣ, маҷлисгоҳу толорҳои бошукўҳ, боғу гулгаштҳои ҳамешабаҳори мунаққаш, ба намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои эҳёгардидаи халқи бузургворамон бо дидаи таҳсину ваҷд ва эҳтироми бештаре менигарад.
Имрўз шаҳри сулҳ-Душанбе ба унвони амнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону ободӣ, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсант мекушоянд.
Яке аз шабакаҳои телевизионии хориҷӣ ба наздикӣ мусоҳибаеро манзур кард бо Масъуди Сипанд, шоири маъруфи эронии муқими Амрико. Шоир таассуроти хуши хешро аз дидани манзараҳои пойтахти мо, биноҳои муҳташам ва нақлиёти ҳозиразамонаш баён карда, Душанберо яке аз беҳтарин шаҳрҳои Ховари Миёна номид. Ин баҳо аз ҷониби як шоири тавонои ҳамзабонамон, ки албатта, кам шаҳреро надидааст, басо боварибахш қабул мешаваду муҷиби ифтихор аст.
Мутафаккирони гузаштаи мо дар вақташ ҳамеша орзуи зиндагӣ кардан дар "шаҳри накўкорон" ё "шаҳри некаъмолон"-ро доштанд, ки меъёру низомҳои баланди ахлоқию ҳуқуқӣ моҳияти ин гуна шаҳрро ифода мекард. Масалан, дар таълимоти ахлоқии мутафаккироне чун Форобӣ ва Насируддини Тўсӣ мушаххасоти ин гуна шаҳру ҷомеаҳо баррасӣ ва шаъну шарафу бешарафиҳои бошандагонашон баҳогузорӣ гардидааст. Форобӣ яке аз чунин шаҳру ҷомеаҳоро "шаҳри фозила" унвон кардааст, ки дар он сокинон ба ҳамдигар ёрӣ расонда, фардҳоро аз рўйи афзалият ва шаъну шарафи инсониашон қадр мекунанд. Ба вуҷуд овардани ин гуна шаҳр орзуест, ки онро донишмандони бузург тўли қарнҳо дар дил парваридаанд.
Ободкориҳое, ки имрўз дар пойтахти давлати тоҷикон ҷараён доранд, тозагию озодагӣ ва зебоиҳои он, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон, ба фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Бошад, ки мо ба ин васила Душанбеи хешро ба шаҳри хирад, ба "шаҳри накўкорон" табдил дода, орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонем.
Мизошоҳрух АСРОРӢ,
номзади илмҳои фалсафа
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин