Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон густариш меёбад

Чанде қабл дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон нахустин Форуми байналмилалӣ оид ба саёҳати зиёратӣ баргузор гашт.
Дар кори Форум зиёда аз 150 нафар намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз 34 мамлакати дунё, аз ҷумла, Миср, Туркия, Индонезия, Малайзия, Тоҷикистон, Қазоқистон Ҳиндустон, Покистон, Сингапур, Россия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Мақсади гузаронидани форум рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар инкишофи сайёҳии зиёратӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Тавре ба АМИТ "Ховар" аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Мақсади ташрифи ҳайати Тоҷикистон дар Ўзбекистон табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва муҳокимаи лоиҳаҳои муштараке, ки ба рушди иқтидори сайёҳии ду кишвар равона шудааст, инчунин омўзиши кадрҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.
Дар заминаи форум иштирокдорони он аз маконҳои ҷолиби сайёҳии Ўзбекистон боздид намуданд.
Тибқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон, ҳамкорӣ ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конференсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ўзбекистон нигаронида шудааст.
Ҳамчунин, дар доираи созишномаи мусофирати мутақобила шаҳрвандони ду давлати ҳамҷавор - Тоҷикистон ва Ўзбекистон ҳуқуқ доранд, ки ба муҳлати 30 рўз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи "дарҳои боз"-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорҳои мутақобилан судманд дар бахши сайёҳӣ бо кишварҳои олам густариш ёфта истодааст.
Ҳоло ҳамкориҳои байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ўзбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ амалӣ гардида истодааст. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳон зимни саёҳати худ якбора аз се кишвар Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон дидан намоянд.
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар минтақа дар рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ иқтидори бузург дорад.
Аз ҷумла, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбоди ноҳияи Шаҳритус, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кўлоб, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Мақбараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Қалъаи Балҷувон, Қалъаи Мўъминобод, ёдгориҳои мамнўъгоҳи Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан аз зумраи ёдгориҳое мебошанд, ки бо муаррифии онҳо ба рушди сайёҳии зиёратӣ метавон тақвият бахшид.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин