Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

"КЎҲИ НУР"

"КЎҲИ  НУР"

Дар бораи "Кўҳи нур" (алмоси гаронбаҳо) навиштаанд: аввал аз они яке аз роҷаҳои Ҳинд буд. Баъд аз тасаллути Бобур ва муғулон дар Ҳинд алмос ба хазонаи онон омад ва ҳангоми ҳамлаи Нодиршоҳ ба Ҳинд "Кўҳи нур" бо соири ҷавоҳирот ба ў дода шуд ва ба Эрон омад. Баъд аз қатли Нодиршоҳ Аҳмадхони Абдолӣ ҳарами Нодирро ба ҷои амне расонид, бонуи ҳарам дар изои (подоши) ин хидмат алмосро бад-ў бахшид.
Дар низоъҳои дохилии афғон Аминуддавлахон ба амри Шоҳшуҷоъ, ки чанде баъд кушта шуд, онро бардошта дубора ба Ҳиндустон бурд.
Аминуддавлахон ишқи аҷибе ба ин ҷавоҳир дошт ва бо вуҷуди фақр ва гуруснагӣ онро намефурўхт.
Дар Ровалпиндӣ яке аз туҷҷори инглисӣ ба қаҳр ва иҷбор онро бидуни таъдияи қимат аз чангаш бадар овард ва Инглистон бурда, тақдими тоҷи малика Виктория намуд.
Аминуддавлахон ҳолате шабеҳи ҷунун пайдо карда, ба дунболи он ба Лондон рафт. Вале танҳо иҷоза доданд, ки як бор онро бубинад. Пас ба Ҳиндустон баргашт ва аз ғусса мурд.
Афғонҳо ҳанўз "Кўҳи нур"-ро аз худ медонанд ва онро "Ситораи афғон" лақаб додаанд ва мегўянд: "билахира бояд рўзе ба хазонаи афғон баргардад". Ва он қадар дар ин амр исрор доранд ва онро бовар доранд, ки як вақт ҳайати иъзомӣ, ки аз Афғонистон барои ақди қарордоди сарҳадӣ ба Ҳинд рафта буд, ҳангоми бозгашт яке аз хавонини сарҳадӣ, ки ба истиқболи он ҳайат рафта буд, дар мавқеъи мулоқот қабл аз салом ва аҳволпурсӣ беихтиёр пурсид: "Кўҳи нур"-ро овардед?"
Аз китоби "Мор дар
буткадаи кўҳна"

ИТТИЛООТИ ДЕҲОТӢ АЗ БЕСУТУН
Вақте Роулинс дар Бесутун чўббасте карда буд, то биравад хутути нақшҳои давраи ҳахоманиширо бихонад, аз пирамарде, ки аз он ҳаволӣ мегузашт, пурсид:
- Пирамард, ин тасвирҳо чист? Ў ҷавоб дод:
- Дарвешҳои ришбаланде ҳастанд, ки доранд ба ҳам ангушт мерасонанд!
Аз китоби "Ҳамосаи Кавир"

ШАБХЕЗ БОШ, ТО КОМРАВО БОШӢ
Бузургмеҳр бомдод ба хидмати Хусрави Анўшервон шитофтӣ ва ўро гуфтӣ: "шабхез бош, то комраво бошӣ!"
Хусрав ба сабаби ин калима мутаассир ва мутағаййир гаштӣ ва ин маънӣ чун сарзаниш донистӣ.
Як рўз чокаронро бифармуд, то ба вақти субҳе мутанаккирвор бар вай зананд ва бе осебе, ки расонанд, ҷомаи ў бистонанд. Чокарон он бозӣ дар пардаи шаб бо Бузургмеҳр намуданд.
Ў бозгашт ва ҷомаи дигар бипўшид. Чун ба ҳузури ҳазрат омад, бар хилофи авқоти гузашта бегоҳ шуда буд. Хусрав пурсид: "мўҷиби дер омаданат чист?"
Гуфт: "меомадам, дуздон бар ман афтоданд ва ҷомаи ман бибурданд, ба тартиби ҷомаи дигар машғул шудам".
Хусрав гуфт: "на ҳар рўз насиҳати ту ин буд, ки "шабхез бош, то комраво бошӣ!"? Пас ин офат ба ту ҳам аз шаб чизе расид?"
Бузургмеҳр бар иртиҳолӣ ҷавоб дод, ки "шабхез дуздон буданд, ки пеш аз ман бархостанд, то коми эшон раво шуд!"
Хусрав аз бадоҳати гуфтори басавод ва ҳусни ҷавоби ў хиҷил ва мулзам гашт.
Аз китоби "Амсол ва ҳикам"

КАШФИ НЕРЎИ ҶОЗИБАИ ЗАМИН
Рўзе Нютон танҳо ва мутафаккир пои дарахти себе нишаста буд, ногаҳон себе аз дарахт ҷудо шуд ва бар сари ў афтод. Нютон дар андеша фурў рафт ва аз худаш пурсид: "на парандае мўҷиби суқути себ шуду на боде вазид. Пас чаро себ афтод?".
Ин фикр рўзҳо ўро ба худ машғул дошт, то оқибат пай ба вуҷуди қувваи ҷозибаи Замин бурд ва рози афтодани себро кашф кард. Нютон то зинда буд, ин дарахти себро дўст медошт ва аз диданаш ба ёди ифтихоре, ки насибаш шуда буд, лаззат мебурд.
Ин дарахт то наваду нўҳ сол пас аз марги Нютон бар пой буд. Дар ин сол тўфоне онро шикаст. Донишандони англисӣ аз чўбаш сандалии бузурге дуруст карда, ба ёди Нютон дар яке аз музейҳои илмии Лондон нигаҳ доштанд, ки ҳанўз ҳам баҷост.
Нютон дар соли 1727 милодӣ дар сини ҳаштоду
панҷсолагӣ даргузашт. Ин марди бузург доим дар пайи кашфу таҳқиқи масоили илмӣ буд ва аз ин кор хаставу ғофил намешуд.
Нютон дар яке аз шабҳои соли 1692 барои ба ҷо овардани маросими мазҳабӣ ба калисо рафт, иттифоқан ёдаш рафта буд, чароғашро хомўш кунад. Дар ин ҳангом сагаш вориди утоқ шуд ва чароғро аз рўи миз андохту оташ шўълавар шуд. Ва чун касе дар хона набуд, ки оташро хомўш кунад, китобҳо ва коғазҳои Нютон ҳама дар оташ сўхт. Ва чун худаш аз калисо баргашт, девонавор ба хомўш кардани оташ пардохт ва вақте забонаҳои оташ фурў нишаст, он вақт Нютон фаҳмид, ки қисмати бештари ёддоштҳои илмии ў тўъмаи оташ шудааст ва аз шиддати андўҳ машоирашро (ҳавосашро) аз даст дод.
Аз маҷаллаи "Донишомўз"
ТАФОҲУМ
Дар соли 1963 Хрушёв, нахустмуншии Шўравӣ аз намоишгоҳи ҳунари шўравӣ, ки дар Маскав ташкил шуда буд, боздид кард. Аммо пас аз ин боздид ба шиддати бесобиқае ҳунари нав ва ҳунармандони навпардозро мавриди ҳамла қарор дод. Вай дар бахше аз изҳороти худ гуфт: "бояд мутазаккир шавам, вақте ки дар Ингилистон будам, бо оқои Эдан тафоҳуме ба даст овардем. Эдан таблуе аз як ҳунарманди абстракткаши муосирро ба ман нишон дод ва пурсид: "оё аз он таблу хушам меояд?" Гуфтам, ки инро дарк намекунам. Эдан гуфт, ки ў ҳам дарк намекунад. Сипас пурсид, ки дар бораи Пикассо чӣ фикр мекунам? Гуфтам, ки онро дарк намекунам. Эдан гуфт, ки ў ҳам Пикассоро дарк намекунад!"
Ба ин тартиб ду раҳбар - яке аз ўрдугоҳи коммунистӣ ва дигаре аз ўрдугоҳи капиталистӣ лоақал дар як чиз воқеан ба тафоҳум расиданд.
Аз маҷаллаи "Хонданиҳо"

ШИША ДАР БАҒАЛИ САНГ
Замоне ки Оғомуҳаммадхони Қоҷор лашкар ба Қарабоғ кашида буд, хони Қарабоғ дар қасабае ба номи "Шиша" мутаҳассин гардид ва дар он ҷо ба кандани сангар пардохт ва ёрони худро ба дифоъ гумошт. Шоҳи Қоҷор барои ў пайғом фиристод, ки бо он иддаи қалил тавони мубориза бо ўро надорад ва ҳатто ўро ба зарбатҳои сангпораҳои манҷаниқ таҳдид кард ва пайғом дод, ки бо ин ҳама чӣ гуна метавонӣ шаҳре монанди шишаро аз ман нигоҳ дорӣ? Мулло Воқиф, ки шоири хони Қарабоғ буд, ин шеърро дар ҷавоби шоҳи Қоҷор навишт:
Гар нигаҳдори ман он аст, ки медонам.
Шишаро дар бағали санг нигаҳ медорад.
Аз китоби "Ҳазору як ҳикоят"

ЧОРААНДЕШИИ ЛУҚМОН
Замоне ки Луқмон ғулом буд, хоҷааш барои тафреҳ аз шаҳри Байтулмуқаддас берун рафт ва дар канори рўдхонае фуруд омад. Дар ҳоли мастӣ бо ёронаш ба қимор машғул шуд ва дар бозӣ мағлуб ва мақҳур гардид ва чун шарт баста шуда буд, ки ҳар кӣ бохт, ё бояд ниме аз молашро ба дўстон вогузорад, ё оби рўдхонаро биёшомад. Чун ба ҳуш омад донист, ки дар шарт хато кардааст. Аз ёрон мўҳлат хост ва ҳузури Луқмон шитофт ва аз ў чора хост. Луқмон фармуд: "дар сурате тааҳҳуд кунӣ, дигар лаб ба шароб набарӣ, чора мекунам". Хоҷа қавл дод. Бомдод бо хоҷа ба тарафи рўдхона рафт ва ба ёрони ў гуфт: "сарчашмаи обро бубандед, то хоҷаи ман обӣ мавҷуд дар рўдхонаро ҳамон тавр ки шарт карда, биёшоманд".
Ёрон аз анҷоми он кор фурў монданд ва хоҷа аз амали қабеҳи худ тавба кард.
Аз китоби Ҳусайн Ансориён "Луқмони Ҳаким"
Таҳияи Зарёб АМИНӢ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин