Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:49 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд 
  • 07:29 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:12 – Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 

ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ ДЕҲОТ АФЗУН МЕГАРДАД

ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ  ДЕҲОТ АФЗУН МЕГАРДАД

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои охир вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ дар деҳоти кишвар маҳсуб меёбад. Зеро наздики 70 дарсади аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018), аз ҷумла, чунин изҳор доштанд: "Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019 - 2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон карда шаванд".
Бо мақсади ободсозию бунёдкориҳо дар деҳот, таъмини садҳо оила бо манзили зист, истифодаи захираҳои зиёди меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекор, баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ноҳияи Шаҳритус ҳамчун дигар шаҳру навоҳии мамлакат иқдомҳои наву тоза вусъат мегиранд.
Рўзе, ки ба ноҳия сафари корӣ доштем, хостем бо кору пайкори мардум дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов оид ба вусъати корҳои ободонӣ ва созандагиҳо аз наздик шинос шавем.
Муовини раиси ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов Гавҳар Ҷабборова, ки ҷавонзани хеле кордону пуртаҷриба ва масъулиятшинос аст, ҳангоми суҳбат бо мо иброз дошт, ки чанд лаҳза пештар бо фаъолони ҷамоат, аз ҷумла бо занону ҷавонон вобаста ба ташреҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт.
Зимни шарҳи паём худи мардум хуб эҳсос намуданд, ки танҳо бо меҳнати ҳалол метавон ба шукуфоӣ ва рушди босуботи мамлакат замина гузошт.
Соҳаи асосии шуғли мардум дар деҳот соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар ҷамоат пас аз таҷдиди сохтори кишоварзӣ 469 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфта, онҳо дар соҳаи пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар ҳудуди ҷамоат 338 гектар боғҳои гуногуни мевадиҳанда мавҷуд аст. Деҳқонон тавассути меҳнати бурдборона ҳамасола ҳосили баланди себу нок, ангуру анор, шафтолую зардолу ҷамъоварӣ намуда, саҳми арзандаи худро дар иҷрои барномаи амнияти озуқавории кишвар мегузоранд. Моро зарур аст, ки боғҳоямонро бо ниҳолҳои нави содиротӣ (боғҳои интенсивӣ) аз нав бунёд намоем, -гуфт дар идомаи суҳбат Гавҳар Ҷабборова.
То имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонии "Элмирзо бобо", "Матлуба" ва "Ҳабиба" дар масоҳати 3,5 гектар боғҳои нав бунёд кард шуд.
Ҳоло ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат барои сари вақт ва бо сифати баланд гузаронидани киштукори баҳории ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ пурра омодагӣ дида истодаанд. Дар доираи омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоат корҳои ободонию созандагӣ имрўзҳо вусъати тоза касб намуда, бо ташаббуси мутасаддиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмунҳои "Деҳаи беҳтарин", "Кўчаи беҳтарин", "Хона ва оилаи беҳтарин" дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.
Дар ҳудуди ҷамоат 14 деҳа мавҷуд аст ва онҳо рўз аз рўз ободу зебо гашта, симои худро ба таври замонавӣ тағйир дода истодаанд.
Соли сипаригардида дар ҳудуди ҷамоат 97 хонаи истиқоматӣ сохта шуда, ба шаҳрвандон дода шуд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати муваффақонаи иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ аксарияти сокинони ҷамоат шароити зиндагиашонро хеле беҳтар намуда, хонаҳои истиқоматиашонро таъмир ва аз нав сохта истодаанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо омодагиҳои ҳамаҷониба ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, гурўҳҳои корӣ фаъолият карда истодаанд. Вобаста ба ин, то имрўз 4 иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар деҳаҳои Рўдакӣ, Б.Қарабоев, Қумшох, Чинор, Чоршанбе ва Истиқлол сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо сифат ва суръати баланд идома доранд.
Мусаллам аст, ки барои пешравии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маънавиёт ин таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Дар ин самт баробари сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар ҷамоат сохтмони 2 муассисаи таълимии давлатии томактабӣ низ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла, дар деҳаи Ёқуб Каримов боғчаи бачагона барои 60 нафар сохта, ба истифода дода шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии фарҳангӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги миллӣ дар ҳудуди ҷамоат 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 китобхона, 1 қасри фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Боиси хурсандист, ки дар корҳои ободонию созандагӣ ҳамаи сокинони ҷамоат ва соҳибкорон ҳиссагузорӣ менамоянд.
Бо дастгирии соҳибкорон дар деҳаи Қумшох Маркази хизматрасонӣ, "Кошонаи ҳусн" ва дар деҳаи Қаҳрамон корхонаи хурди хиштбарорӣ ва сафолакбарорӣ бунёд карда шуд.
- Дар солҳои 2019 - 2020 мо нақша дорем, ки дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоат дорухонаҳо, мағозаҳои фурўши хўрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нонвойхонаҳо, сартарошхона ва ҳаммом сохта ба истифода диҳем, -гуфт дар идомаи суҳбат муовини раиси ҷамоат Гавҳар Ҷабборова.
Соли гузашта роҳи байни деҳаи Хокак то маркази ноҳия дар масофаи 4, 5 км мумфарш карда шуд. Солҳои 2019 - 2021 дар назар аст, ки роҳҳои байни деҳаҳои ҳудуди ҷамоат таъмиру тармим карда шаванд.
Як падидаи бисёр хурсандиовар он аст, ки дар мусоидат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии кишвари Кореяи Ҷанубӣ дар солҳои 2019 - 2020 лоиҳаи ба деҳаҳои замонавию муосир табдил додани деҳаҳои Хокак, Ёқуб Каримов ва Истиқлол амалӣ мегардад.
Ҳамаи кўчаҳои марказии деҳаҳои ҷамоат бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ оро дода шудаанд.
- Мардуми меҳнатқарини ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳияи Шаҳритус паёми имсоларо амиқ омўхта, баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари далат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона талош хоҳанд кард, -иброз дошт дар анҷоми суҳбат Гавҳар Ҷабборова.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин