Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРЎЗ

САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРЎЗ

Ҷашни Cада яке аз бузургтарин суннатҳои волои мардумони ориёитабор маҳсуб мешавад. Пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ, бо рўзгори қадимаи ин мардумон пайванди ногусастанӣ дорад. Маъхазҳои адабии таърихӣ ва манбаъҳои бостонӣ собит месозанд, ки ҷашни Сада дар даврони ибтидоии ҷамъияти инсонӣ дар байни қавму қабоили мардумони эронитабор, ки ба корҳои зироатдорӣ барвақт шуғл варзидаанд, пайдо шудааст.
Тибқи иттилои Муҳаммади Наршахӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Байҳақӣ, Маҳмуди Гардезӣ ва дигарон, аз қадимулайём ҷашни Сада дар даҳумин рўзи моҳи баҳмани солшумории хуршедӣ таҷлил мегардидааст, ки тибқи тақвими мелодӣ баргузории он ба рўзҳои 30-31-уми январ баробар аст. Аз рўи иттилои гоҳшуморҳо ҷашни Сада ба муносибати "аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед" ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст, ки ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рўзи зимистонӣ ба амал меояд.
Аз рўи гуфтаи Абўрайҳони Берунӣ, инсонҳо гўё ҷашни Садаро ба муносибати "аз дўзах ба рўи олам баромадани зимистон" оташ афрўхта, ҷашн мегирифтаанд. Дар ин ҷашн моддаҳои хушбўйро бухор мекардаанд, ки зимистон ба хубӣ сипарӣ гардад ва ба мардум осебу зиёне нарасад.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада сароғоз аз ҳаким Фирдавсӣ як идда шуарову уламо ибрози назар намудаанд. Аз рўи иттилои Абулқосими Фирдавсӣ, пайдоиши оташ ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг иртибот дорад. Дар устураи Ҳушанг кашфи оташ, зарурати мардумро ба оташ ва равшанӣ мушоҳида менамоем. Ҳушанг дар шикор бо ҳамроҳонаш мори сиёҳи бузургеро бар сари роҳ мебинад. Ў сангеро гирифта бошиддат ба сўи мор партоб карда, онро аз байн бурдан мехоҳад. Санги ба ҷониби мор партофтаи Ҳушанг кора намекунад ва ба санги дигар бармехўрад. Аз сангҳо шарора бархоста, хору хаси хушки атроф оташ мегиранд. Мор мегурезад, шоҳ ва ҳамроҳонаш дар атрофи оташ бо тааҷҷубу ҳайрат бо ҷашну сурур то ҳангоми шаб давра нишаста, намегузоранд, ки он хомўш шавад.
Аз он замон ин ҷашнро Сада ном ниҳода, дар ҳамин ҳангом ҳар сол ба посдории оташ ҷашн барпо мекунанд ва онро падидаву ҳадяи ҳурмуздӣ дониста, қиблаи хеш қарор медиҳанд. Дар ин бора Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" гуфтааст:
Яке рўз шоҳи ҷаҳон сўйи кўҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурўҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зўри каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсўз мор аз ҷаҳонҷўй ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст гурд.
Фурўғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурўғ озаранг…
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.
Бояд тазаккур дод, ки Сада вожаи форсии тоҷикӣ аст. Дар форсии миёна, форсии бостон ва Авесто вожаи "сат" ба маънии "сад" яъне адади "сад" корбаст шудааст.
Абўрайҳони Берўнӣ дар "Ат-тафҳим" роҷеъ ба Сада номида шудани ин ҷашн чунин ибрози назар кардааст: "Ва аммо чунон аст, ки аз он (ҷашни Сада) то Наврўз панҷоҳ рўз аст ва панҷоҳ шаб". Яъне бист рўз аз моҳи Баҳман ва сӣ рўз аз моҳи Исфанд, ки панҷоҳ шабонарўз, якҷо панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз, ба сад баробар мешавад. Дар ин бора Манучеҳрии Домғонӣ чунин овардааст:
…Ва нек биёмадаст ба панҷоҳ рўз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврўзу навбаҳор…
Бегумон иллати аслии пайдоиши ҷашни Сада падид омадан ва кашфи оташ аст. Башорати дигари ривоятии пайдоиши ҷашни Сада ба шахсони таърихӣ нисбат додани он мебошад. Дар ин бора дар ашъори шуарои мутаққадим бисёр ишораҳо ба назар мерасанд. Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро хотирнишон сохтааст:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад…
Дар баъзе ривоятҳои устуравӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ў нисбат медиҳанд. Заҳҳок, ки шоҳи ҷоҳил ва одамхўр буд, ҳар рўз барои морони ў ду нафар шахсони бегуноҳро қатл намуда, аз мағзи сари онҳо барои моронаш ғизо таҳия мекарданд. Армоил, вазири Беварасп - Заҳҳок яке аз ин одамонро дар кўҳи Дамованд пинҳон карда, ба ҷойи онҳо гўсфандеро кушта, аз мағзи сари он ба морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро нобуд кард ва бар тахт нишаст, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Ў қазияро ба шоҳ баён кард. Барои рост будани гуфтаҳои Армоил шахсони аз марг наҷотёфтаи ў шабонгоҳон ҳар кадоме дар кўҳи Дамованд оташ афрўхтанд, ки ҳисоби онҳо ба сад мерасид. Ҳамин тавр, ба сабаби аз марг наҷот ёфтани сад нафар одамони бегуноҳ ҷашне баргузор намудани Фаридун ва номи онро Сада гузоштан, ба расмият даромадани онро манбаъҳои адабии таърихӣ собит сохтаанд.
Мувофиқи иттилои Ибни Мискавайҳ ҷиҳати баргузории ҷашни Сада шоҳони эронитабор дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онҳоро бо тасмаҳои оҳанин мебастанд. Дар болои онҳо зоғ ва ҳар гуна парандаҳоро аз пояшон баста мемонданд. Дар пой ва нўлҳои парандагон чормағзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо ресмоне ба пойҳову гардани парандагон овезон менамуданд. Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт, ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурўзон мекарданд. Чормағзҳоро даргиронда, парандагонро раҳо медоданд. Шаби тор мисли рўз равшан мегардид. Қалби ширкатварзидагони ҷашнро ҳаяҷону фараҳу шодӣ фаро мегирифт.
Унсурӣ шаби ҷашни Садаро мисли кўҳи Тури афсонавӣ равшан ва чун шарораи оташи Намруд тафсон тасвир намудааст. Гўё аз тафси шаби Сада мавҷи рўд месўхтааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин ин шаб ту гўӣ кўҳи Тур аст,
К-аз ў нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рўз аст, шаб хондан набояд,
В-агар шаб рўз шуд, худ рўзгор аст.
Гар аз асли зимистон аст Баҳман,
Чаро ин шаб ҷаҳон чун лолазор аст?!
Ҷашни Сада то ҳамлаи муғул ва ба сари қудрат нишастани шоҳони бегонанажод дар дарбор ва байни халқ чун ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон бо анъаноти деринаи ориёӣ таҷлил мегардид. Султон Маҳмуд ва писараш Масъуд, ки диндорони мутаассиб буданд, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани дини Ислом бисёр анъанаҳо ва суннатҳои бостонии мардумони орёиро манъ карда буданд, ки яке аз онҳо ҷашни Сада мебошад.
Аслан оташро орёиҳо таҷаллигоҳи Худованд мешумориданд. Нур, оташ, хуршед таҷаллии Худованд аст. Нур мояи рўзгору зиндагӣ маҳсуб мешавад. Ориёиҳо оташро гавҳари зиндагӣ, ишқу таҷаллигоҳи рўзгор донистаанд. Торикӣ маҳзари Аҳриман ҳисоб мешуд. Ҳангоме ки оташро фурўзон мекарданд, ё чароғро равшан менамуданд, торикӣ ва Аҳриман фурсати амал наёфта, фирор мекардааст.
Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардумони Варорўд онро бо номҳои дигар чун: ҷашни "Ҳут", "Чаҳоршанбеи охирон", "Чаҳоршанбеи сурӣ", "Аловпарак" ва "Оташафрўз" таҷлил менамоянд. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба оташ беэътиноӣ намекунанд. Нур ва оташ яке аз муқаддасоти мардумони ориёӣ аст. Ҳамин тавр, ҷашни Сада муждадиҳандаи Наврўз арзёбӣ гардидааст. Дар ин бора дар осори шоирони мутақаддим ишораҳои зиёде рафтааст.
Рўзӣ АҲМАД,
номзади илмҳои филология

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин