Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

ЗАН-МОДАР – ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ Рӯзи Модар таҷлил гардид


ЗАН-МОДАР – ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО

ДУШАНБЕ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар барномаи фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Дар маҳфил дар баробари бонувону занони Донишкада, инчунин собиқ ректорон, аз ҷумла Мунира Иноятова, Гавҳар Шарофзода ва Лутфия Абдухолиқзода иштирок доштанд.
Ректори донишкада, доктори илҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила қарору қонунҳоро ба тасвиб расонд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занону бонувони мо такони ҷиддӣ бахшид. Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим бозиданд.


ЗАН-МОДАР – ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО

Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода аз номи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон модарон, устодон ва донишҷӯёнро бо Рӯзи Модар ва баҳори оламафрӯз табрик намуда, зикр кард, ки имрӯз занону модарони мо дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатии кишвар сарбаландона фаъолият доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Зан модар аст. Яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меоварад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Модар – зан пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон аст».


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин