Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ОБҲОИ МУСАФФО

ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ОБҲОИ МУСАФФО

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Пешвои миллат як рўйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кору пайкори нав ба нав ҳидоят менамояд. Аммо онро чӣ гуна амалӣ кунонидан ва ба самъи шунаванда, бинанда, хонанда расонидан аз ҷониби устодон, воқеан дониши гуногуни ҷамъиятӣ ва амалӣ талаб менамояд. Чун атфол химчаеро мемонад, ки онро ба ҳар куҷое моил бикунед, ба ҳамон сўй майл менамояд.
Аввалтар аз ҳама, бояд ба самъи талаба расонид, ки чӣ зарурате ба вуҷуд омада, ки Пешвои миллат дар Паёми худ перомуни об сухан менамояд ва чаро "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид матраҳ гардид ва он ба кишвар чӣ медиҳад ва миллатро ба куҷо роҳнамоӣ мекунад.
Омўзгор метавонад дар дарс суханҳои Президенти кишвар доир ба тағйирёбии иқлимро оварад ва бевосита дар бораи он сухан намуда, дар ин раванд бо истифода аз сайтҳои интернетӣ ва гуфтаи олимони табиатшинос, экологҳо ва ҷомеашиносон порчаҳоеро ба талабагон пешниҳод намояд, ки онҳо бо ин роҳ метавонанд гуфтаҳои Сарвари кишварро хубтару беҳтар дарк намоянд. Ҳамзамон, ин кор амалан исботи гуфтаҳои Роҳбари давлат мегардад ва дар баробари ин, хеле содда талаба ба гуфтаҳои Сарвари кишвар сарфаҳм меравад, ки ин худ бурди асосии устод мегардад ва дарсро аз нигоҳи кишваршиносӣ шавқовар менамояд.
Дар ин раванд талаба, ба ғайр аз суханҳои Президенти кишвар метавонад тавассути устод аз кишварҳое, ки як замон шодоб буданду дар натиҷаи тағйири иқлим имрўз ба биёбон табдил ёфтаанд, мисли Саҳрои Кабир, Автсралия, Миср, як қисмати Африқо ва Амрико, қисматҳо ва мавзеъҳои биёбонии қитъаи Осиё маълумот бигирад. Албатта, дар ин раванд, дониши фаррохи устод зарур аст ва ў тағйирёбии иқлимро бояд бо сабабу мадрак ба талаба пешниҳод намуда тавонад. Дар бораи пешравии илму техника ва таъсири он ба табиат метавонад, суханҳои пурмўҳтавои саррвари кишварро ба самъи талабагон расонида, дар ин баробар, неъмати ноёб будани обро, ки алҳол дар кишвари мо арзонист, бо истифода аз сурат, аксҳои рўдхонаҳои бузургу хурд, ки дорои оби ширини нўшиданианд, матраҳ намояд. Ва ба талаба ҳушдор бидиҳад, ки ин неъмати табиат дар ҳама ҷо фаровону арзон нест ва дар ин ҳолат ҳам дар ҷустуҷўи оби ошомиданӣ будани як қатор кишварҳоро бозгў намуда, онҳоро аз харита ва аксҳо нишон бидиҳад ва бо ин роҳ мушкилоти асосии оби ошомиданиро дар замин баён намуда, тозаву озода, боэҳтиёт истифода бурдани онро ҳам бо сухан ва ҳам аксҳо ва намоҳои интернетӣ, ки устод пеш аз дарс гузаштан аз интернет дастрас намудааст, тавассути кампютерҳо ва ё тахтаҳои электронӣ нишон дода, сухани Президенти кишварро тақвият бахшад.
Ташаббусҳои Пешвои миллатро ташаббуси ҳамаи тоҷикистониён ба талаба нишон дода, дар ин ҷода, ўро низ шарики Сарвари кишвар намояд, ки ин раванд таваҷҷўҳи талабаро бемуҳобо, ба худ мекашад. Дар ин ҳолат, танҳо овардани иқтибоси зерин дар тахтаи электронӣ ва агар он нест, тавассути кампютер ва синфи компютерӣ, ки талабагон дар паси кампютерҳо нишастаанд ва кампютерҳо аз як нукта идора мешавад, иқтибосро пешниҳод намоем, вақтро сарфа менамоем. Агар капютерҳо ба нуктаи ягона пайваст набошанд, фаҳмонд то ҳамагон аз сомонои Президенти кишвар аз паёми имсола иқтибоси зеринро ёфта онро нусхабардорӣ намоянд ва дар файле, ки онро худашон сохтаанд гузоранд ва бодиққат хонанд: "Ба кор андохтани агрегати якуми нерўгоҳи барқи обии "Роғун", яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад". Пас аз иқтибос шумо вазифа супоред, ки нерўгоҳи барқи обии "Роғун" ба об чӣ ҳамбастагӣ дорад? Бубенед, талабагон дар бораи ин иншоот ва ҳамбастагии он бо об чӣ чизҳоро пешкаш карда метавонанд?
Масалан, агар шумо дар масоили "об ва фаровонӣ" сухан намуданӣ бошед, бевосита ин гуфтаи академик Бобоҷон Ғафуровро истифода намуданатон мумкин аст: "Аз таҳлили суратҳои тангаҳои кушонӣ ҳам дар бораи зардуштияи бохтарӣ мадраке гирифтан мумкин аст. Дар он ҷо бисёр номи худоён ҳастанд, ки ба шакли хоси забони бохтарии қадим навишта шудаанд: Орамаздо-Ҳурмузд, Миҳро-Митра, Мао-Маҳо (худои моҳ), Фарро-Фарна (худои фаравонӣ ва бахти шоҳ), Орлагно-Вэрэтрағна (худои ғалаба), Нана-Нанаи (худои ҳосил) ва ғайра". Дар ин росто шумо бояд аз худоёни бостоние низ ёдовар гардед, ки номи маҳаллии бохтарӣ доранд - мисли Охшо ё Оахшо. Шубҳае нест, ки ин вожа аз вожаи эронии бостонӣ "Вахшу" бармеояд. Ба забони "Авасто" "вахш"-"гапи гуфта" мебошад (ин ҷо бояд истилоҳи техникӣ будани онро ба талаба фаҳмонед), дар баробари ин аз забони суғдӣ, ки забони ҳамсояи бохтариён аст истифода намуда, ба маънии "логос" омадани ин вожаро бояд гўед ва пас аз ин аз забони бостонии форсӣ берун мегардед ва калимаро дар забонҳои форсии миёна шарҳ медиҳед. Дар забонҳои форсии миёна боз ҳамон "рўҳ"-ро ифода менамояд, ки он баъзан ба "оби ҷорӣ" алоқаманд мебошад. Дар маъхазҳои ҳиндӣ "Вахшу" гуфта, Амударё дар назар аст, ки онро юнониён бо номи Оксус медонистаанд. Дар санге, ки дар осорхонаи шаҳри Калкаттаи Ҳинд онро бостоншиносон аз зеои хок дарёфтаанд он дар шакли дўо пешкаш гаштааст: "Вахш худои яккаву ягона"". Тасаввуроти худо будани "Вахш" дар Осиёи Миёна то асрҳои миёна пойдор монда будааст Дар аввали асри ёздаҳ донишманди тоҷик Абўрайҳони Берунӣ дар китоби худ "Осору-л-боқия" хабар медиҳад, ки "Вахш" номи малакест назири дарё, аз ҷумла рўди Ҷайҳун" (ин ҷо шумо бояд китобро ҳамчун мадрак истифода намуда, онро ба талаба нишон бидеҳед, китоб бо хатти сирилик нашр шудааст).
Дар давраи сонитари асрҳои миёна ва дар рўзҳои мо номи бостонии Амударё фақат дар як шохоби Панҷи Амударё, яъне фақат дар номи дарёи "Вахш" боқӣ мондааст.
Рухшона ГУЛБОЕВА,
омўзгори фанни таърихи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и шаҳри Душанбе

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин