Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:02 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд 
  • 07:12 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд 

2019-2021: Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

2019-2021: Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ПАРЧАМИ 15-МЕТРАИ ФАЙЗРЕЗ
Деҳаи Файзрез дар доманаи адирҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, аз маркази ҷамоат тақрибан 6-7 километр, болотар аз деҳаи Тангаӣ ҷойгир аст. Деҳа чандон бузургу сераҳолӣ нест, дар ин ҷо қариб дусад хоҷагӣ, бештар аз ҳазор нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Симои деҳа мисли аксари деҳаҳои доманакўҳ ба назар мерасад, чандон ободу пешрафта ҳам нест. Ғайр аз кўчаи марказӣ, дигар ҳамаи кўчаҳояш хокию сангпўш аст. Сокинонаш ба зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ машғуланд. Як қисми онҳо, асосан ҷавонмардону духтарон, ба маркази шаҳр, пойтахт ва муҳоҷират рафта, кор мекунанд.
Умуман, чунин аст симои зоҳирии деҳаи Файзрез. Вале чун ба деҳа омадем, пеш аз ҳама, диққати моро ду чиз ба худ кашид. Дар наздикии таълимгоҳи деҳа, дар ду бари варзишгоҳ, болои пояи тақрибан 10-метра номи деҳа бо фурўзонакҳо ва болои пояи дигари 15-метра парчаму тоҷ бо фурўзонакҳо меистоданд ва шабона номи деҳаю тоҷ нурпошӣ менамудаанд. Бунёди парчаму тоҷ худ баёнгари маърифату ҷаҳонбинӣ, фарҳанг, худшиносию ифтихори ватандории аҳли деҳро ифода мекунад. Чун бо раиси маҳалла, ҷавонмарди дидадарою ташкилотчӣ ва бунёдкору ободгар Қурбоналӣ Бобоев ҳамсуҳбат гаштем, бароямон боз равшан гардид, ки ў панҷ сол мешавад раисии маҳалларо ба уҳда дорад. Дар ин муддат ў тавонист, ки мардуми деҳ, хусусан ҷавононро ба муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят карда, пайи ободонии зодгоҳашон даъват намояд. Ҳамин буд, ки бо кўмаки саховатпешаҳо барои ҷавонон дар байни деҳа майдони бекорхобидаи холиеро тахту ҳамвор карда, варзишгоҳ бунёд сохта, онро чароғон ҳам карданд. Сипас, соли гузашта бо маблағи аҳолии деҳ бо роҳи ҳашар барои фарзандонашон дар паҳлўи бинои мактаб се синфхона ва муаллимхона сохтанд. Ин имкон дод, ки муассисаи таълимии рақами 83-и деҳа аз 9-сола ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шавад.
-Бо мақсади ободонии деҳа, - мегўяд раиси маҳалла Қурбоналӣ Бобоев,-ва дастгирӣ аз иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон кардаанд, як километр роҳи дохили деҳаро шағалпўш кардем. Барои таъмири се километри боқимондаи роҳҳо ва шинондани ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда кўшиш карда истодаем. Мехоҳем дар давоми ин солҳо деҳаамон ба куллӣ симояшро дигар карда, ободу зебою диданӣ гардад.
Дар ҳақиқат, бо чунин мардуми аҳлу иттифоқ ба ҳама гуна ободонию пешравӣ ноил шудан мумкин аст

ДЎСТӢ: Соҳибкорони Суғду
Фарғона ҳамкорӣ хоҳанд кард
Бино ба иттилоъи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ҳафтаи гузашта гурўҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Шўҳрат Ғаниев ҷиҳати иштирок дар вохўрии соҳибкорони вилоятҳои Суғду Фарғона ба шаҳри Конибодом ташриф овард.
Вохўрии соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Кохи фароғатии "Шоҳона" - и шаҳри Конибодом баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ин ду вилояти бо ҳам дўсту ҳамсоя, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.
Вохўриро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, аз тавсеа ва густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвари дўст, ки дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бармеоянд, ҳарф зад. Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии хеш аз таҳкими ҳамкориҳои судманди минтақавӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки вилоятҳои Суғду Фарғона аз қадим бо ҳам робитаҳои устувори ҳамҷаворӣ доштанд ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони кишварҳо ин равобит густариши тоза касб менамояд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд маълумот дода, аз имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф изҳори назар намуд. Ҳокими вилояти Фарғона Шўҳрат Ғаниев низ суханронӣ намуда, дар боби дўстию ҳамкорӣ ва рафоқати мардуми тоҷику ўзбек ҳарф зад. Таъкид карда шуд, ки маҳз, иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳоямон буд, ки имрўз ҳамкориҳо, муҳимтар аз ҳама дўстиву рафоқати мардум таҳким меёбад.
Дар вохўрии мазкур роҳбарони корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилоятҳо иштирок намуда, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд. Баъди иштирок дар вохўрии доираҳои соҳибкорӣ ҳокими вилояти Фарғона Шўҳрат Ғаниев ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳайати меҳмононро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
М.МАҚСУДОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин