Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод

Тавре қаблан иттилоъ додем, дирӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи васеи фаъолони пойтахт баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ ба камбудиҳои низоми маориф ва тандурустии шаҳр ишора кард.

Раиси шаҳр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори пойтахт дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, роҳ надодан ба қабули одамони ғайриихтисос дар соҳаи маориф, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва назорати ба таҳсилот ҷалб гардидани хонандагони ҳудуди шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии пойтахт тадбирҳои амалӣ андешанд.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин камбудиҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифати соҳа, такмили сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолиро зикр намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод.
ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин