Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:49 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд 
  • 07:29 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:12 – Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 

Дар Наврӯзии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд

Дар Наврӯзии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гаштани Наврӯзи Душанбе воқеан ҳам пойтахти Ватанамонро ба меҳвари чорабиниҳои бузурги фарҳангию сайёҳӣ табдил дода, меҳмонон ва сайёҳони зиёдро ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат ҷалб намуд. Аз ҷумла, баргузор гаштани корвони шодиёнаи наврузӣ, тантанҳои ҷашни Навруз дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт, Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”, фестивали байналмилалии сайёҳии “Наврўз — мероси фарҳангию сайёҳӣ”, чорабиниҳои дигари муҳташами наврузӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шукуҳу шаҳомати иди Наврӯзи байналмилалиро дар меҳани тоҷикон боз ҳам баландтар намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ зикр намуданд, Навруз ҳамчун бренди сайёҳии Тоҷикистон тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ чанд моҳи охир таблиғу ташвиқ гардида, дар моҳи марти соли ҷорӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд ва аз тантанаҳои Наврузӣ ва баҳори Тоҷикистон баҳра бурданд.
Дар Наврӯзии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд
Дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳии наврӯзии худро таҳия намуданд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз сурудҳо ва рақсҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастсохти ҳунармандон, аз ҷумла ҳунарҳои косибӣ, бозиҳои хоси наврӯзӣ ба монанди гуштингирӣ, бандкашӣ, шеърхонӣ ва байтбараки ҷавонон, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазии тољикон, пухтани хурокҳои миллии хоси наврӯзӣ, аз қабили суманакпазӣ, далда ва тарзи омода кардани хурокҳои шакаробу қурутоб, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, љараёни омодасозии маҳсули дасти онҳо, намоиши созҳои мусиқии миллӣ ва аз меҳани аљдодии Наврўз аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар Наврӯзии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд
Қобили тазаккур аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳон дар мавсими Наврўзу баҳори ҳуснфизо ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Барои тарғибу ташвиқи Наврузу баҳори Тоҷикистон инчунин шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ, аз ҷумла шабкаи якуми телевизиони Федератсияи Россия ва шабакаи телевизионии “Хабар”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварда, барномаҳои ҷолиб таҳия намуданд.
Айни замон, имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла дар “Ютуб”, “Фейсбук” ва “Инстаграмм” зери унвони “TOURISM OF TAJIKISTAN” ба таври васеъ таблиғ карда мешаванд.
Инчунин, ҷиҳати тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва телевизиони Тоҷикистон бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмунҳои телевизонии “Сарзамини беназир” ва “Ватанро бишнос” аз рӯи номинатсияҳои “Беҳтарин минтақаи сайёҳӣ”, “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, “Беҳтарин осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ”, “Беҳтарин меҳмонхона”, “Беҳтарин мағозаи фуруши армуғон”, “Беҳтарин роҳбалад”, “Акси беҳтарин”, “Навори беҳтарин”, “Бозёфти муаллиф”, “Беҳтарин гузориши сайёҳӣ” ва “Беҳтарин филми мустанади сайёҳӣ”-ро эълон гардидааст.
Кумита ва Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” озмуни телевизионии “Пешниҳоди ман”-ро аз рӯи номинатсияҳои “Хатсайри нави сайёҳӣ”, “Сомонаи ҷолиби сайёҳӣ” ва “Ҷолибтарин ролики сайёҳӣ” эълон намуда, роликҳои таблиғотии онҳо мунтазам пахш мегарданд.
ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин