Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

ҶОНФИДО

Як зани муштипаре буд, мисли ҳазорон нафар модарони фидокори тоҷик. Бо амри тақдир шавҳараш бармаҳал аз дунё гузашт. Тарбияи се нафар фарзанди хурдсол, ду писар ва як духтар ба души ў монд. Онҳо бо мурури вақт калон шуданд, ба воя расиданд ва замоне омад, ки писари калонӣ азми Русия намуд, ба муҳоҷират бираваду он ҷо кор карда, минбаъд бори сангини модарро дар таъмини хонавода ба қадри ҳол сабук гардонад. Ҳамин тавр, модар бо оби дида фарзандро то маркази ноҳия гусел кард.
Дар Русия писар бо корхонае ба мўҳлати се сол қарордод баст. Аз ҳамин рў вай дар ин муддат натавонист ба дидори модару фарзандони падараш бирасад. Бо гузашти вақт се сол сипарӣ шуд.Ў шабе ба модараш занг зада, хабар дод, ки ба Душанбе парвоз дорад ва ўро соати нўҳи пагоҳӣ дар фурудгоҳ интизор бошанд. Модар аз ин суханони писар боѓ-боѓ шукуфт ва аз чашмони хастаи ў ашки шодӣ ҷорӣ шуд.
Модар ду фарзанди дигарашро бо худ гирифта, як соат пеш аз фурудоии самолёт дар фурудгоҳ ҳозир шуд. Оқибат писари калонӣ қифҳои калон дар даст аз золи интизории фурудгоҳ берун шуд. Модару бародарон бо дав ба сўи ў шитофта, ўро сахт ба оѓуш гирифтанд. Модар писарро мебусиду ашк мерехт, ашк мерехту мебусид ва ҳеҷ бовариаш намеомад, ки дар назди ў на он писараки шармгини лоѓарандомаш, ки аз суханпардозиҳои духтарони деҳа суп-сурх шуда, чӣ ҷавоб доданашро намедонист, балки ҷавони қадбаланди тануманде истодааст. Хурсандии модар ҳаду канор надошт. Ў дар ин лаҳзаҳо шукронаи он мекард, ки писараш соқу саломат ба Ватан, ба назди ў баргашт.
Баъди дидорбинӣ модар ба фарзандаш гуфт, ки «Писарам , туро бояд хонадор кунем. Бо падару модари келини ояндаамон маслиҳатҳои туйро кардем. Барои ҳамин худи ҳозир ба бозори шаҳр рафта, якбора сару пои арусиро ҳам харид мекунем. Аз ҳафтаи дигар дер намонда, туйро гузаронидан лозим.»
Баъди бозорӣ кардан, модар бо фарзандонаш дар яке ошхонаҳои назди кўлҳои пойтахт ноништа мекарданд. Писари калонӣ ба модар гуфт:
« Модарҷон, ман диёрамонро дар ин муддат хеле ёд кардам, ҳатто оби онро пазмон шудам. Иҷозат деҳ, ки рафта дар кўл оббозӣ кунам.» Аммо модар, ки дар сар ташвишҳои дигар дошт, ба ин хоҳиши фарзандаш розӣ нашуд ва ўро даъват кард, ки каме сабр намояд, то пас аз оне, ки ба хона расиданд, чӣ қадаре дилаш мехоҳад, дар канали деҳа шиноварӣ кунад.
Модару фарзандон мошинеро кироя намуда, аз шаҳр сўи деҳа роҳ пеш гирифтанд. Дар роҳ, ки қад-қади он дарёи Панҷ ҷорӣ мешуд, кадом як қисми мошин аз кор монд. Ронанда ба тармими мошин машѓул шуд. Писари аз мусофират баргашта барои обнушӣ ба соҳили дарё фуруд омад.Барои ташнагиашро раф кардан ҷои мувофиқеро интихоб кард. Ба болои санге баромадани шуд. Ҳамин вақт магар ҷараёни об чашмони ҷавонро хира кард, ки пои ў лаѓжиду дарё дар як дам писарро ба коми худ кашид. Ҷавон ҳар қадар, ки кушиш мекард, худро аз маҷрои рўд халос карда наметавонист.Яке аз додаронаш барои имдод худро ба дарё партофт. Аммо ўро низ мавҷи дарё ба коми худ кашид.Баҳри наҷоти бародаронаш хоҳарашон низ худро ба об партофт. Аммо афсўс, ки бародаронро аз коми дарё халос карда натавонист ва худ низ дар як лаҳзае ѓарқ шуд.Модари бечора дигар чӣ кор карданашро надониста, аз ноилоҷӣ заминро чангол задаву ба сараш бод мекунад. Аз рўзи сиёҳи хеш менолад. Аммо чӣ чора?
Модар баро наҷоти ҷигарбандҳояш сўи дарё талош мекунад. Ронанда баъди такудавҳо ва илтимоси зиёде модарро ба мошин савор карда, дарҳои онро қулф мекунад, то ин ки ў низ худро ба дарё напартояд ва бо телефон оиди ин фалокат ба марказ хабар мерасонад.
Аммо аз тақдир ҷои гурез нест. Аз байн як сол мегузарад. Ин на он модари миёнаумри кушодачеҳрае буд, ки аз фарзандони бақадрасидааш меболид, модаре буд, ки ѓаму ноумедиҳо орзуҳояшро шикаста, ўро ба зани солхурдае табдил дода буд. Модар оши худоии ёдбуди фарзандонашро дода, ба ҳамон ҷое меояд, ки ҷигарбандҳояш ѓарқ шуда буданд ва хешро ба коми дарё ҳаво медиҳад. Бе фарзандон зиндагӣ барои модар маънояшро гумм карда буд.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Муқаддасоти модар дар он аст, ки нисбати худ ҷони фарзандонашро азизтару болотар медонист. Аз ин ҷост, ки мо ўро муқаддас мешуморем, дар ҳамаи лаҳзаҳои шириниву талхии ҳаёт номи ўро бо эҳтиром ба забон мегирем.
Оре, модар бузург аст.Бузургиаш на танҳо дар он аст, ки фарзандро ба дунё меорад, ин чунин омўзгори аввалини ў мебошад. Шабу рўз дар орзуи он аст, ки вай боодоб, босавод ва ҳунарманд ба воя расад.Ҳоло ки фарзандаш як-ду сола аст, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Дар синни се-чор солагӣ бошад, тарзи рафтору кирдор ва бо калонсолон муомила карданро нишон медиҳад.
Фарзандони зиёдеро ном гирифтан мумкин аст, ки дар ҷомеа соҳиби эҳтироми умум гашта, сазовори умеду орзуҳои модар гардидаанд. Дар ҳадиси Паёмбарамон (дуруд бар ў) омадааст: «Биҳишт дар зери қадами модарон аст». Ҳаким Низомӣ ин ҳадисро чунин ба назм даровардааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Садҳо адибони оламшумули дунё «Модарнома»-и хешро офаридаанд.
Ба забон овардани номи модар сухани нахустини мост, ки ҳеҷ кас бояд онро аз ёд набарорад. Хизмате ба модар намоем, то ў аз мо розӣ бошад.
…Модар, ки ѓарқи кор аст, гумон намекунад, ки ман ўро назорат дорам.Аз сихҳои ялаққоси ҷуробдўзӣ чашм намеканад ва онҳоро бо ангуштони ларзонаш маҳкам дошта, аз миёни ҳалқаҳо мегузаронад. Аз он гўшаи дури ҳуҷра, ки дар он модарам нишастааст, ба ман як гармие мерасад. Ман меболам ва ба сўи ў мешитобам, то насиби як каф дуои модар гардам …
Салим Гадоев - таҳлилгар

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин