Намоишу фурўши ниҳол
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Намоишу фурўши ниҳол
Дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Бояд таъкид намуд, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ҳамасола бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ, об

одонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида мешавад. Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ қариб 800 ҳазор бех ниҳолҳои гуногунро аз қабили себ, нок, зардолу, шафтолу, анор, хурмо, бодом, чормағз, тут ва гелосро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуд.
Тоҳирҷон Искандарзода,
мухбири «Ваҳдат»