Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

Дар «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан доир гардид

Дар «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан доир гардид
Имрӯз, 3 феврали соли равон дар «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки намоиши мазкур тибқи нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 гузаронида мешавад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоиш-фурӯши мазкур инчунин кӯчати гулу буттаҳо ва тухмии зироати кишоварзӣ манзури сокинон гардонида мешавад.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Тавре мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода зимни суханронӣ иброз дошт, намоиши имрӯза идомаи ҷашни Сада буда, он аз гузаштагон ба мо мерос омадааст. Имрӯз низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди боғу токзор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул ва мавриди амал қарор дорад. Ҳар сол дар ин айём бо ибтикор ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат маъракаи шинонидани гулу ниҳол шуруъ мешавад ва саросари кишварро фаро мегирад.
Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Розиқов иброз дошт, ки ниҳолпарварӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, ин раванд дар қаламрави ҷумҳурӣ бовусъат идома дорад. Шинондани дарахт амри хайр буда, сабаби боз ҳам сарсабзу обод гардидани сарзамини Тоҷикистон мегардад.
«Имрӯз Хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар ин намоиш- фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ иштирок намуда, зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, нок, биҳӣ, бодом, чормағз, анор, анҷир ва дигар ниҳолҳои ороишиву сояафканро пешкаши харидорон намуд. Хоҷагии мо ҳамасола дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзии мамлакат зиёда аз 300 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаро ба фурӯш омода менамояд. Дар ин ҷода хоҷагии мо тасмим гирифт, ки дар ин намоиш – фурӯши ниҳолҳо зиёда аз 20 намуди ниҳолҳоро пешкаши харидорон гардонад»,- гуфт Далер Розиқов.
Дар намоиш-фурӯши ниҳолҳо 14 хоҷагии ниҳолпарвари Вазорати кишоварзӣ ва дигар зерташкилотҳои соҳавӣ маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳамчунин олимону мутахассисони соҳа доир ба тарзи дуруст шинонидани ниҳол, ба шакл даровардан, нурӣ ворид намудану нарм кардани атрофи он, шудгори байни қаторҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашароти зараррасон ва барқароркунии боғҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба кишоварзону боғпарварон тавсияҳои судманд манзур намуданд.
Бояд гуфт, ки фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан ва кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ то ба итмом расидани давраи ниҳолшинонӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ идома меёбад. Кишоварзон ва боғпарварон метавонанд бо нархҳои дастрас аз он харидорӣ намоянд.
ДУШАНБЕ, 03.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин