Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

«Ваҳдат поянда бод, Тоҷикистони азиз!»-ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар Қасри фарҳанги шаҳр ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳою манзумаҳо бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ҳамоиш бештар китобҳое пешниҳод гардиданд, ки дар тӯли 20- соли Ваҳдати миллӣ рӯи чоп омада, дар он хизматҳои Пешвои миллат дарҷ ёфтаанд.
Иштирокдорони ҳамоиш атрофи мавзўъҳои «Андешаи миллӣ дар «Шоҳнома» ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Нақши Ваҳдат дар рушди фарҳанги миллӣ» ва «Ваҳдат- наҷотбахши миллат» иброз доштанд, ки дар муддати 20 соли Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дўстию рафоқат мустаҳкам гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум боло рафт. Дар ин давра Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба муваффақиятхои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатӣ сол ба сол қавитар мегарданд.
/АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин