Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ГУЛБОНГИ НАВРЎЗИ ОЛАМОРО

Аз авҷи фалак, аз қаъри коинот гулбонге бо савти хушу гуворо бар фарози сайёраи замин танин андохтааст. Ҳангоми қиёми офтоб ва рўзи эътидоли баҳорӣ дар рўзу соат, дақиқаву сонияи муайян ин гулбонги руҳафзо аз ошёни абадии хеш берун омада, аз омад – омади Наврўз башорат медиҳад. Ва наврўз амсоли малаке аз гунбади нилгун ба дунёи хокии мо қадам ниҳода, ба ҷаҳони куҳан ҷавонӣ, зебоию тароват ва умри дубора мебахшад.
Гулбонги Наврўз аз қаъри таърих, аз миёни амвоҷи насли башар, аз оғуши шаш – ҳафт ҳазорсолаҳо баланд мешавад, ки дар он даврон ниёкони ориёии мо аз асрори коинот, аз ҳаракати сайёраҳо, аз гардиши Замин бар гирди меҳвари худ воқиф буда ва фарорасии Наврўзро интизор мешуданд.
Он ҳафт син ва ҳафт шин, ки рамзҳои Наврўзанд, адади муқаддас ҳисоб ёфта, кинояе аз ҳафт сайёра, ҳафт табақаи осмон, ҳафтдодарон, ҳафт дарё, ҳафт ганҷ ва ҳафт неъмат мебошанд.
Нозу неъматҳое, ки хони Наврўзиро оро медиҳанд, дар миёни мардумоне, ки ба Наврўз эҳтиром мегузоранд муштараканд ва ин гувоҳи он аст, ки Наврўз аз азал ҷашни байналмиллалӣ ба ҳисоб мерафт. Барои мардумони ҳавзаи Наврўз нон – рамзи фаровонӣ, файзу баракат, об – боиси ҳастии ҳаёт, дилу нияти пок, суманак – тимсоли нозу неъмат, рўзгори сабзу хуррам, ризқу рўзии фаровон, шарбат – киноя аз суруру шодмонӣ, ком ширин кардан, тухмҳои рангоранг – рамзи мавҷудот, олами ҳастӣ, аз ҷумла тухмаи инсон аст, ки сарфи назар аз рангҳои мухталиф аслашон якест ва ба андешаи Саъдии бузург «дар офариниш зи як гавҳаранд».
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардидани Наврўз нуфузи байналмилалии онро дучанд афзун намуд, мақому эътиборашро ба пояҳои боз ҳам баланд бардошт ва онро мазҳари ифтихори мардумони Осиёи Марказӣ, Балкан, ҳавзаи баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Шарқи Наздик гардонид. Дар ҳар гўшаи олам, ки насли ориёӣ ба сар мебарад, ё онҳое, ки бо забони Рўдакию Фирдавсӣ сухан мегўянд, ҳатман он ҷо Наврўз ҳозиру нозир буда, аз фурўғаш дилҳо ва манзилҳоро фурўзон мегардонад.
Табиати эъҷозофарин бо забони борони найсон, навои андалебон, чаҳ – чаҳи мурғони чаман, насими анбарафшон, раъду барқи осмон, хурўши чашмасорон, гулафшонии боғу бўстон, бо нафаси гарми Замин ба Наврўз ҳамду сано мехонад ва қудумашро муборак медонад.
Аз рўзи азал гул қосиди Наврўз аст ва ҳар ду дар тору пуди якдигар ончунон печидаанд, ки ба як ҷону ба як тан табдил ёфтаанд.
Боғу чаман ба ифтихори Наврўз базме аз гулҳо оростаанд, ки басо ҷаззобу зебову дилрабост ва ҳар гулбарги он бо ҳазор забон ба Наврўз дуруд мефиристад.
Шоирон низ аз сухан базме оростанд то авсофи Наврўзро ба таври шоиставу арзанда тараннум намоянд ва ҳусну ҷамолашро дар назари мардуми олам ҷилвагар созанд. Гул бо он ҳама нозукию латофат дар назми дарӣ – тоҷикӣ бори гарони маъниро бар дўш гирифт ва баёнгари ҳусну ҷамоли инсон, андешаҳои фалсафию ирфонӣ ва маънавию ахлоқӣ гардид. Бесабаб нест, ки фарҳангнигорон аз вожаи «гул» беш аз як саду панҷоҳ маънӣ ва аз калимаи «Лола» зиёда аз сӣ мафҳумро пайдо кардаанд.
Гул дар бадали беш аз ҳазор сол ба назми мо он қадар зебоӣ ва шукўҳу тароват бахшидааст, ки дурахши товусосояш оламро фаро гирифт.
Наврўз чун ҷашни мардумӣ бо қадами хуҷаста аввал вориди хонаҳо гардида, сипас дар кўҳу саҳро, дар шаҳру русто, дар замину само маъво мегирад. Наврўз дар Тоҷикистон баробари ҷашни истиқлолият мақому эътибор дошта, бо тамоми шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Сар то сари Тоҷикистон, аз ҷумла қасрҳову кўшкҳо, толорҳои бошуқўҳ, варзишгоҳҳои бузург, донишкадаву дабиристонҳо, шаҳру русто ба ихтиёри ҷашни Наврўз вогузор мегарданд.
Овардаанд, ки дар аҳди Хусрави Парвиз ду ҳазор хунёгарон ҷашнҳои Наврўзии давлати муқтадири Сосониёнро ба хурўш оварда, бо ҳунари волои худ ғулғула барпо мекардаанд. Имрўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо садҳо ҳазор мардуми фарҳангпарвар бо рақсу суруду тарона ва оҳангҳои ҷаззобу дилошўб овозаву шўҳрати ҷашни Наврўзро то ба фалак расонидаанд.
Ҷашни Наврўз дар Тоҷикистон то ба ҳадде расида, ки ба қавли Хоҷа Ҳофиз «гулбонги сарбаландӣ бар осмон тавон зад».
Наврўз акси садои пурхурўши беш аз ҳазор дарё ва ҳазорон чашмасорони Тоҷикистон аст, ки аз қалби кўҳҳо ва водиҳои сабзу хуррам ҷорӣ гардида, ба кишвари мо ва ба халқу сарзаминҳои минтақа сарсабзиву ҳаёт мебахшанд.
Наврўз он қадар ба умқи рўзгори башар фурў рафтаву печида ва саргум мондааст, ки таърихи дақиқи пайдоиши онро муайян ва мушаххас намудан имконнопазир гардидааст.
Таърихнигорон Наврўзро бо аҳди давлатдории Пешдодиён мансуб медонанд, ки чун ҷашни эҳёи табиат, бузургдошти пешаи кишоварзӣ, баробарии шабу рўз, айёми бахшоишу адлу додгустарӣ ва шодмониву дилхушии мардум ва пирўзӣ ба қувваҳои аҳриманӣ таҷлил мегардид.
Алломаҳои замон Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём оғози таърихи Наврўзро ба нахустин шоҳаншоҳи ҷаҳон Каюмарс нисбат додаанд ва ин ба он маъност, ки ин ҷашни бостонӣ аз офариниши одаму олам сарчашмаи мегирад.
Умари Хайём ибтидои таърихи Наврўзро бо Офтоби оламоро, ки дар фарҳанги ориёӣ муқаддас дониста мешавад, марбут медонад ва дар ин иртибот мегўяд:
«Чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўз бомдод офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мўъбадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт офтобро нишон карданду ин рўзро ҷашн сохтанд».
Абераи Каюмарс Ҷамшед чун бар тахти подшоҳӣ биншаст, «Офтоб ба фарвардини хеш аввали ҳамал бозомад ва ҷаҳон бар вай рост гашт. Чун он рўзро дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».
Муаррихон оид ба рўзгори Ҷамшед ба натиҷаи зер расидаанд:
«Ба таври қатъӣ ва яқин Ҷамшед аз подшоҳони муштараки ақвоми ҳинду эронист, ки замони ўро ба тақриб метавон мутаҷовиз аз ду ҳазор сол қабл аз милод ҳадс зад».
Ҳаким Фирдавсӣ низ Наврўзро ба Ҷамшеди Каёнӣ мансуб медонад ва бо шодмониву ифтихор ин абётро дар ситоиши ў гуфтааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ў
Аз он бар шуда фарраи бахти ў.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд
Мар он рўзро рўзи нав хонданд.
Ба Наврўзи нав шоҳи гетифурўз
Бар он тахт биншаст фирўз рўз.
Бузургон ба шодӣ биёростанд
Маю руду ромишгарон хостанд.
Пас Наврўз аз рўзи азал, аз ибтидои пайдоиши хеш бо хуррамию шодмонӣ, бо суруду мусиқӣ, бо нағмаҳои дилошўби дафу чанг, рубобу арғунун пайванди ногусастанӣ доштааст.
Дар «Бурҳони қотеъ» омада, ки чун Ҷамшед бар тахт нишасту тоҷ бар сар ниҳод ва хуршед бар ў тобид, ўро мулаққаб ба «шед» шуд. Бад-ин тариқ, дар аҳди Ҷамшед Наврўз расман ҷашни миллӣ эълон гашт ва мақоми давлатӣ дарёфт. Ва Ҷамшед ба мардумон фармуд: «Худои таъоло шуморо халқ кардааст, бояд ки ба обҳои покиза тан бишўед ва ғўсл кунед ва ба саҷда ва шукри ў машғул бошед».
Пас аз ин нукта бармеояд, ки Наврўз аз даврони пайдоишаш мазҳари покию тандурустӣ, солимии ҷисму рўҳ, аз ботин пок сохтани кинаву кудурат, тозаю ороста нигоҳ доштани манзилу ҷои зист, сару либос ва тамоми ашёи рўзгор будааст.
Бесабаб нест, ки муҳаққиқи варзида Пашутан Санҷоно дар асари худ «Ҷашнҳои Эрони бостон» овардааст:
«Эрониёни бостон пеш аз он ки соли нав воқеъ шавад, саропои худро пок мешустанд, ҷомаи нав мепўшиданд ва бо сурудани Авесто ва анҷоми ташрифоти мазҳабӣ бар сари суфраи Наврўз, ки ба тартиби хос бо ширинӣ, шамъ, ойина, гул, сабза, нуқл, миҷмари оташ, уд ва соири хўрданиҳову ошомиданиҳои некў ороста мешуд, бо интизори шунидани садои нақораву дуҳули шоҳӣ, ки оғози Наврўз буд, менишастанд. Чун лаҳзаи Наврўз фаро мерасид, ибтидо сардори хонавода бархоста ва ба ҳар як аҳли хона се қошуқ асал бо се дона оби набот ва ширинию дигар бо се дона сиккаи заррин ё симин ва се барги сабз дода, ба онҳо табрики Наврўзӣ мегуфт. Сипас ҳамаи хонавода барпо истода, бо садои баланд Авестои тандурустиро месуруданд ва барои худу аҳли хонадон аз Аҳурамаздо умри дароз ва некномиву шодкомӣ ва фарохрўзӣ хостор мешуданд».
Наврўз он қадар муборак ва муқаддас шуморида мешуд, ки бисёр рўйдодҳои бузург ва рўзгору сарнавишти чеҳраҳои машҳури асотирӣ ва таърихиро бо он алоқаманд донистаанд. Аз ҷумла, дар манобеъи пешин чунин нукоте зикр гардида:
Дар рўзи Наврўз нахустин подшоҳи ҷаҳон Каюмарс ба олами ҳастӣ омадааст.
Ҳушанг – шоҳи Пешдодӣ дар ҳамин рўзи фархунда пой бар арсаи вуҷуд ниҳодааст.
Таҳмурас дар ин рўзи фаррух девони табаҳкору мардумозорро банд ниҳода, мардумро аз шарри онон раҳо кардааст.
Фариддуншоҳ дар рўзи Наврўз кишвари паҳновари Эрони бостонро дар миёни се фарзанди худ – Эраҷу Салм ва Тур тақсим кардааст.
Соми Наримон – қаҳрамони миллии қавмҳои эронӣ дар ин рўз ба саркўбӣ ва нобуд сохтани мардумозорон бархоста, бунёди зулму табаҳкориро вожгун сохта, осоиши мардуми кишварро пойдор сохтааст.
Зардушт дар ин рўз чашм ба олами равшан кушодааст.
Зардушт дар ҳамин рўзи муборак аз сўи Аҳурамаздо ба пайғамбарӣ баргузида шудааст. Ва Зардушт дар нахустин рўзи ҷашни Наврўз дар Вахшонзамин – нахустмеҳани ориёиҳо ваҳӣ гирифт ва сипас ба кўҳи Самангон рафта, даҳ соли умри хешро барои гирдоварӣ ва танзими паёмҳои худованд сипарӣ намуд.
Дар Самангон кўҳе бо номи Тахти Рустам то ба имрўз пойбарҷост ва ба андешаи бостоншиносон вай нахустин маъбадест, ки бевосита аз ҷониби Зардушт бунёд гардидааст. То ба ҳол меҳроби оташ ва курсии он маҳфуз мондааст, ки замоне дар ин макон шуълаи гулхани бузурге забона мезад ва дар партави он Наврўзро бо шукўҳи хоса таҷлил менамуданд.
Наврўз ҷашнест, ки бо нур, бо офтоб, бо шуълаи дурахшони оташ сахт алоқаманд аст.
Дар бисёре аз мамолики Машриқзамин дар ҷашни Наврўз то кунун оташафрўзӣ барпо мекунанд ва ин суннати воло аз фарҳанги ориёӣ сарчашма мегирад.
Қавмҳои ориёии бостон нурро мазҳаре аз фурўғи эзадӣ медонистанд ва парастиши офтоб низ аз он ҷост, ки он манбаъ ва мазҳари нуру рўшноист.
Аз он замоне, ки оташ кашф гардид, шабҳои торро равшанӣ бахшид ва нур бар зулмот пирўз гашт, оташ муқаддас дониста мешавад.
Оташе, ки дар саросари Тоҷикистон тамоми шаб зери дегҳои суманак фурўзон буда, мардум дар атрофи он мерақсанду мебозанд ва шодмонӣ мекунанд, аз даврони қадим маншаъ мегирад. Абурайҳонӣ Берунӣ оварда, ки барафрўхтани оташ дар шаби Наврўз поку бегазанд сохтан ва аз байн бурдани ҳамагуна фасод дар ҳаво мебошад.
Шоҳаншоҳони ҳахоманишӣ солшумории зардуштиро чун солшумории расмии давлатӣ пазируфтанд ва ба он арҷ бигзоштанд.
Дар аҳди Куруши Кабир ва Доро Наврўз чун ҷашни давлатӣ дар сатҳи бисёр олӣ доир мегашт.
Шаҳрёрони ҳахоманишӣ ҳар яке мекўшиданд, ки Наврўзро шукўҳу мақоми тозае бахшанд.
Чунончӣ, дар аҳди Дорои се дар маросими ҷашни Наврўз 365 ҷавон пероҳани сурх дар бар дар ҷашнгоҳ ҳозир мешуданд ва шоҳаншоҳро дуруд гуфта, бо низоми хоса аз назди ў мегузаштанд. Шоҳаншоҳ ба сўи онон даст меафшонд ва бадин тариқ соли куҳанро бо 365 рўзаш хайрбод мегуфт ва соли наву наврўзи навро истиқбол мекард.
Дар аҳди подшоҳони Форс пуршукўҳтарин макони баргузории ҷашни Наврўз Тахти Ҷамшед маҳсуб меёфт, ки он яке аз азимтарин ва зеботарин намунаи меъмории даврони бостон аст.
Сохтмони он тибқи маълумоти муаррихон дар замони салтанати Доро оғоз шуда, дар аҳди подшоҳии писараш Хашёршоҳ ба поён расидааст.
Дорои аввал хост, ки ҳамчун тимсоли бузургиву шаҳомат, ваҳдати маънавии қавмҳои ориёӣ, шукўҳу шаҳомати Наврўз ва мазҳари ифтихори миллии шаҳриёрони Форс пойтахте бино намояд, ки дар зери чархи гардун назире надошта ва то ҷовидон пойдор бимонад.
Ў дар 50-60 километрии шимолу шарқии Шероз дар саҳрои васеи Марвдашт, ки дар домони кўҳи Раҳмат воқеъ гаштааст, дар баландӣ макони босафо ва назаррабоеро писандида, тарҳи пойтахти навашро мегузорад.
Бо заҳмати беҳад гарони 20 ҳазор бинокорон, меъморон, тарроҳон, наҷҷорон, сангтарошон, кўҳканон, рассомону ҳайкалтарошон сохтмони Тахти Ҷамшед сад сол идома меёбад ва дар қалби сарзамини Форс пойтахти мармарин қомат меафрозад, ки чун ахтарони осмон медурахшид.
Достоне мебояд то зебоӣ ва шаҳомати онро таҷассум намояд.
Дару деворҳои Тахти Ҷамшед бо се ҳазор нақшҳои гуногун ва муҷассамаҳои асотирию ориёӣ оро ёфта буданд, ки ҳар кадоме бо санъати бисёр зебову нозук бинандаро ба ҳайрат меовард.
Шоҳони каёнӣ аз пойтахти худ Тахти Ҷамшед ифтихоре доштанд ва сафҳаи таърих аз шўҳрат ва баландии мақоми он мунаққаш гашта буд.
Донишманди фаронсавӣ М.Мула бар ин андеша аст, ки «ҳеҷ чиз омўзандатар аз гардиш дар харобаҳои Тахти Ҷамшед нест».
Муҳаққиқи Эрони куҳан Уместед Тахти Ҷамшедро маҳсули донишу хиради фарҳанги ориёӣ ҳисобида, таъкид менамояд:
«Ин кохҳо на танҳо мазоҳири қудрату шукўҳи импературии эрониёнанд, балки дар ҳамон ҳол намояндаи ваҳдату якпорчагии куллияи ҷавомее низ ҳастанд, ки ҳамасола дар Наврўз пешгоҳи шоҳаншоҳ бор меёфтанд ва бо тақдими ҳадяҳои барҷастаи мулки хеш тазмини дубора барои сулҳу амният мегирифтанд».
Чун лашкари Искандари яғмогар соли 330-уми пеш аз мелод ба сарзамини Форс расид ва дар баробари Тахти Ҷамшед қарор гирифт, Искандар гўё бо тилисме рў ба рў омад ва моту мабҳут гашт.
Бори аввал боргоҳе дид дар ғояти оливу шукўҳмандӣ ва аз ҳар дару девори он гўиё хуршед медурахшид ва зери анвори дурахшони он сутунҳои баланду барҳаво, пайкараҳои азим ва кохҳои сар ба само ҷило медоранд.
Искандар ва лашкараш Тахти Ҷамшедро ҳалқавор печониданд.
Роҳнамои Тахти Ҷамшедро ҳозир намуданд, то асрори ин пойтахти сангинро ба Искандар боз кунад.
- Қасри Дорост ин, - сухан оғоз кард роҳнамо. – Қасрест барои тоҷгузорӣ, пазироии меҳмонони баландпоя, маконест барои бузургдошти ҷашни Наврўз. Наврўзро, ин ҷашни хосаи шаҳриёрони Форсро бисту як рўз бо тамоми зебоию шаҳомат дар ҳамин макон таҷлил менамоянд. Меҳмонони воломақом аз Машриқу аз Мағриб дар рўзи ҷашни Наврўз рў ба ин даргоҳ меоваранд ва аз ҷониби шоҳаншоҳ пазируфта мешаванд.
Бо шунидани ин суханҳо кину адовати Искандар ба ҷунбиш омад.
Роҳнамо қасрҳоро, пайкараҳоро, сутунҳои муннақашро, манзараҳои ҳарбу зарб бо аждаҳоро, толорҳои бошукўҳу назарраборо як-як ба Искандар шарҳу баён менамуд. Чун ба қасри Садсутун расид, иброз дошт:
- Ин кохест, ки чор ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Шоҳаншоҳ ҳулули соли навро, фарорасии Наврўзро бо шукўҳу тантана дар ҳамин ҷо таҷлил менамояд.
Аз шунидани номи Наврўз Искандар ба изтироб омад ва ба худ андешид:
«Аҷаб ҷашнест ин Наврўз, ки ба ифтихораш чунин кохе бино кардаанд».
Дар як гўшаи дили Искандар кинаи сахте нисбат ба Наврўз, ин ҷашни мардуми ориёӣ, падид омад.
Чун вориди кохи Дориюш гаштанд, ҳайрати Искандар боз ҳам афзуд ва торҳои ноаёни ҳасуд чун торҳои анкабут ба атрофи пайкараш печидан гирифтанд.
Кохро 36 сутун бо баландии қариб 20 метр бар дўш медоштанд ва он 12 ҳазор метри мураббаъ вусъат дошт.
Доро дар нақше дар ҳолате тасвир шуда, ки намояндагони 23 кишварро, ки таҳти ҳокимияташ қарор доштанд, пазироӣ мекард ва ҳадяҳое аз онҳо дарёфт менамуд. Дар кохи дигар 28 нафар намояндагони кишварҳои тобеъаш тахти шоҳиро бар рўи даст бардоштаанд, ки болои он Доро ва писараш Хашёршоҳ менишастанд.
Чашмаш ба деворе афтод, ки марди ҷасури ориёӣ ханҷар бар дили Аҳриман мезад ва он дар намуди аждаҳо тасвир шуда буд. Аз дидани он ба ваҷд омад ва чунин пиндошт, ки он ханҷар на ба дили аждаҳо, балки ба дили ў зада мешуд.
Ба кохи сангине ворид шуд, ки он макони пазироии писари Доро Хашёршоҳ буд. Кох бар рўи сад сутуни сангӣ, ки ҳар кадом 12 метр баландӣ дошта, дар даҳ қатор ҷойгир шуда буданд, пойдору устувор меистод. Дар нақшҳои назаррабои кох маросими таҷлили Наврўз ҳаккокӣ шуда буд. Подшоҳ бо ифтихор бар тахт менишаст ва дар рў ба рўяш аз ду оташдон гулхан фурўзон буд.
Шоҳ дар як даст гул, дар дасти дигар асои салтанатӣ мунтазири пазироӣ ва қабули туҳфаҳои Наврўзист.
Искандар ҳар қадар, ки бо Тахти Ҷамшед, бо меъмории беназир, бо тасвирҳо ва муҷассамаҳои пурҷило шинос мешуд, донишу хираду ақлу заковаташ дар баробари онҳо ва фарҳанги ориёӣ вожгун мегашт. Ў мепиндошт, ки ном ва шуҳрати оламгираш чун шишаи нозуку пурҷилоест, ки ба сутунҳои мармарини Тахти Ҷамшед бархўрда, пора-пора мешаванд.
Он ҳама шавкату шаҳомати давлати пуриқтидор ва нопайдоканораш дар баробари Тахти Ҷамшед ва шукўҳу ҷашни Наврўз лаҳза ба лаҳза ночизтар ва забунтар мегардид.
Искандари ташнаи шуҳрату давлату сарват бо хештан дар гуфтугў буд: «Оё меарзад, ки шоҳони Форс ва сарзамине, ки имрўз мутеи мост, шоистаи чунин пойтахт ва чунин кохҳои сар ба гардун бошанд? Магар лашкари Форс дар Юнон қасрҳову кўшкҳоро кам ба хок яксон карда буд? Ва оё фурсати интиқом фаро нарасидааст?»
Эҳсоси интиқом Искандари кинаҷўро аз хештан бегона месохт.
Ниҳоят, Искандар дар ҳолати мастию мағрурию нописандӣ ва оташи интиқом мудҳиштарин фармони худро дар таърих содир кард ва ба лашкари харобкораш рў оварду гуфт:
- Эй, лашкари ҷаҳонгиру фотеҳ! Оё подшоҳи сарзамине, ки имрўз зердасти мост, меарзад сазовори чунин пойтахте бошад?
- На, ҳаргиз! Ҳеҷ гоҳ! – баланд шуданд садоҳо.
- Пас вожгун бод қасри Доро! Маҳв бод Тахти Ҷамшеду Наврўзи ориёӣ! – мадҳушона наъра зад Искандар.
- Вожгун бод, нест бод, маҳв бод! – ҳазорон садоҳо ба фалак печиданд.
- Оташ! – фарёд зад Искандар. – Оташ! Пойтахти Дороро ба оташ кашед! Бигзор, дар рўи замин ному нишоне аз он боқӣ намонад! Оташ занед онро!
Забонаи оташ баланд шуд. Замин месўхт, пойтахти мармарини Доро аланга мезад, кохҳои муҷаллову сар ба само месўхтанд, нақшҳо ва пайкараҳо оташ мегирифтанд. Қасри дар ҷаҳон овозадори Доро ба анбўҳи бузурги хокистари сўзон табдил ёфт.
Оқибат, аз Тахти Ҷамшед 13 сутуни сўхтаву нимсўхта ба ёдгор монд.
Искандар пиндошт, ки сарзамини Форс ва ҷашни Наврўзро маҳву нобуд ва аз сафҳаи рўзгор пок сохтааст.
Аммо пиндошти Искандар ботил гашт ва мақсади шумаш ҷомаи амал напўшид. Чун дар айёми ҷавонӣ аз олам даргузашт, давлати пуриқтидораш рў ба завол ниҳод, дар зери чархи гардун на Искандар монду на шукўҳи салтанаташ. Ва умуман, кам набуданд ҳокимони давру замон чун Искандар, ки нисбат ба Наврўзи ориёӣ хусумат меварзиданд ва мехостанд онро аз рўи Замин пок созанд. Онҳо ҳама ба як каф хоки сиёҳ табдил ёфтанд, аммо Наврўз фотеҳона сар ба осмон кашида, сайри таърихии худро давом медод. Кист он кас, ки қонунҳои азалии Кавну Макон ва Олами Сағиру Кабирро нодида бигирад? Ҳеҷ кас!
Дар ин иртибот ба ёд овардани суханони асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон айни муддаост, ки мегўяд:
«Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврўзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст. Наврўз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую армон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тўли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро аз газанди рўзгорон ҳифз кардааст.»
Имрўз аз харобаҳо ва бозмондаҳои Тахти Ҷамшед, Суғду Саразм, Балхи бостон ва аз Кайқубоду Тахти Сангин, Афросиёбу Варахша ва садҳо шаҳрҳои сўхтаву харобгардида садои мутантан ва дилошўби ҷашнҳои наврўзӣ, ки ниёгони мо бо шўру шавқ барпо мекарданд, ба гўш мерасанд ва чун занҷирҳои тиллоӣ моро бо гузаштаҳои басо дури таърихи аҷдодон ба таври ногусастанӣ мепайванданд.
Наврўз ба сайри таърихии хеш идома медод ва чун давлати тавонои Сосониён дар арсаи таърих падид омад, он аз нав бар тахти салтанат биншаст ва чун дар аҳди Курушу Доро нерўи тоза ва беандоза пайдо кард.
Ардашери Бобакон – поягузори давлати Сосониён ва 29 нафар шоҳзодагони дигар, ки сулолаи Сосониёнро 450 сол пойдору устувор нигоҳ доштаанд, Наврўзро чун ҷашни миллӣ баргузиданд.
Махсусан дар аҳди Хусрави Парвиз Наврўз шаҳомат ва таровати беандоза пайдо кард. Ба ҷўшу наво оварандаи ҷашни Наврўз дар он даврон Борбади нағмапардоз буд.
Оварданд, ки Борбад ба хотири роҳ ёфтан ба дарбори Хусрави Парвиз зодгоҳаш шаҳри Марвро тарк намуда, сўи Тайсафун- пойтахти Сосониён рў меоварад. Аммо Саркаш – сарвари аҳли ҳунари дарбор садди роҳи ў мегардад ва тамоми роҳҳои расидан ба дарбор ба рўяш баста мешаванд.
Чун Борбад дармеёбад, ки Хусрави Парвиз дар боғи хусравонӣ ба ифтихори Наврўз маҷлиси айшу тараб меорояд, бо ёрии боғбон Мардуй болои дарахте, ки ба нишастгоҳи шоҳ наздик буд, бо либосу сози сабз мебарояд ва баргузории тантанаҳои наврўзиро наззора менамояд.
Чун Хусрави Парвиз ба ифтихори Наврўзи фархунда ҷом мебардорад, ҳамон лаҳза Бобад бо овози булбулосои худ ба нағмарпардозӣ медарояд. Ҳама ангушти ҳайрат мегазанд ва гумон мекунанд, ки он садо аз само меояд.
Ҳар дафъа, ки ҷомҳо бардошта мешуданд, як суруди тоза танин меандохт ва шоҳаншоҳу аҳли базмро аз худ бехуд мекард.
Бо амри шоҳ тамоми гўшаву канори боғро ҷустуҷў мекунанд, овозхони асрорангезро наметавонанд пайдо намоянд. Он гоҳ Хусрави Парвиз эълон менамояд, ки агар сарояндаи сурудҳои асроромез худро ошкор созад:
Даҳону бараш пур зи гавҳар кунам
Бар ин рудсозон-ш меҳтар кунам.
Чун Борбад худро ошкор месозад, Хусрави Парвиз бо сарафрозию хушнудӣ ўро истиқбол менамояд ва базму тараби наврўзӣ боз ҳам пурҷўштар ва ғулғулаангезтар мегардад. Борбад бо завқу илҳоми фурўзон навоҳои наврўзӣ месуруд ва оташи шавқу сурур дар дили Хусрави Парвиз забона мезад.
Оҳангҳои шўрангез ба дилҳо шарар меангехтанд ва ҳар боре, ки шоҳаншоҳ ба ваҷд меомад ва Борбадро «Зеҳ!» мегуфт, ҳамон замон ба вай дурру гавҳари фаровон ва хилъатҳои заррин нисор мекарданд.
Ҳангоме ки Борбад ба даргоҳи Хусрави Парвиз роҳ ёфт ва шоҳи ромишгарон гардид, бист сол дошт.
Зери сарварии Борбад устодони номваре чун Саркашу Саркаб, Накисо, Озодвори Чангӣ, Гесуи Навогар, Бомшоду Ромитин маҳфилу базмҳои шоҳи сосониро ва бештар аз ҳама фарорасии соли наву Наврўзи фархундапайро васфу ситоиш мекарданд ва шуҳрати дарбори Хусрави Парвизро бар чор самти олам густариш медоданд.
Шоҳаншоҳи ромишгарони дарбори Хусрави Парвиз Борбади сеҳрофарин бо таснифоти хеш – ҳафт достони «Хусравонӣ», 30 лаҳни гуногунтаркиб ва 360 таронаи мухталиф дар тантанаҳои наврўзӣ устодонаву соҳирона ҳунарнамоӣ мекард. Даҳҳо оҳангҳояш бевосита бо Наврўз иртибот доштанд ва таронаҳое амсоли «Наврўз», «Наврўзи Аҷам», «Наврўзи бузург», «Наврўзи Сабо», «Нози Наврўз», «Боди Наврўз», «Гул», «Най бар сари баҳор», «Нўшинбод» силсилаи Наврўзномаи Борбадро ғанитару рангинтар месохтанд. Ин силсилаи оҳангу таронаҳо бузургиву шаҳомат ва ҷовидонии Наврўзро бо тамоми зебоиву назокат васфу ситоиш мекарданд. Зеро дар аҳди Сосониён шукўҳмандтар ва дилнишинтар аз Наврўз ҷашни дигаре вуҷуд надошт.
Суруду навоҳои Борбад аз фарҳанги бузурги ориёӣ, аз андешаҳои фанонопазири Зардушту таронаҳои авестоӣ, аз муқаддасоти заминиву кайҳонӣ шодоб гашта буданд. Ба андешаи соҳибназарон «Борбад устоди устодон ва муғании муғаниён буд» ва ба қавли Амир Хусрави Деҳлавӣ авҷи навоҳои Борбад то коинот танинандоз гашта, Зўҳраро ҳам ба рақс меовард:
Навои Борбад бар моҳ мешуд
Дили Зўҳра зи раҳ бе роҳ мешуд.
Ба руд аз ҳар тарона об мерафт
Ба ҳар сў одамӣ дар хоб мерафт.

Навоҳо ва лаҳнҳои Борбад дар асру замонҳои вопас дар ҷавҳари оҳангу таронаҳои мардумони Машриқзамин ворид шуда, онҳоро рушди тозаву умри абад бахшидаанд. Мактаби ҳунарии Борбад фарҳанги ориёиро ба зинаҳои баланди тараққиёт расонид.
Чун пас аз 200 соли салтанати Хилофат хуршеди давлати Сомониён дар саросари Мовароуннаҳру Хуросон тулўъ намуд ва истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ пойдор гашт, ҷашни Наврўз чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро ва Хусрави Парвезу Борбад аз нав мақоми давлатӣ касб кард ва эътибору шаҳоматаш борҳо афзун гашт.
Шўҳрат ва азамати давлати Сомониён ҷаҳони он замонро фаро гирифт ва бори аввал дар таърих «асри тиллоӣ» - и тоҷикон арзи ҳастӣ намуд. Дар он даврон фарҳанги миллӣ ва забони дарӣ - тоҷикӣ мисли чеҳраи пурфурўғи Наврўз чаман – чаман шукуфтанд, тароват ва ҷилои тоза пайдо намуданд.
Файласуфи маъруф Акбари Турсон оид ба ин даврони файзбори таърихи мо ба ин мазмун изҳори андеша намудааст:
«Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ – зода ва парвардаи ҳамин даврони ҳумоюнфар буданд, ки аз рўи хайру баракаташ фасли баҳори монавитабъро мемонд. Ончунон як баҳори пурфайзу пурамале, ки дар арзи он илму адабу ҳунари мардумони ориёинажод боғ – боғ шукуфта, бо накҳати анбаринаш ҳама оламро гирифта буд. Хуршеди ин фасли пурнуру пурбори таърих аввал дар осмони маънавии Хуросону Варорўд тулўъ кард, сипас ба домани Озарбойҷону Эрони кунунӣ дурру гуҳар кашид ва минбаъд сарзамини Ҳиндро шукўҳ дод».
Устод Рўдакӣ – пешвои таънавии давлати Сомониён ва шогирдону ҳамсафонаш бо забони ноби порсии дарӣ – тоҷикӣ ашъори наврўзӣ месуруданд ва маҳфилу базмҳоро шуқўҳи хоса мебахшиданд.
Сафобахштарин макони баргузории ҷашни наврўзии шаҳриёрони Сомонӣ боғу бустонҳои хурраму шукуфон, ҷўйборҳои сероб ва обу ҳавои анбарафшони Ҷўи Мулиён буд.
Нағмаҳои наврўзии Рўдакӣ дар Ҷўи Мулиён бо нағмаҳои мурғони чаман ҳамово мегашт:
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед
Сор аз дарахти сарв мар ўро шуда муҷиб.
Сулсул ба сарвбун – бар бо нағмаи куҳан
Булбул ба шохи гул – бар бо лаҳнаки ғариб.
Соқӣ гузину бодаву май хур ба бонги зер,
К-аз кишт сор ноладу аз боғ андалиб.
Агар боди наврўзӣ ва насими анбарафшони субҳгоҳӣ бихоҳанд, ки оҳангеро замзама кунанд, беҳтар аз суруди Рўдакӣ навои дигареро наметавонанд пайдо намоянд.
Он саҳни чаман, ки аз дами дай
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ
Пурнақшу нигор ҳамчу жанг аст.
Сарзамини нопайдоканори Сомониён ба ҷавлонгоҳи воқеии Наврўз табдил ёфт ва садои ғулғулафкани он бар фарози шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Чочу Марв, Хоразму Фарғона, Балху Ҳирот, Ғазнаву Тўс, Нишопуру Систон, Суғду Хуҷанд, Хатлону Бадахшон ва шаҳрҳои дигар баланд гардид ва дар атрофу акнофи кишвар танин андохт.
Дар Балхи бостон ба ифтихори Наврўзи зарринқабо аз замири қалби Робиа абёти баҳорӣ ба сони ҳазордастон садо медод:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст
Ки гул ранги рухсораи Лайло гирифт.
Наврўзро дар Марви куҳан ашъори адибоне, ки аз ин сарзамин бархоста буданд, таровату шаҳомат мебахшид. Мардуми Марв бо шеъри шевои Кисой қудуми мубораки Наврўзу навбаҳорро дуруд мегуфтанд:
Боди сабо даромад, фирдавс гашт саҳро
Ороста бустонро найсон ба фарши дебо.
Омад насими сунбул бо мушку бо қаранфул
В-оварда номаи гул боди сабо зи саҳбо.
Олам биҳишт гашта, анбарсиришт гашта
Чун нақши навбаҳорӣ озодтабъу барно.
Пас аз заволи давлати Сомониён низ азамати Наврўз коҳиш наёфт, вай пирўзмандоне пеш мерафт ва аз чеҳраи пурнураш кошонаҳо равшан ва дилҳо мунаввар мегаштанд. Ин ҷашни фархунда шукўҳмандонаву музаффарона аз канораҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш ва аз кўҳсорони Қафқоз то халиҷи Форс доман густурда, дар дилу дидаи мардумон маъво мегирифт ва дар ин сарзаминҳои бекарон ашъори шоирони тоҷик боз ҳам шевотару дилангезтар баҳору Наврўзро тараннум мекарданд.
Нағмапардозиҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз Қунияи сарзамини Рум ба ҷонҳо ҳаловат мебахшид:
Омад баҳор, эй дўстон, манзил ба сарвистон кунем
То бахти дар рў хуфтаро чун тахти сарвистон кунем.
Эй, ғунча гулгун омадӣ, в-аз хеш берун омадӣ
Бо мо бигў чун омадӣ? То мо зи худ хезон кунем.
Эй, булбул омад доди ту, ман бандаи фарёди ту
Ту шоди гул, мо шоди ту, кай шукри ин эҳсон кунем.
Аз Шероз садои шеъри Саъдӣ ба гўш мерасид, ки бўстонҳо ва гулистонҳоро ҳусну таровати тоза мебахшид ва ишқи инсонро ба табиат афзун менамуд:
Булбулон вақти гул омад, ки биноланд аз шавқ
На кам аз булбули мастӣ, ту бинол, эй ҳушёр.
Одамизода агар дар тараб ояд, чи аҷаб
Сарв дар боғ ба рақс омадаву беду чинор.
Муждагонӣ, ки гул аз ғунча бурун меояд
Сад ҳазор ақча бирезанд дарахтони баҳор.
Аз Ҳиндустон нағмаҳои Амир Хусрав ба гуш мерасад, ки бо ғунчаи бишкуфтаву боди сабо рози дил мегўяд:
Гул ба тамошои суман меравад
Бод ба гулгашти чаман меравад.
Оина гаштаст зи акси суман
Об, ки дар зери суман меравад.
Душ шунидам, ки ба ҳар маҷлисе
Аз даҳани ғунча сухан меравад.
Вақти баҳор омаду ҳангоми гул
Оҳ, ки ёр аз бари ман меравад.
Дар Ҳирот шеъри Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Наврўзи гул ба сар ва гул ба домонро дуруд мегуфт:
Мехиромад сўи бустон шоҳиди раънои гул
Меравад оби равон, то сар ниҳад дар пои гул.
Тофт абр аз сим ришта, сўзан аз зар сохт меҳр
То сабо дўзад қабои лутф бар болои гул.
Ҷилваи гулро бувад чизеву рои рангу бўй
Нест бе чизе, ки булбул шуд чунин шайдои гул.
Салмони Соваҷӣ айёми тарабангези Наврўзро, ишқи шўрангези гулу булбулро бо шавқи хурўшон тараннум мекард:
Чаман аз булбулу гулбарг навое дорад
Олам аз талъати Наврўз сафое дорад.
Бар сари пардаи гул пардасаро шуд булбул
Ростӣ, гул ба назар пардасароӣ дорад.
Садои ашъори наврўзии шоирони тоҷик дар ҳеҷ асру замоне аз даврони Рўдакӣ то кунун ҳаргиз хомўш нашудааст ва он торафт баландтару гуворотар танинандоз гардида, Наврўзи Аҷамро бо тамоми олами зебоӣ ва қудрату шаҳоматаш васфу ситоиш менамояд.
Наврўз аз замони зуҳури тамаддуни ориёӣ, аз даврони Зардушту “Авесто” то кунун тавоннистааст ҳазор андар ҳазор монеаву шиканҷаҳо, ситамкориҳою беадолатиҳо ва зулму бедодро сипарӣ намояд, аммо дар ҳеҷ давру замоне сар ба таслим фуруд наёвардааст. Зеро вай реша ба умқи Замину сар ба сўи Коиноти бекарон афрохтааст.
Наврўз аст, ки руҳу ҷони инсонро ба ҷунбиш меоварад, мардумро ба сайри гулшану саҳро мебарад, зебоӣ ва саховати табиатро дар замири дилҳо ҷойгузин месозад, ишқро ба ҳаёт, ба зиндагӣ, ба Заамин-модар, ба олами ҳастӣ, ба ёру диёр афзун мегардонад.
Хоҷа Ҳофиз бо каломи малакутии хеш мардумонро ҳушдор медиҳад, ки «Ҳон, бархезед, ба гулшану боғу бўстон рў оваред ва аз ҷамоли оламорои Наврўз чароғи дилро фурўзон нигаҳ доред!»
Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ.
Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти маи лаъл аст
Ки зад бар чархи фирўза сафари бахти фирўзӣ.
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ
Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биомўзӣ.
Баробари ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудани Тоҷикистон Наврўз аз сари нав бузургиву шаҳомат, зебу зинат, ҳусну ҷамоли беандоза ва ҷавонии ҷовидонӣ дарёфт.
Навруз яке аз шоҳсутунҳои тиллоии кохи давлат ва истиқлолият гардид ва бо руҳи зиндагисоз, эҳсоси ватандўстӣ, посдории сунатҳои миллӣ, бо ифтихори таърихӣ ва хештаншиносии тўдаҳои мардум пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Наврўз мунодии сулҳу субот, дўстиву рафоқат, ҳамраъиву ҳамдилии халқҳо эътироф гашта, ба нерўи ҳидоятгар ба сўи рўзгори орому осуда ва ҳаёти гул – гул шукуфон табдил ёфт.
Шоирони даврони истиқлолият чун дар аҳди Оли Сомон бо забони ширин ва нобу шевои дарӣ - тоҷикӣ Наврўзро бо тобишу ҷилоҳои гавҳаросояш васфу ситоиш менамоянд. Дар тасвири онҳо Наврўз айёми саодатбахшест, ки бо сарсабзиҳо ва гулафшониҳо дилҳоро пурнур ва ба хурўш оварда, орзуву ормон, мақсадҳои наҷибу олӣ ва пиндору гуфтор ва рафтори некро дар замири мардум шўълавар месозад.
Шоири мумтоз Лоиқ Шералӣ дар васфи Наврўзу баҳори оламоро бо шурў шавқ нағмасарои мекунад:

Эй ҷамоли баҳру бар шод омадӣ,
Эй баҳори сабзу тар шод омадӣ.
Дар дилам кардӣ назар бо чашми гул,
Гулҷамолу гулназар шод омадӣ.
Аз қадамҳоят дилам гул мекунад,
Эй арўси раҳгузар, шод омадӣ.
Дар раги ҳар майсаат маҷрои ризқ,
Баҳри абнои башар шод омадӣ.
Эй, биё, гул гуфтаву гул бишнавем,
Гул ба домон, гул ба сар, шод омадӣ.
Наврўзи даврони Истиқлолият бо файзу баракати хеш хуршеди меҳру муҳаббат, дўстиву садоқат ва сулҳу суботро нурафшон мегардонад. Наврўз баёнгари ифтихори таърихӣ, симои сиришти маънавӣ, орзую ормон ва дўстиву рафоқат миёни мардумон гардид. Наврўз ба оинаи пурҷилое табдил ёфт, ки дар он чеҳраҳои шоду хуррам, бахту иқболи баланд ва рўзгори фирўзи ҳар як сокини Тоҷикистон равшану дурахшон таҷассум ёфтааст. Наврўз аз мавҷи хурсандӣ, шодию нишот, шўру шавқ ва хандаҳои дилангези кўдакону ҷавонон ва куҳансолон шукўҳи тоза ёфта, барнотар, дилангезтар ва нерўманду тавоно мегардад.
Шоир Ҳақназар Ғоиб Наврўзи дўстиву ҳамдилӣ ва бародариро бо оҳанги шевое тараннум мекунад:
Насими дўст меояд зи файзи боди Наврўзӣ,
Гули дидор аз он ояд барои синаафрўзӣ.
Ба дилҳо мужда меорад зи панди пири шерозӣ,
Ба ҷон ҳарфи бақо дораш кунад аз меҳр гулдўзӣ:
«Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад».
Наврўзу баҳори фархундапай бо сад накҳату ороиш аз рўзгори хушу мардуми сарбаланди тоҷик мужда расонида, ба дилҳо нуру сафо мебахшанд. Наврўз бо нурҳои тобони хуршеди баҳорӣ, бо насими фараҳбахш ва атромез, бо садои суруду мусиқӣ, бо барангехтани шўру шавқу шодӣ зиндагии инсонро гуворотару ширинтар ва рангинтар месозад.
Шоира Гулрухсор эъҷозкориҳои фасли баҳору Наврўзро бо камоли шавқ месарояд.
Навбаҳор асту гулу хор ғазал мехонад,
Шарару шаршараву нор ғазал мехонад.
Чашм накшода ба руйи адам аз тўри ҳарам,
Ғунча андар бағали хор ғазал мехонад.
Бодаро шўри ниҳон асту шари хуни разон,
Бод аз накҳати гулзор ғазал мехонад.
Наврўз анвори дурахшон ва заррини хуршеди истиқлолият аст, ки роҳи Тоҷикистони озоду соҳибиқболро ба сўи пешрафту тарақиёт ва ояндаи тобону дурахшон мунаввар месозад. Дар айёми тантанаҳо ва ғулғулаҳои ҷашни Наврўз гулбонге бар фарози сарзамини хуршедсимои мо ба наво меояд:
Тоҷикистон, ҳама рўзат Наврўз бод ва Наврўзи бахту иқболат пирўз бод!
Олам ҳама хандон шуд, Наврўз муборак бод!
Лабҳо шакаристон шуд, Наврўз муборак бод!
Шамси саҳарӣ хандон, шоми қамарӣ хандон,
Абр омаду борон шуд, Наврўз муборак бод!
(Ҳақназар Ғоиб).

Муовини аввали ҲХДТ, профессор Фаттоҳзода С.С.




рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин