Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

ДУВОЗДАҲИ КАБКИ РАВ

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аввали моҳи март дар баъзе минтақаҳои мамлакат сардию боришот мушоҳида хоҳанд гашт


ДУВОЗДАҲИ КАБКИ РАВ

Имсол дар аввали моҳи март дар ҷумҳурӣ боришот нисбат ба як соли пеш зиёдтар хоҳад шуд. Дар баъзе аз минтақаҳо ҳарорати ҳаво шабона аз 0 то 5 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар тӯли моҳ ҳаво пайваста тағйир карда, борон ва дар қисматҳои доманакӯҳ эҳтимолияти ба барф мубаддал шудани он дар назар аст. Ҳамчунин раъду барқ ва дар қисматҳои ҷануби кишвар шиддат гирифтани шамол низ аз 12 то 17 метр дар як сония дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.
Аввали моҳи мартро то фарорасии Наврӯз ниёгони мо моҳи ҳут меномиданд, ки он аз рӯи солшумории бостонии халқамон аз 20 феврал то 20 март тӯл мекашад.
АМИТ «Ховар» дар ин бора шарҳи донишмандони Академияи илмҳои Тоҷикистонро пешниҳоди хонандагон менамояд.
Мувофиқи мушоҳида ва ишораи донишмандон, ин ҳолати табиат дар гоҳшумориҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Қобили зикр аст, ки аксари ин гоҳшумориҳо аз оғози фасли зимистон то ибтидои фасли баҳор ва баъзан то мавсими тобистонро дарбар мегиранд.


ДУВОЗДАҲИ КАБКИ РАВ

«Ин тақвимҳо аз ҷониби мардуми кӯҳистон ба вуҷуд меоянд ва барои мардумони минтақаҳои ҳамворинишин, аз ҷумла водии Вахш, чандон аҳамият надоранд, зеро онҳо қариб зимистонро намебинанд», — изҳори назар менамояд фолклоршинос Абдулфаттоҳ Аминов. Бино ба ақидаи ин донишманд, миёни мардуми кӯҳистони водиҳои Кӯлоб ва Рашту Ҳисор чунин навъи тақвим вуҷуд дорад: «Чилаи калон, чилаи хурд, ҳаждаҳи бузкуш, дувоздаҳи кабки рав, баъди Наврӯз чил кунда бисӯз, хоҳ шаб мегардӣ хоҳ рӯз».
Аз рӯи тақсимоти зикргардида чилаи калон аз чил рӯз ва чилаи хурд аз бист рӯз иборатанд, ки дар маҷмӯъ шаст рӯз ва ду моҳро дар бар мегирад. Оғози чилаи калон аз 21 декабр ҳисоб меёбад, ки аз рӯи солшумории ҳиҷрии шамсӣ баробар аст ба оғози моҳи ҷаддӣ ва чилаи калону хурд якҷоя моҳҳои ҷаддӣ ва далвро дар бар мегиранд. Баъдан ҳаждаҳи бузкуш ва дувоздаҳи кабки рав аст, ки яке аз ҳаждаҳ рӯз ва дигаре аз дувоздаҳ рӯз иборатанд. Дар маҷмуъ сӣ рӯз мешавад, ки ин ҳам баробари як моҳи тақвимист ва аз рӯйи солшумории ҳиҷрии шамсӣ ҳут ном дорад. Ба ҳамин се моҳи зимистони кӯҳистон сипарӣ мешавад.
Ҳаждаҳи бузкуш, ки оғози моҳи ҳут аст, аз рӯи мушоҳидаҳои мардуми кӯҳистон аксаран ҳаво сард мешавад. Баъзан бинобар сардии ҳаво захираи алафу хошок камтар мемонад ва чорво дар охири зимистон харобу лоғар мешавад. Дигар ин, ки аз рӯи қонуни табиат буз ду давраи зоиш дорад, ки давраи дуюмаш маҳз ба ҳамин шабу рӯз рост меояд. Дар ин аём шабҳои сарди ҳаво бузғолаҳои навзод ва модаронашон, ки нисбатан лоғаранд, мефавтанд. Аз ин рӯ, мардуми кӯҳистон ин шабу рӯзро ҳаждаҳи бузкуш номидаанд.
«Дар бораи дувоздаҳи кабки рав ҳаминро бояд бигӯем, ки дар ин муддат оҳиста — оҳиста об шудани барфи теппаҳо ва шукуфтани гулу сабзаҳо ба назар мерасанд. Мардуми кӯҳистон маҳз дар ҳамин рӯзҳо села — села парвози кабкҳоро ба ҷониби талу теппаҳо мушоҳида менамоянд ва аз ин рӯ, ин рӯзҳоро дувоздаҳи кабки рав номгузорӣ намудаанд», — мегӯяд А. Аминов.
«Ин давраро Айёми аҷуз меноманд, — гуфт доктори илмҳои филология Рӯзӣ Аҳмад. – Он марбут ба моҳи охирини гоҳшумории шамсӣ Ҳут аст. Тоҷикон моҳи Ҳутро аз сабаби дар он зуд-зуд дигар шудан ва тағйир ёфтани табиат ва обу ҳаво ба чаҳор давра тақсим кардаанд, ки аз он 17 шабонарӯз Ҳут, 7 шабонарӯз Аҷуз, 3 шабонарӯз Аксу ва 3 шабонарӯз Наҳс ном бурда мешуд. Баъд аз се рӯзи Наҳс соли шамсӣ поин ёфта, Соли нав – Наврӯз фаро мерасад».
Дар бораи Аҷуз будани охири моҳи Ҳут кишоварзони тоҷик гуфтаанд:
Ҳаждаҳуми Ҳутро Аҷуз шумор,
Ки бувад аввали фасли баҳор.
Дар китоби М. С. Андреев «Таджики долины Хуф» (1958) роҷеъ ба Айёми аҷуз чунин гуфта шудааст: «Бидон, ки офтоб чун дар бурҷи Ҳут расад, аз сеюми Ҳут то ҳафтдаҳуми Ҳут се таф, яъне се гармӣ эътибор кардаанд ва мунаҷҷимон онро ҷамра гӯянд, аммо аввал тафи замин, ки онро «ҷамроту-л-арз» гӯянд ва ин дар сеюми Ҳут бошад; дувумро «ҷамроту-л-моъ» гӯянд ва ин ҳафт рӯз пас аз тафи замин бошад; чунончи рӯзи даҳуми Ҳут мебошад. Севумро «ҷамроти илоҳӣ» гӯянд ва ин низ дар ҳафтдаҳуми Ҳут бошад, ҳафт рӯз пас аз та­фи ҳаво бигузарад, ҳафт рӯзи дигар А. А. бошад, яъне «ҳафтаи кампирӣ» ва ин аз бистучаҳорум то сиюми Ҳут бошад. Ва ин рубоӣ ҳовии ин ҳисоб аст:
Айёми Аҷуз агар надонӣ, эй дӯст,
Ман бо ту бигӯямаш, ки бисёр накӯст.
Чун пир шавад, шинос оҷиз гардад,
Дар охири Ҳут, чунки як ҳафта дар ӯст».


ДУВОЗДАҲИ КАБКИ РАВ

Бино ба мушоҳидаи Рӯзӣ Аҳмад, дар бисёр деҳаҳои водии Ҳисор ва ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон як ҳафтаи Айёми аҷуз волидайн фарзандонашонро шабона ба берун баромадан намемонданд. Дар андешаи мардуми ин водӣ Аҷуз махлуқи воҳимаангези зиёнкор маънидод мешавад. Масалан, сокинони деҳаи Қаратоғ, асосан бонувон, дар 7 шабонарӯзи Айёми аҷуз ҷомашӯйӣ намекарданд, нохун намегирифтанд ва сар намешустанд. Гӯё агар сар шӯянд, мӯйҳояшон мерехтааст,ҷомашӯйӣ кунанд ва нохун гиранд, бало таҳдид мекардааст. Тоҷикон рӯзҳои аҷузиро наҳсу бад мешумориданд. Дар гузашта мардум дар рӯзҳои Аҷуз маросимҳои ҷашни арӯсӣ ва тӯйи хатнаро намегузаронданд. Тибқи пиндори тоҷи­кони қадим, Аҷуз на танҳо ба инсонҳо, балки ба ҳайвонҳои хонагӣ низ гӯё зиён мерасонидааст. Чунин ақида дар рубоии зерин ифода гардидааст:
Фасли Наврӯз омаду дилҳои мардум шод шуд,
Ҷондорон аз Аҷузу Аксу Наҳс озод шуд.
Мардумон аз моҳи Ҳут доранд умеди хайрият,
Соли нав омад, ба деҳқон вақти кишту кор шуд.
Дар Бухоро, Самарқанд, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ҷойҳои дигар сардии зимистонро «Кампир дар ғор» мегӯянд. Ба гуфтаи мардум баробари омадани баҳор то соли оянда Аҷуз ба ғори худ медарояд. Зарбулмасали машҳури «Ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қутӣ кунад», ки дар бораи зимистони сард гуфта шудааст, дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ машҳур аст. Тибқи тасаввуроти мардуми Язгулом пирзан Аҷуз таҷассумгари сардиҳои зимистон аст, ки бо фаро расидани баҳор фано мегардад. Одамон ба муносибати эҳёи табиат ва фаношавии неруи аҳриманӣ дар симои пирзан Аҷуз ҷашни Соли нав – Нав­рӯзро созмон медоданд.
Тибқи ақидаи мардум, Ҳут марду Аҷуз зан мебошад, чунки тоҷикон Ҳутро мард тасаввур карда, «Ҳути бадбурут» гуфтаанд. Ҳафт рӯз пеш аз Ҳут дар рӯзҳои аҷузӣ ба вуҷуд омадани сардии шадид дар мақоли «Аз Наврӯз пеш ҳафт рӯз, сию ду барфи ҳар рӯз» ва пораи шеърии зер ифода ёфтааст:
Ҳуту Наврӯз,
Чил кунда бисӯз.
Баъд аз Наврӯз
Хоҳ шаб гардӣ,
Хоҳ рӯз.
Дар қаринаи дигари ин мақол, ки дар байни мардуми Панҷакент маъмул аст, охири моҳи Ҳут, ки рӯзҳои аҷузӣ ва Аксу Наҳс аст, «бадрӯз» номида шудааст:
Бадрӯз,
Барфо занад ҳар рӯз.
Баъд аз сари бадрӯз,
Хоҳ шаб гардӣ, хоҳ рӯз.
Дар қаринаи дигари ин мақол, ки он низ соли 1955 аз сокинони деҳаи Косатароши ноҳияи Панҷакент сабт карда шудааст, мардум ба моҳи Ҳут муроҷиат намуда, ба ӯ зорию илтиҷо кардаанд, ки нисбат ба онҳо бадкорӣ накунад ва ба молҳояшон бораҳму шафқат бошад:
Ҳут, ҳутӣ накун,
Гандабурутӣ накун.
Гӯсалакушӣ накун,
Кампира дар қутӣ накун.
Чунин пораҳои шеърӣ доир ба Аҷуз ва моҳи Ҳут дар намуди мақолҳои мардумӣ қариб дар байни тамоми тоҷикони Осиёи Марказӣ эҷод шудаанд. Мувофиқи онҳо рӯзҳои аҷузии пеш аз Наврӯз ифодагари андешаҳои бостонии мардуми тоҷик роҷеъ ба қувваҳои аҳриманию бадкор буда, барои пешгирии онҳо мардум баъзе расму ойин ва маросимҳо эҷод намудаанд.
АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин