Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ЗИ МЕҲНАТ ЁФТ Ў БАХТУ САОДАТ

Боғдорӣ аз қадимулайём шуғли асосии мардуми тоҷик аст. Ба парвариши дарахтони мевадиҳанда ҳанўз аҷдодони бохираду меҳнатқарини мо – суғдиёну бохтариҳо машғул буданд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, ба хусус Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғдорӣ баробари дигар соҳаҳои кишоварзӣ хеле рушд ёфт. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳамасола дар шаҳру навоҳии мамлакатамон садҳо гектар боғҳои нав бунёд мегардаду бозорҳои истеъмолӣ пур аз меваҳои ширину болаззат мешаванд.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) баробари кишти дигар зироатҳо боғҳои нав бунёд намудаанд. Яке аз чунин хоҷагиҳои деҳқонии фаъол хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и «Ширин» мебошад, ки роҳбарии онро зани меҳнатдўсту қавиирода Азизмоҳ Маҳмадиева ба ўҳда дорад. Бо ў дар сари замин вохўрдем. Аъзоёни хоҷагӣ заминро аз ғузапоя тоза мекарданду тракторҳо заминро барои кишти гандум шудгор менамуданд. Кор бо ҷўшу хўруш идома дошт.
-Ман 5 сол дар собиқ хоҷагии ба номи М. Турсунзода сарвари бригада будам, - гуфт дар оғози суҳбат Азизмоҳ Маҳмадиева. Соли 2005 заминҳои собиқ колхозу совхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ таҷдид карда шуданд. Раиси вақти ноҳия С. Бекназаров, ки кордонии ўро медонист, ба ў рўй оварда гуфт: Апаи Азизмоҳ, ман медонам, ки шумо деҳқони асилед ва аз ўҳдаи самаранок истифода бурдани замин мебароед. Замин гирифта ҳамроҳи аъзоёни оилаатон кор кунед. Ҳамин тавр ў дар 16 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и «Ширин»-ро таъсис дод.
Солҳои аввали фаъолияти хоҷагӣ кор душвор буд. Дар омади кори онҳо Созмони байналмилалии «Наҷоти кўдакон» барои фаъолияти 3 сола ба ҷамоати деҳоти «Истиқлол» омад. Ба сокинони деҳаи «Бўстон» барои кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ кўмаки молиявӣ мекарду ба хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 хўроки бепул медод.
Азизмоҳ Маҳмадиева ҳамроҳи аъзоёни хоҷагиаш мардонавор кор мекард. Натиҷаи ҳамин меҳнати аҳлона аст, ки ҳар сол аз замин ҳосили баланду дилхоҳ рўёнида, даромади баланд ба даст меоваранд. Сатҳи зиндагии аъзоёни хоҷагӣ сол то сол беҳтар мегардад. Дар натиҷаи истифодаи самараноки замин ва меҳнати пурмҳсул дар як сол 2-3 ҳосил мегиранд. Соли гузашта деҳқонони хоҷагӣ дар 7 гектар замин кишти пахта гузаронида, 25 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд, ки ин қариб 35 сентнериро аз ҳар як гектар ташкил медиҳад. Соли гузашта барои деҳқонони хоҷагии «Ширин» соли пурфайзу бобарор омад. Аз ҳисоби даромади баланди пахтаю боғ 2 техникаи нави кишоварзӣ харидорӣ намуданд.
Деҳқонони ботаҷриба дар 7 гектар боғи нав бунёд карданд. Аз парвариши дарахтони зардолу, хурмою ангур, себу нок, шафтолую себи биҳӣ соли гузашта ҳосили рекордӣ ҷамъоварӣ намуданд. Ҳам меваҳои тару тоза фурўхтанду ҳам меваҳои хушк. Қисми зиёди ҳосили меваҳояшонро ба вилояти Суғд ба фурўш бароварданд. Талабот ба мева, махсусан зардолу, нок, анору себ, шафтолуву ангури хушсифат ва хуштаъм беш аз пеш меафзояд.
-Соли гузашта, аз вилояти Суғд зиёда аз 500 бех зардолуи навъи қандак (бобоӣ) оварда, шинондем, - мегўяд Азизмоҳ Маҳмадиева. - Солҳои оянда низ боғдорони хоҷагӣ нақша доранд, ки ҳосили меваҳоро боз ҳам афзун намуда, ҳиссаи босазои худро дар таъмини амнияти озуқавории кишвар гузоранд. Зеро онҳо дарк намудаанд, ки боғу токпарварӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳо ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Боғдорони хоҷагӣ нақша доранд, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» бунёди боғҳои интенсивиро низ ба роҳ монанд. Зеро ҳосили боғҳои интенсивӣ (замонавӣ) нисбат ба боғҳои муқаррарӣ хеле зиёд аст.
Соли 2011 Азизмоҳ Маҳмадиева барои меҳнати фидокорона ва фаъолияти босамар бо фармони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Азизмоҳ Маҳмадиева соли 2012 дар озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол
– Фараҳ-2012» иштирок намуда, барои дастовардҳои намоён ва саҳми арзанда дар рушди соҳибкорӣ ғолиб дониста шуд ва соҳиби ҷоизаи ин озмун гардид.
Лекин мукофоти аз ҳама баландтарро апаи Азизмоҳ дар хизмат ба халқу Ватан меҳисобад ва аз ин ифтихор дорад. Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои кориашон ба вилояти Хатлон ва вохўрӣ бо фаъолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Азизмоҳ Маҳмадиева, ки дар ин вохўрӣ иштирок дошт, рўй оварда гуфт: «Ман дар бораи шумо ва фаъолияти хоҷагиатон хабар дорам. Кош мисли шумо занҳои фаъолу фидокор зиёд бошанд. Аҳсант ба шумо.
Ба андешаи Азизмоҳ Маҳмадиева мо метавонем танҳо ба воситаи меҳнати аҳлона ва ҳамдигарфаҳмӣ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Аз ин рў ҳар як шахс бояд бо меҳнати ҳалолу фидокорона дар рушди босуботи кишварамон ҳиссагузор бошад.
Ба гуфти шоир:
Бе заҳмату ранҷ нон намебояд хўрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хўрд.
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон биравад, аз он намебояд хўрд.

Аъзам БОБОЕВ,
хабарнигори «Ваҳдат»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин