Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Дар кохи фарҳанги "Суғдиён" - и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-умин солгарди таъсисиёбии ҲХДТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалии "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - нерўи пешбари ҷомеаи муосир" баргузор шуд.
Дар кори он роҳбарияти вилояти Суғд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии вилояти Суғд, олимону муҳаққиқон ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки: -Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати нерўи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрўз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд...
Аз гузориши роҳбари вилояти Суғд маълум шуд, ки пайвастан ба ин ҳизби созанда дар шимоли кишвар сол аз сол меафзояд. Аниқтараш, агар соли 2017 шумораи аъзои ҳизб дар миқёси вилоят 127 ҳазору 996 нафар ва дар 1255 ташкилоти ҳизбӣ сарҷамъ шуда бошанд, пас ин рақам дар соли гузашта ба 134 ҳазору 902 нафар расида, фаъолияти онҳо дар 1286 созмони ибтидоӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар конфронс муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода дар мавзўи "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таҳкими ҷомеаи демократии муосир", узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Ҷамшед Ҷўразода дар мавзўи "Рисолати таърихии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи маънавибунёд", мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Саидмурод Мамадов ва сармуҳаррири нашрияи ҲХДТ дар вилояти Суғд-рўзномаи "Сухани халқ" Бобоҷон Қурбонов дар мавзўи "Саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешрафти ВАО" маърўза карданд.
Баъдан конференсия дар бахшҳои мухталиф кори худро идома дода, бо қабули эъломия кори худро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин