Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

"САДБАРГИ ЗАРРИН" ва тарҷумаи тоҷикии он

Ба наздикӣ маҷаллаи "Садои Шарқ" повести "Садбарги заррин"-и Константин Паустовскийро дар тарҷумаи нависанда Бахтиёри Муртазо ба нашр расонид. Ин асар барои ҳамаи эҷодкорон, ҳамаи онҳое, ки забони модариашон, табиат, Ватан ва одамонро дўст медоранд, басо омўзанда аст. Он на танҳо барои навқаламон, балки ҳатто адибони баркамол ҳам мактаби хуб аст.
Боре устод Гулназар дар як суҳбат бо ман чунин гуфта буданд:
"Вақтҳои охир бехобӣ мекашам, шояд бар асари синну сол бошад. Як маротиба, чун хоб парид, аз рўи одати дерин даст ба ҷевони китобҳои паҳлўи рахти хоб бурда, таваккалан якеашро гирифта, ба хондан даромадам. Вай он қадар маро ба худ кашид, ки дамидани субҳро нафаҳмида мондам. Китобе, ки ман аз он сар бардошта наметавонистам, "Садбарги заррин"-и Константин Георгиевич Паустовский дар тарҷумаи дўстам Бахтиёри Муртазо буд, ки як замон бо ў дар рўзномаи ҷавонон кор мекардем. Чӣ ҷои гап, "Садбарги заррин" - шоҳкорист, китоб барои ҳамаи давру замонҳост. Вале ман ҳамзамон мафтуни забони мутарҷим шудам, зеро тарҷума чунон моҳирона амалӣ гардидааст, ки аз дили ман борҳо гузашт, ки Паустовский ин китобро бо забони тоҷикӣ навистааст. "Садбарги заррин" бо забони ҳайратовар пурғановату услуби олиҷаноб иншо шудааст. Он дар бораи маҳорати нависандагӣ ва асрори эҷодиёт аст. Нигоҳи ғайриодӣ ба офариниши асар ва ҷараёни эҷод- ин аст хулосаи мухтасари муҳтавои китоби мазкури нависандаи барҷастаи рус, ки роману повесту ҳикояҳояш осори классикии адабиёти асри XX маҳсуб мешаванд. Худи муаллифро таҷассуми одамгарӣ ва ҷавонмардии адибона, виҷдони замон мешумурданд".
Ёд дорам, вақте ман ба суханони самимии устод Гулназар гўш медодам, як гуфтаи Темур Зулфиқоров ба хотирам расид: "Тарҷумон айнан ба мисли донор аст, ки хуни худашро ба дигарон мегузаронад.
Ба шарофати тарҷумаи Бахтиёри Муртазо номи нависандаи барҷастаи рус дар Тоҷикистон ҳам шўҳрати бештар ёфт. Дар "Садбарги заррин" чунин суханонро мехонем: "Бузургтарин неъмат, ки ба мо аз даврони бачагӣ мемонад, дарки шоиронаи ҳаёт аст. Инсоне, ки ин неъматро маҳфуз медорад, ё шоир мешавад ё нависанда".
Тарҷума яке аз шаклҳои фаъоли робитаҳои адабист, воситаи муҳимтарини инсонӣ кардани адабиётҳост, заминан пайдоиши иттиҳоди адабист бо номи "Дўстии халқҳо-дўстии адабиётҳо".
Тарҷумаи бадеӣ дар ҳар кишвар бахши таркибии ҷараёни адабиро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти сифат дар радифи асарҳои нависандагони худӣ пазируфта мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам тарҷума анъанаҳои пурқимати дерина дорад. Ба ин тарҷумаҳои олиҷаноби шоҳасарҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ ва муосир, ки солҳои гуногун аз ҷониби Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Ҳабиб Аҳрорӣ, Муҳиддин Аминзода, Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Низом Қосим, Эммануил Муллоқандов, Абдулло Зокир ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Нависанда ва рўзноманигор Бахтиёри Муртазо низ аз зумраи тарҷумонҳои касбист. Зимнан, ў якҷо бо Тойтўра Ботирқулови қирғиз повести "Роҳи каҳкашон"-и Чингиз Айтматовро, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта 90- солагиаш дар Тоҷикистон ҳам васеъ таҷлил гардид, аз забони асл тарҷума кардааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ҳанўз чанд сол муқаддам бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ бо мақсади тағйири осори адибони кишвар ва муаррифии намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳонӣ Маркази тарҷума таъсис ёфта буд.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ "Ховар"
Порае аз китоби "Садбарги заррин"-и Константин Паустовский дар тарҷумаи Бахтиёр Муртазо пешкаши хонандагон мегардад
Максим ГОРКИЙ


Дар бораи Алексей Максимович Горкий ба ҳадде навиштаанд, ки бузургии ў намебуд, хиҷолатзадаи кори худ гашта, даст аз ин шуғл бармедоштем ва ба ҳамаи он навиштаҷоте, ки ба вай бахшидаанд, дигар сатре зам карда намешуд.
Горкий дар ҳаёти ҳар яке аз мо мавқеи муҳимме дорад. Ман ҳатто ба гуфтани он ҷуръат мекунам, ки "эҳсоси Горкий" мавҷуд асту дар зиндагии мо иштироки ҳамвораи вай ҳис мешавад.
Ман дар симои Горкий саропои Русияро мебинам. Он сон ки Русияро бидуни Волга тасаввур карда наметавонам, ҳамчунон андешае надорам, ки дар он Горкий мавҷуд набошад.
Ў вакили мухтори халқи гаронмояи рус буд. Русияро дўст медошту хуб даркаш мекард, чунон ки маъданшиносон гўянд, "қишр андар қишр" ва дар фазою дар вақт медонист. Дар ин мамлакат чизе набуд, ки Горкий бар он эътино накарда ва ба пешаи худ, ба тариқи горкиёна назар накарда бошад.
Шахсе буд, ки даврро муайян менамуд. Аз номи ҳамин қабил одамон, мисли Горкий, оғози солшуморӣ метавон кард.
Ҳангоми шиносоии аввал маро назокати фавқулодаи зоҳириаш мутаҳаййир намуд, ҳарчанд андаке хамидақомат буд ва овози паст дошт. Дар ҳадди камолоти маънавӣ ва инкишоф буд, ки он дам такомулоти ботинӣ ба намуди зоҳирӣ, ба ҳаракат, тариқи такаллум, тарзи либоспўшӣ, алғараз, ба симои одам таъсир мегузорад.
Ин назокату зебоӣ ба қувваи муътамаде пайваста, дар кафи фарох, нигоҳи мудаққиқ, рафтор ва дар кастум, ки онро озод ва, ҳатто, мисли ҳунарпешагон, як навъ ба бепарвоӣ мепўшид, зоҳир мегардид.
Ман ўро аксар дар ҳамин сурат тасаввур мекунам, чунон ки нависандае, ки дар мавзеи Тесселии Қирим ҳамроҳи Горкий зистааст, нақл карда буд.
Боре он қаламкаш сапедадам бедор шуда, назди тиреза омадааст. Дар баҳр тўфони шадиде меғурридааст. Аз самти ҷануб боди шиддатноку тунде вазида, дар боғҳо шўр меангехтааст, боднамоҳоро ба садо меовардааст.
Дар ҳавлии иқоматгоҳи Горкий арари азиме руста буд. Горкий онро арари осмонхарош мегуфт. Ҳамон нависанда дидааст, ки Горкий дар назди арар такя бар асо бурда, сар ба боло афрохтааст ва ба дарахти мўҳташам бодиққат назар афкандааст.
Баргу шохҳои зичи арар аз таъсири тўфони шадид алвонҷ мехўрданд, меларзиданд. Аз вазиши шамол баргон бо бари симинтоби худ ба ларзиш меомаданд. Арар мисли арғунуни азиме садо медод.
Горкий кулоҳашро аз сар гирифта, дар назди арар муддати мадиде таваққуф кардааст. Сипас чизе гуфта, ба сайри боғ рафтааст, вале боз чандин бор истода ба арар чашм дўхтааст. Вақти шомхўрӣ он нависанда ҷуръат пайдо карда, аз Горкий пурсидааст, ки дар назди арар чӣ гуфтааст. Горкий ҳам дар ҳайрат монда посух додааст:
- Шумо, ки ҳамаро мушоҳидат кардаед, хайрият аст, иқрор мешавам. Ман гуфтам, ки он чӣ қадар муҳташам аст!
Боре ман назди Алексей Максимович, ба ҳавлии берунишаҳрии дар Горки будааш омадам. Тобистон буду абртўдаҳои чун парниён сабук бар сари пуштаҳои сабзпўши рўдхонаи Маскав ҷилобахшона соя мефиканданд. Ба сўи хона боди гармаке мевазид.
Горкий дар хусуси қиссаи охирини ман "Колхида" бо ман тавре сухан меронд, ки гўё донишманди табиати гармсер бошам. Аз ин ман хиҷил мешудам. Вале, бо ин ҳама, мо дар хусуси он баҳс доштем, ки оё сагҳо вараҷа мешаванд ва дар фарҷом Горкий тан дода, бо табассуми ҳалиме аз рўзгори худ қиссаеро нақл кард, ки дар наздикии Поти мурғонеро дидааст, ки ҷумла гирифтори вараҷа гашта, жўлидаву нолон будаанд.
Қиссаро бо забони гўёву ширадор тавре ҳикоят мекард, ки ҳоло касе аз мо ин тавр нақл карда наметавонад.
Ман он дам китоби нодири маллоҳ, капитан Гернетро хонда будам. Он китоб "Шукуфаҳои рўи ях" ном дошт.
Гернет вақте намояндаи флоти баҳрии шўравӣ дар Ҷопон буда, дар он ҷо ин китобро таълиф кардааст ва дар чопхона ҳарфҳоро худ чидааст, зеро аз ҷумлаи ҳуруфчинони ҷопонӣ ягон нафараш русидон набудааст ва китоби мазкурро ҳамагӣ панҷсад нусха дар коғази нафиси ҷопонӣ ба табъ расондааст.
Капитан Гернет дар китоб назарияи қобили таваҷҷуҳи ба Аврупо баргаштани иқлими гармсерро иброз доштааст. Замони гузашта дар ин ҳангом дар соҳилҳои халиҷи Фин ва, ҳатто, дар хиттаи Шписберген, дарахтони магнолиёву сарв мерустаанд.
Ман дар ин ҷо назарияи Гернетро муфассал нақл намекунам, зеро барои он саҳафоти зиёде лозиманд. Вале Гернет бо бурҳони қотеъ исбот менамуд, ки агар имкони об кардани ҷавшани яхи Гренландия бошад, ба Аврупо иқлими гармсер бармегашт ва асри тиллоии табиат шурўъ мешуд.
Носареҳияти ин ақида фақат дар он буд, ки об кардани яхи Гренландия қатъан имкон надошт. Ҳоло, баъд аз кашфи барқи атом, дар ин хусус андешидан равост.
Ман ба Горкий роҷеъ ба ин назарияи Гернет нақл кардам. Ў бо ангуштони худ бар сари миз мекўфт ва, аз ин рў, гумон доштам, ки суханони маро танҳо ба маҳзи эҳтиром гўш мекунад. Вале возеҳ гашт, ки адиб аз ин назария, аз саҳеҳият ва кадом як оҳанги мутантани он мутаассир шуда будааст.
Ў беш аз пеш ба шавқ омада, он назарияро муҳокима мекард ва дар фарҷом хоҳиш намуд, ки китоби мазкурро барояш бифиристам, то ба теъдоди зиёд дубора дар Русия ба табъ расад. Сипас ў дар бораи мардони донову хуб, ки дар ҳар сари қадам ногаҳон пайдо мешаванд, дуру дароз сухан ронд.
Аммо чопи китоби Гернет ба Алексей Максимович муяссар нашуд - пас аз чанде даргузашт.
ВАФОТИ ОХИРИН БАРАНДАИ
ОРДЕНИ "ШАРАФ", ҲАР СЕ ДАРАҶА
Ҳафтаи сипаришуда иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ҳар се дараҷаи ордени "Шарафи ҷангӣ", сокини шаҳри Истаравшан Абдуназар Фаромонқулов дар синни 97- солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре дар китоби "Ёдбоди қаҳрамонон"-и муовини раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев (Нашр. "Ношир", 2015) оварда шудааст, Абдуназар Фармонқулов 22 марти соли 1922 дар деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан, аз оилаи марди деҳқон ба дунё омадааст. То даъват шудан ба сафҳои Армияи Советӣ моҳи сентябри соли 1939 аъзои колхоз буд. Вай хизмати ҳарбиро чун аcкари қатории полки 175-уми тирандоз ба сифати артиллерист дар шаҳри Гроднои Белорусия оғоз карда, ба майдони ҷанг соли 1941 ворид шудааст. Баъдан дар муҳорибаҳои шаҳри Сталинград ширкат варзида, нахустин ордени "Шарафи ҷангӣ", дараҷаи сеюмро барои корна-моиҳояш дар озод кардани деҳаи Вулковои шаҳри Ковали вилояти Волҳнск санаи 14 апрели соли 1944 соҳиб шудааст.
Бо ордени "Шарафи ҷангӣ", дараҷаи дуюм 28 августи он сол барои озод кардани деҳаи Синдини ноҳияи Моисеевски вилояти Волҳнск сарфароз гардонида шуда, сеюмин ин гуна ордени тиллои дараҷаи якумро барои озод кардани сарзамини Полҷша аз дасти фашистон гирифтааст.
Бояд гуфт, ки Абдуназар Фармонқулов байни ҷанговарони тоҷикистонӣ нахустин ва байни тамоми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 10-умин нафаре буд, ки бо ҳар се дараҷа ордени "Шарафи ҷангӣ" барои корнамоиҳои бемисолу монандаш дар майдони ҳарб сарфароз гардидааст.
Ин родмарди Ватан то ба Берлин расида, Ғалабаро дар соҳили дарёи Элба пешвоз мегирад. Ў қатори ҳазорҳо нафар қаҳрамонони Ватан санаи 24 июни соли 1945 дар Паради Ғалаба аз майдони Сурхи шаҳри Москва гузашта буд.
Абдуназар Фармонқулов соли 1947 ба зодгоҳаш шаҳри Истаравшан баргашт. Он рўз бари гиребони ўро ба ҷузъ се ордени "Шарафи ҷангӣ" ҳамчунин ордени "Ҷанги Ватанӣ" дараҷаи якум, медалҳои "Барои ҷасорати ҷангӣ", "Барои ҳифзи Москва", "Барои хизматҳои ҷангӣ", "Барои озод кардани Варшава", "Барои Ғалаба аз болои Германия дар солҳои 1941-1945" ҳам зеб медод.
Дар солҳои ҳаёти осоишта Абдуназар Фармонқулов дар совхози "Шаҳристон"-и ноҳия ба ҳайси коргари қаторӣ то ба нафақа баромадан (1982) заҳмат кашид. Дар бораи ин қаҳрамони майдони набард бори нахуст ҳамдиёрон нимаи аввали солҳои 70-ум маълумот пайдо мекунанд:
-Ман он солҳо дар рўзномаи вилоятии "Ҳақиқати Ленинобод" мухбири қаторӣ шуда кор мекардам,-мегўяд, собиқадори матбуоти тоҷик, дорандаи ордени "Байрақи сурхи меҳнат" ва ҳам медали "Хизмати шоиста" Файзуллохоҷа Атохоҷаеви 72-сола,-Журналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мулло Боқӣ (воқеан эшон ягона нафаре буданд, ки бо ин гуна унвони баланди соҳавӣ сарфароз гардонида шудаанд), ки хабарнигори минтақавӣ дар водии Зарафшон шуда кор мекарданд, рўзе аз рўзҳо ба идора омада гуфтанд, ки "дар Истаравшан ман як нафарро ёфтам, ки дорандаи ҳарсе дараҷа ордени "Шарафи ҷангӣ", исму насабаш Абдуназар Фаромонқулов дар совхози "Шаҳристон"-и ноҳия коргар шуда кор мекардааст". Дере нагузашта дар яке аз шумораҳои рўзномаамон очерки калони устод Мулло Боқӣ чоп шуд, ки танҳо баъди он қаҳрамони Ватан "рўи об баромада" ўро ба вохўриву чорабиниҳо даъват мекардагӣ шуданд. Дар борааш очерку ма-қолаҳо паи ҳам чоп шуданд…
Солҳои пас дар бораи қаҳрамониҳои А.Фармонқулов ҷангноманависи маъруфи тоҷик Ҳасанбой Шарифов очерки зиёд ба қалам дода буд.
Соли 2006-ум роҳбарияти Федератсияи Русия қатори садҳо муҳофизони Ватани советӣ Абдуназар Фаромонқуловро барои корнамоиҳои ҷангиаш бо мошини сабукрави тамғаи "ОКА" сарфароз гардонд.
Вале, дар ҳаёти ин номбардори Ватан саҳифаҳои тираву ғамангез кам набуданд. Соли 2015 бархе аз қаллобон бо баҳонаи "иншои китоби қаҳрамонони Ватан" қатори дигар онҳое, ки соҳиби ордени "Шарафи ҷангӣ" буданд, ҳарсе ордени ўро бо фиреб ба яғмо бурданд.
-Бобои қаҳрамон он шабу рўз басо ғамгину дилозурда буд,-мегўяд, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қайюмов, - умедвор шуд, ки яғмогарон ба инсоф меоянду орденҳои бо хуни тан ба даст овардаашро ба ў бармегардонанд. Аммо, сад афсўс…
Ба шарофати кори муташаккилона ва андешидани чораҳои фаврии кормандони мақомоти корҳои дохилаи вилоят соли 2017 қаллобони беинсоф ба даст афтоданд. Аммо, орденҳоро кайҳост, ки ба шахсони номаълум фурўхта будаанд. Онҳо мувофиқи кирдорашон ҷазои маҳрум аз озодӣ гирифтанд.
Танҳо баъди бо қарори суд расман гумшуда эълон гардидани орденҳо Абдуназар Фармонқулов ба унвони Президенти Федератсияи Русия В.В. Путин нома навишта хоҳиш кард, ки нисбати барқарор кардани орденҳои дуздидаи фиребгарон ёрии амалӣ расонанд. Бо қарори Шўрои Федератсияи Русия ҳарсе дараҷа ордени "Шарафи ҷангӣ" бо ҳамон рақамҳои қаблиаш дар завод аз нав барои бобои қаҳрамон рехта шуд.
-17 июли соли 2018 собиқ консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Бондаренко В.А. ба аёдати Абдуназарбобои қаҳрамон омада, дар ҳавлиаш дар вазъияти тантанавӣ ҳарсе ордени "Шарафи ҷангӣ"-ро барояш аз номи Президенти Федератсияи Русия тақдим намуд, - мегўяд акаи Абдуваҳҳоб Қайюмов,- он вақт ман дидам, ки пирамард орденҳоро ба дидагони ашкбораш молида гуфт: -акнун мирам ҳам, ормонам намемонад.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин