Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

"ПАРВОЗИ ШОҲИН"

(бардошт аз як барномаи телевизиони Тоҷикистон)
Наздики як сол мешавад, ки журналисти соҳибистеъдод ва тозаҷў Сино Холиқов таҳти ҳамин унвон-"Парвози шоҳин" силсила очеркҳояшро манзури бинандагон мегардонад. Ба ман ҳамчун тамошобин муяссар шудааст, ки аксарияти онҳоро тамошо кунам. Ва ҳар вақте ин барнома оғоз меёбад, мушоҳида кардам, ки ҳозирин ба дигар шабака нагузашта онро бо завқ то охир тамошо мекунанд. Яъне, таҳиягарон аз як барнома ба барномаи дигар кўшиш мекунанд, ки шахси арзандаро дарёфт кунанд ва аз имконияту воситаҳои техникӣ истифода бурда, дар шакли зебою диданӣ манзури бинандагон гардонанд. "Парвози шоҳин"-и навбатии муаллиф Сино Холиқов ва коргардон Рустам Норов, ки 2 феврали соли ҷорӣ пахш гардид аз зумраи онҳо маҳсуб ёфта, хеле диданӣ буд. Он ба яке аз поягузорони кинои тоҷик Ҷамшед Раҳматов (Ҷамшеди Ромишгар) бахшида шуда буд, ки намунаи хуби пешниҳод аз ҷониби таҳиягарон ва эҳёи жанри хеле маъмул дар телевизион - очерки портретӣ мебошад.

Аслан, очерки портретӣ аз филм кам монданӣ дорад. Дар замони Шўравӣ бо мақсади ҷалби одамон ба ин ё он соҳа шахсони соҳибтаҷриба ва ташабускорро дар қолаби ҳамин жанр тарғиб намуда, завқи одамонро ба ин ё он касб бедор мекарданд. Ин тадбир натиҷаи мусбат ҳам медод. Масалан, дар ҳамон давра бо намоиш додани аввалин механизаторзан аз хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Восеъ Гавҳарбӣ Пиракова дар ҳар як ноҳия ду се нафар маҳз дар пайравӣ ба ин зан касби механизаториро интихоб карда, пешқадами истеҳсолот ва ҳатто номдор шуданд.
Суфро Боқиеваи Исфарагӣ дар говҷўшӣ ҳамто надошт. Ва бо дидану тамошои ин зани меҳнатдўст дар телевизиони Тоҷикистон даҳҳо говҷўшони номӣ ба камол расида, ўро устоди касби худ медонистанд.
Васфи ҷаҳонпаҳлавон Саидмўъмин Раҳимов даҳҳо пайравони ўро ба олами варзиш ворид кард.
Дар пайравӣ ба Муродалӣ Солиеви иморатсоз даҳҳо сохтмончиёни хуб ба камол расида дар ободонии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ хизматӣ шоиста карданд.
Бо намоиши симои сохтмончии НБО-и Норак Муҳаббат Шарифов чандин сулолаи дигари сохтмончиёни неругоҳу нақбканҳо ба воя расида, то кунун дар ҳамин соҳаҳо кори падарони худро идома медиҳанд. Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷиҳати созандагию бунёдкориҳо бо ҳидояти асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳое зоҳир карда шуд, ки барои гузаштагони мо як афсонае менамуд. Дар ҳамаи ин корҳо шахси ташаббускоре албатта пайдо мешуд, ки бо меҳнати ҳалоли худ намунаи дигарон мегардид. Ақлу заковати онҳо мушкили дигаронро осон ва ба пешрафти соҳа асос мегузошт.
Қаҳрамони навбатии очерки "Парвози шоҳин" Ҷамшед Раҳматов низ, тўли солҳои зиёди фаъолият дар соҳаи кино ҷиҳати филмофарӣ саҳми намоён дорад. Имрўз кормандони киностудияи "Тоҷикфилм" зарурати таҷрибаи ўро барои филмофарию рушди соҳа хуб эҳсос мекунанд. "Хайрият Ҷамшед-ака ҳастанд, ки мушкили мо осон мешавад. Ҳар гоҳе мушкилоте пеш ояд ба ў муроҷиат мекунем. Он кас энциклопедияи зиндаи кино ҳастанд ва ҳамеша моро дастгирӣ мекунанд. Таҷрибаи ғании барои пешрафти кори мо ҳамеша зарур аст".- мегўяд Толиб Раҳматуллоев- муовини директории "Тоҷикфилм", корманди шоистаи Тоҷикистон дар намоишномаи мазкур. Ҷамшед Раҳматов узви иттифоқи киноматографистони СССР, Аълочии киноматографияи СССР аз соли 1963 баъди хатми факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соҳаи кино фаъолият намуда, муаллифи мақолаҳои зиёд, тарҷумон ва муаллифи даҳҳо филмҳои мустанаду ҳунарӣ мебошанд. Ў бо устодони кинои тоҷик Комил Ёрматов, Тоҳир Собиров, Борис Кимёгаров ҳамкорӣ намуда, дар таҳияи филмҳои офаридаи онҳо бевосита иштирок карда саҳм гузоштааст.
Филмҳои ҳунарии эҷодшудаи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон "Дар орзуи падар", "Муаллим", "Дарди ишқ", "Марги бегуноҳ", "Парие аз паси кўҳи Қоф", филмҳои мустанади эҳёи давлатдорӣ "Марди роҳ" бо кору маслиҳатҳои муфиди худ бевосита иштирок кардаанд. Ў ташкилотчии як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалии соҳаи кино дар "Тоҷикфилм" мебошанд.
Хизматҳои шоёни устодро дар соҳаи кино ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ўро бо унвони олӣ - Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонданд.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмадалишоҳ Маҳмадов, ки бо устод дўстии дерина доранд дар барнома ба фаъолияти устод баҳои баланд дода, ҳамаи мувафақиятҳои ўро ҳамчун эҷодкор ба ҳамсари меҳрубонашон шодравон Мукарамма Ғозиева нисбат медиҳанд. Ў мегўяд, ки агар ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва дастгирии ҳамсарашон намебуданд, устод ин қадар мақоллаи китобу филмҳо намеофариданд.
Ҳамин ҷиҳатро устод худ низ дар сухангўияшон бо як самимият ёдовар мешаванд, ки хеле таъсирбахш буд.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев бо меҳру самимият аз Ҷамшед Раҳматов ёдовар шуда: "Ҷамшед Раҳматовро ман аз давраи барандагиашон дар барномаи "Навигариҳои кино" баъдтар дар "Олами кино" мешиносам, ўро ҳамчун мутахассиси ҳақиқии соҳаи кино тамоми паҳлуҳояшро таҳлил мекард медонам ва дўст доштам". Устод Ҷамшед Раҳматов дар байни тамошобинони телевизион ва кормандони соҳаи кино дар Тоҷиткистону берун аз он сазовори обрую эҳтироми калон мебошад. Ў дар рўзҳои сахти ба сари миллат омада, коргоҳашро тарк накард. Баръакс чандин филмҳои мустанад: "Тоҷикистон-Ватани ман", "Сомониён", "Бозгашт" ва боз чандин филмҳои дигарро офарида манзури бинандагон гардонид, ки баъди гузашти солҳо намоиш додани онҳо ҳамчун саҳифаҳои нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти худро гум нахоҳанд кард.
Ҷамшед Раҳматов аз он меболад, ки Тоҷикистон имрўз ба дастовардҳои беназир муваффақ гардида, таҳти сарварии Пешвои миллат ба сўи фардои дурахшон устуворона қадам мезанад. Акнун барои пешрафти тамоми соҳаҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам омада, аз ояндаи неки Ватани азиз дарак медиҳад.
Устод Ҷамшед Раҳматовро тез-тез дар ҳалқаи ҷавонон дар киностудияи "Тоҷикфилм" дидан мумкин аст. Ў аз он мамнун аст, ки сулҳу ваҳдат сол то сол дар саросари мамлакат таҳким ёфта, мардумро ба меҳнати ҳалолу созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Аз силсилаочеркҳои "Парвози шоҳин", ки ба устоди зиндаёд ҳунарманди маъруфи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов бахшида шуда буд онро тамошо карда, ба таҳиягарони он муаллифи очерк Сино Холиқов ва коргардон Рустам Норов аҳсан хондам. Муаллифи очерк Сино Холиқов биёр як матни зебою пурмазмун навишта қаҳрамонашро ҳаматарафа ва хеле барҷаста муаррифӣ менамояд. Қироати матн, ки аз ҷониби ҳунарманди маҳбуби халқи тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев сурат гирифт, хеле таъсирбахш буд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Сино Холиқов дар ҳақиқат ҷавони сермаҳсулу ҷўянда аст. Қаблан боре чанд очеркҳои ўро тамошо карда ба ў ва ҳамкоронаш гуфта будам.
Чанд моҳ қабл бо ҳамон ном "Парвози Шоҳин" очерки дигари ў бахшида ба ҳунармади мумтози тоҷик шодравон Боймуҳаммад Ниёзов манзури бинандагон гардид, ки аз маҳорати баланду завқи волои ў гувоҳӣ медиҳад. Ҳамон рўз мо як гурўҳ бо таклифи як ҳамкасбамон дар хонааш меҳмон шудем, меҳмонон асосан аҳли зиё буданд. Телевизор кор мекард ва барномаи "Парвози Шоҳин" бо садои шодравон Боймуҳаммад Ниёзов сар шуду диққати ҳамаро ба тарафи худ ҷалб намуд. Пас аз ҳар як ду дақиқаи қироати матн Боймуҳаммад Ниёзов сурудеро мехонд, ки ҳозирин ҳаловат бурда, бо сароянда ҳамовоз мешуданд:
Эй ҷони ман асират,
Эй умри ман фидоят
Умрам ба охир омад эй лаъли ҷон физоят…
Баъд суруди дигар шодравон:
Гуфтам малакӣ ё башарӣ
гуфт, ки ҳарду
Кони намакӣ, ё шакарӣ
гуфт, ки ҳарду.
Боймуҳаммад Ниёзов яке аз ҳунармандони маъруфи тоҷик буда, сабку усули хоси худро дошт ва бо суруду оҳангҳои дилписаду нотакрораш дар байни марду шўҳрати хеле зиёд дошт. Муаллиф бо истифода аз тахайюлу андешаҳои хеш, инчунин навору суратҳо, ки аз хазинаи телевизиону наздикону пайвандони Боймуҳаммад Ниёзов дастрас кардааш чеҳраи ин марди фозилро ба бинандагони имрўза шинос карда тавонист, ки сазови таҳсину офарин аст.
Дар ҳақиқат Боймуҳаммад Ниёзов дар рушти мусиқии классикии тоҷик саҳми калон дошта, донандаи хуби "Шашмақом" эътироф шудааст. Бисёр ҳунармандони имрўзаи тоҷик аз мактаби Боймуҳаммад Ниёзов гузашта, ўро ҳамчун устод ёд мекунанд.
Дар бораи устод Боймуҳаммад Ниёзов чи дар ҳаёт ва чи дар баъди вафоташ мақолаҳои зиёде навиштаанд, ки ҳар кадом саҳифаҳои таърихи фарҳанги моро ғанӣ мегардонанд. Очерки баландмазмуни эҷодкардаи журналист Сино Холиқов ва коргардон Рустам Норов саҳифаи наверо дар таърихи имрўзаи фарҳанги миллии тоҷик зам хоҳад кард.
Бовар дорам дигар тамошобинони ин барнома низ аз тамошои силсилаочеркҳои "Парвози шоҳин" ҳаловат бурдаанд. Умед аст, ки сафи пайравони Сино Холиқов дар оянда зиёд шуда, дар ғанӣ гардонидани саҳифаҳои таърихи фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд. Ба таҳиягарон парвози баланди шоҳинона дар эҷоди чунин барномаҳо таманно мекунем!.

Ш.МУСТАФОҚУЛОВ,
собиқадори телевизиони
"Тоҷикистон",
Корманди шоистаи Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин