Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модар таҷлил гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модар таҷлил гардид

Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона баргузор гардид. Дар оғоз иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои занону духтарони ҳунарманди донишгоҳ, ки дар толори театр ташкил шуда буд, дидан намуданд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ Ховар, маҳфили идонаро ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба саҳми ҳозирин расонида шуд.
Зикр гардид, ки имрӯз аз теъдоди умумии кормандони донишгоҳ, ки 1451 нафар мебошанд, 805 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа 64 нафар занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ фаъолияти пурсамар доранд.
Инчунин ректори донишгоҳ дар бораи дастовардҳои занону бонувони донишгоҳ дар ҳамаи самтҳои фаъолият сухан гуфт. Дар маҳфил 33 нафар занону бонувон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз шеъру гуфтор, суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ибратбахш иборат буд, ба маҳфил ҳусни идона бахшид.
Дар маҷмӯъ, бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси раёсати донишгоҳ 805 нафар занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, дар ин замина 8 нафар собиқадорону устодони донишгоҳ низ аёдат гардиданд.
ХУҶАНД, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин