Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Соҳибкорони Суғду Фарғона ҳамкорӣ хоҳанд кард

Соҳибкорони Суғду Фарғона ҳамкорӣ хоҳанд кард
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ҳафтаи гузашта гурўҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Шўҳрат Ғаниев ҷиҳати иштирок дар вохўрии соҳибкорони вилоятҳои Суғду Фарғона ба шаҳри Конибодом ташриф овард.
Вохўрии соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар кохи фароғатии "Шоҳона" - и шаҳри Конибодом баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ин ду вилояти бо ҳам дўсту ҳамсоя, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.
Вохўриро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, аз тавсеа ва густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвари дўст, ки дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бармеоянд, ҳарф зад.
Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии хеш аз таҳкими ҳамкориҳои судманди минтақавӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки вилоятҳои Суғду Фарғона аз қадим бо ҳам робитаҳои устувори ҳамҷаворӣ доштанд ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони кишварҳо ин равобит густариши тоза касб менамояд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд маълумот дода, аз имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф изҳори назар намуд.
Ҳокими вилояти Фарғона Шўҳрат Ғаниев низ суханронӣ намуда, дар боби дўстию ҳамкорӣ ва рафоқати мардуми тоҷику ўзбек ҳарф зад. Таъкид карда шуд, ки маҳз иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳоямон буд, ки имрўз ҳамкориҳо, муҳимтар аз ҳама, дўстиву рафоқати мардум таҳким меёбад.
Дар вохўрии мазкур роҳбарони корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилоятҳо иштирок намуда, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.
Баъди иштирок дар вохўрии доираҳои соҳибкорӣ ҳокими вилояти Фарғона Шўҳрат Ғаниев ва ҳайати ҳамроҳаш ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳайати меҳмононро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин