Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ АСТ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 «Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд. Дар робита ба ин мавзуъ сўҳбате доштем бо Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, раиси бахши Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ғафурҷон ҶЎРАЕВ
-Устод, аслан гирем аз оғози солҳои истиқлолияти давлатӣ инҷониб роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи эҳё ва рушду тараққиёти ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷўҳи хоса дода мешавад. Дар ин раванд эълон гардидани Соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чи гуна арзёбӣ мекунед?
-Албатта, дар Паёмҳои гузаштаи Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон низ ба масъалаи рушду пешрафти ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷўҳ равона мегардид. Лекин дар Паёми навбатӣ эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хусусан барои мо аҳли фарҳангу ҳунар воқеан ҳам паёми хуш буд. Ин мужда ба аҳли ҳунару фарҳанги мардумӣ барои эҷоди асарҳои нав илҳоми тоза бахшид.
Ҳамзамон, аз пардохти маблағи андоз озод карда шудани ҳунармандон ин худ як дастгирии калон ва назарраси аҳли ҳунар аст, ки барои баланд бардоштани шароити иқтисодии ҳунармандон ва оилаи онҳо мусоидат менамояд.
Ман як нуктаро қайд намудани ҳастам, ки халқи тоҷик аз қадимулайём ҳунарманд буд. Лекин дар таърихи халқи мо давраҳое буданд, ки ҳунарҳои мардумӣ ба гўшаи фаромўшиҳо рафта буданд. Мардум аз ҳунарҳои мардумӣ дур шуданд. Хушбахтона ба туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ҳунарҳои халқии фаромўшшуда аз нав эҳё гардида, рушду нумуъ меёбанд. Аз қабили сўзанидўзӣ, атласу адрасбофӣ ва даҳҳо ҳунарҳои халқии дигар.
Албатта, ҳар як як миллат дар арсаи ҷаҳонӣ бо таърих, фарҳангу ҳунар ва сатҳи маданияти хеш муаррифӣ мегардад. Дар Паёми навбатӣ эълон гардидани «Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба маврид ва ҳам ба мантиқ буд. Аслан сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳам тавъам ҳастанд. Масалан, дар шаҳри Хуџанд Арт-галареяи Сомониён мавҷуд аст, ки дар он бисёр асарҳои ҳунармандони халқӣ ва касбӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Тамошобини бештари ин асарҳо ва маҳсули дасти ҳунармандон дар навбати аввал сайёҳон мебошанд. Ҳар як сайёҳ меҳмонони хориҷие, ки ба Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд меояд, албатта аз ин Арт-галарея дидан мекунанд ва дар навбати худ ба ҳунарҳои мардумии мо баҳои сазовору баланд медиҳанд.
-Яъне, шумо устод таъкид карданӣ ҳастед, ки сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ду соҳаи ба ҳам вобаста мебошанд, ки пешрафту тараққиёти якеро бе таъсири дигаре тасаввур кардан номумкин аст...
- Бале, дар ҳақиқат чунин аст. Ман боварии комил дорам, ки имсол ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст ин соҳаҳои ба ҳам тавъам якмаром рушду тараққӣ меёбанд. Ба ин васила шумораи сайҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, боз ҳам меафзояд. Дигар ин ки ба туфайли аз пардохти андоз озод карда шудани ҳунармандон он ҳунарҳои фаромўшшудаи мардумӣ аз нав эҳё мешаванд.
- Устод, шумо, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба шогирдон ҳунар меомўзонед таваҷҷўҳи ҷавононро ба омўзиши ҳунарҳои мардумии мо чи гуна арзёбӣ мекунед?
- Боиси хушнудист, ки имрўз насли наврасу ҷавонон ба ҳунарҳои мардумии мо таваҷҷўҳи хоса дошта, бо шавқу завқи беандоза зиёд ҳунарҳои гуногуни халқиамонро меомўзанд.
Мо бояд фаромўш насозем, ки гузаштагони мо бо вуҷуди касбу кори муайян доштан, ҳатман ба ин ё он ҳунарҳои гуногуни халқиамон шуғл меварзиданд. Аз қабили бофандагӣ, дўзандагӣ, кулолгарӣ ва чанде дигар.
- Ҳатто маҳаллаҳоро бо ин ё он ҳунарҳои мардумӣ ном мебурданд...
- Масалан, дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаҳое ҳастанд бо номи Кулолгарон, Читгарон, Танўрсозон, Зингарон, ки аз қадимулайём мондаанд.
- Ин гувоҳи он аст, ки дар ҳамин маҳаллаҳо на як-ду нафар, балки чанд оила ба ҳамин ҳунарҳо машғул будаанд ва сарчашмаи таъминоти оилаашон низ аз ҳамин ҳунарҳо будааст.
- Албатта, ин барои дода нашудани насли наврасу ҷавонон ба ҳар гуна шуғлҳои нолозим ва баланд бардоштани шуури эстетикии онҳо аҳамияти калон дошт. Боварии комил дорам, ки эълон гардидани «Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» анъанаҳои неки мардуми моро дар ин ҷода эҳёву поянда месозад ва ба пешрафту тараққиёти боз ҳам назарраси соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳам ҳунармандӣ мусоидат менамояд.
- Устод, ташаккур барои сўҳбат.

Сўҳбаторо Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,
хабарнигори «Ваҳдат» дар вилояти Суғд

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин