Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

ФАРҲАНГИ МУНОСИБАТ БО ВАТАН

Дар ин рўзгоре, ки бар асоси вобастагии гузашта, тасодуфҳои имрўз ва биму тардиди фардо дар андешаи раҳо шудан қарор дорад, кўшишу талоши дурусту бамаврид барои зиндагии шоиста доштан, амри муҳим ба шумор меравад. Ин шакли зиндагиро танҳо метавонад ҷомеае барпо кунад, ки рўҳ ва завқи умумӣ дошта бошад, зеро танҳо ин умумият боиси зуҳури як ҳадаф - ҳадафи умумӣ мегардад.
Аслан, умумият дар натиҷаи нишон додани вижагиҳо ё тафриқаи объектҳои манзури таваҷҷуҳ зуҳур меёбад. Аммо ваҳдати миллии тоҷикон далели фаровон бар рўҳу сиришти ягонаи мост, яъне умумияту таносуби осебнопазири як миллати бузурге бо номи "тоҷик" маҳсуб мешавад. Сабаби аслии чунин тавфиқи ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, ба таъмини волоияти қонун, муҳофизати ҳуқуқи озодӣ ва ташаккули адолати иҷтимоӣ дар кишвар марбут аст.
Омили ягонаи озод будан ва ба ҷо овардани эҳтироми қонуни Ватан бо такя бар виҷдон ва фазилати шахсист, зеро дар ҳолати акс инсон худро шояд аз хештан ҳам наҷот дода натавонад.
Завқи омўхтани тамаддуну таърихи як ҷомеа низ аз шинохтани шахсиятҳои таърихӣ ва мутааллиқи дунёгаштаи он оғоз мегардад - ашхосе, ки бо такя ба эҳсоси зебову нодири инсондўстӣ зебо зистанд ва зиндагиномаашон дар ҳама давру замон гарму хуш истиқбол гардид. Агар зиндагӣ муносибат бо табиату ҷомеа бошад, пас зиндагие, ки бар пояи ахлоқ ва, умуман, бар пояи ваҳдат аст, шакли олии он маҳсуб мешавад.
Ҳар иқдоми саодатофаранда, ҳар як дастоварди рўзгор ва, умуман, фатҳи зинаҳои комгорӣ бе тардид падидаи навбатиест, ки дар партави мунаввари таассурот ва тараннуми соҳибистиқлолии мо, тавассути талошҳои пурсуди Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба зуҳур мерасад. Тулўи офтоби истиқлолият авҷи давлатдорӣ, зуҳури андешаи муқаддаси миллӣ ё санъати баланду мондагори ватандории тоҷикон аст, ки он маҳзари ростин, манзалати воқеии адабӣ ва маънавию рўҳии кишвари мо гаштаву дар ин ҷода нақши рўшани ваҳдати миллиро низ бо тамомияти дахлпазирӣ мукарраран нишон дод. Роҳ ёфтани ин накукории бархоста аз рўҳи тавонову беосеби як миллат ва ин табаддулоти бузург ба ҳақиқат зеботарин зуҳуроти таърихӣ ва омили эҷоди эътимод ба ояндаи пурнури Ватан гардид. Яъне, ин ҷо санъате дар санъат аст ва арзиши ин муққадасотро танҳо рафтори муаддабонаи ҷомеа, бахусус насли ҳамсоли истиқлолият метавонад муайян созад.
Истиқлолият бо тақозои ҳаёт ва бо ҳадафи бартараф кардани маҳдудияти озодии иқтисодию сиёсиву фарҳангӣ, ки ҳавасмандии ҷомеаро дар ривоҷу шукуфоии мамлакат монеъ мегардид, ба воқеияти рўшану раднопазир табдил ёфт ва ибтидои марҳалаи нави таърихии давлати тоҷикон гашт. Ба шарофати он имрўз роҳи муносибати Сарвари давлат бо ҷомеа мунаввару сапед аст ва маҳз ҳамин таъниси ҷовидонаи ин ҷонибҳои мазкур василаи муҳимтарини ба сомон расидани сиёсати ватанӣ маҳсуб гардида. Пайвастан ба марҳалаи истиқлолият лаҳзаи тавассути симои вежаи тоҷикона пайдо шудани Тоҷикистон дар саҳнаи дунё - пешорўи ҷомеаи ҷаҳонист, ки новобаста аз вазъи кунунӣ - раванди ноороми ҷаҳони муосир ба зуҳур омад. Бо итминони комил метавон баён кард, ки тамоми муқаддасоти истиқлолофаридаи кишвари мо як қадами бебозгаште ба сўи мақсадҳои олии милливу ватанӣ буда, на фақат огоҳие аз эҳё, такрор ё такмили фарҳанги миллӣ, санъати зебову қадими халқи мост, ки дар мазраи биниши ҳамагон қарор дорад, балки осоиши дигареро низ дорост ва он дар афзудани фазилату ахлоқи ҷомеа хулоса мегардад. Яъне, ба ин васила пешорўи ҷомеаи кунунӣ масъулияти дигаре қарор мегирад, ки на танҳо онро аз ҷумлаи наводири замон ба шумор меоваранд, балки эҳтирому эҳтиёташонро низ ба ҷо оранд. Аз ин рў, мо низ бояд дар хидмати зебоиҳои санъат бошем, хосса, вақте ки фарҳанги миллии мо забони умумибашарӣ дорад. Фаротар аз ин, бояд ҷомеаи мо бо Ватан, чун маъбаде, ки аслан бояд бо дили пок дар он бошад, пайванди рўҳии қавиву гусастанопазир доштаву гармии муҳаббати беканори онро бо тамомияти ҳастии худ эҳсос кунад. Таърих шаҳодати фаровонеро дар хотираи худ ҳифз намуда, ки ҳолати акс бетардид метавонад яке аз омилҳои рахнаи маънавии ҷомеа гардад (бахусус дар ин замоне ки интернет чун муносибати ғайривоқеӣ эҷодкунандаи рахнаҳои ахлоқиву забониву фикрӣ мегардад).
Ватан ҷуғрофиёи тақдиршуда, саромади фалсафаи будан, садоқаткадаи ҷовидон ва ваҳдатсарои ҳар миллату халқият ва, дар умум, ҷомеаи инсонист. Барои дарки дурусту амиқи Ватан дар дилу хуну андеша гўё маълумоти олии бадеӣ ва завқи баланди фитрӣ доштан зарур ба назар мерасад. Аммо, агар сода гирем, барои тақдири Ватан, кофист, ки мо боре бо камоли огоҳӣ чашм кушоем ва аз ҳавои ин сарзамини тақдиршуда огоҳона нафас гирем. Чашми ватандўст ҳамеша дар мазраи худ мавҷу набзи иқтисод, рушду такомули мунтазам, оромишу осоиш ва мақоми ҷовидонаи ваҳдати миллиро мебинад ва ифтихору фароғате ҳамешагӣ барои худ эҷод мекунад, чун куллияи тафреҳ бар асоси муҳаббат ва эътимод зуҳур меёбад.
Ватан оғозу анҷоми мост ва муносибат ба он муносибат ба миллат, муносибат ба зиндагӣ ва, ниҳоят, муносибат бо Худост, зеро ин сегона печидаву дармондаи якдигаранд. Оғози ишқи Ватан эҳсоси зебои инсондўстиву инсонгароист, аз ин ҷост, ки муҳаббат ба волидайн, пайвандону кўдакон, ҷомеа ва муҳаббат ба башар бо муҳаббати Ватан хулоса мегардад. Чизе ҷуз худи Ватан ҳаргиз нақши Ватанро набозида, ҳатто барои як фурсати кўтоҳ ҳам. Ин аст, ки Паёмбари Акрам (с) низ дўст доштани Ватанро аз имон донистаанд.
Мо сояпарварони домони Ватан - Модар ҳастем. Ватан ба мо оромишу амниятро чун меъёри зиндагӣ фароҳам меоварад. Аз ин рў, набояд ба ҳар рафтори номатлуби худ Ватанро гунаҳкор донем, зеро Ватан ҳам чун Модар дар навбати худ ҳуқуқи аз мо ранҷидан дорад. Гузаштагони мо ҳамеша бо завқи баланд хоки Ватанро, дороии худро қадр мекарданд, шукр мегуфтанд, ҳамеша бар сари ҳирси доштан ғолиб буданд. Имрўз истиқлолият ба мо зиндагиро дар шакли зеботару комил - дар шакли муосир муҳайё кард. Мебояд нахуст на дар фикри камбуди рўзгор бошем, балки дороии маънавию зеҳнӣ, бисоти иҷтимоии худро қадр кунем, то оҳиста-оҳиста, бетардид ҷониби мақсади ниҳоии инсонӣ қадам гузорем. Ин саодатро метавон ба таъбири дигар "фарҳанги муносибат ба Ватан" унвон гузошт, ки дар заминаи садоқат зуҳур мекунад. Ин фарҳанг даричаест ҷониби шинохти оламу зебоӣ ва, умуман, асли фарҳанги миллӣ ватандўстист ва меъёри асолати он хидмат ба инсон аст.
ГУЛНОЗ,
шоира

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин