Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:02 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд 
  • 07:12 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд 

ҲАФТАНОМАИ НАВРЎЗӢ

ҲАФТАНОМАИ НАВРЎЗӢ

ШАНБЕ
Агар Наврўз ба рўзи Шанбеи ҳафтаи аввали сол рост ояд, он рўз ба сайёраи Зуҳал тааллуқ мегирад. Дар он сол фитнаву ошўб зиёд рух медиҳад. Тобистони он сол шамолҳои сахт вазида, дар рўи Замин хунҳои зиёд мерезад. Золимон, аванҳо (ситамгарон), роҳзанон ва дуздон давлатманд мешаванд. Нозу неъмат фаровон мегардад. Дар охири сол қаҳтӣ рўй медиҳад, валлоҳи аълам, биссавоб.

ЯКШАНБЕ
Агар Наврўз ба рўзи Якшанбе рост ояд, он рўз ба Офтоб тааллуқ мегирад. Он сол бафайз, соли сериву пурӣ (фаровонӣ) хоҳад шуд. Фитнаю шарр кам мешавад. Аз ғўза фоидаи зиёд ба даст меояд. Ба полизи деҳқонони кўҳистон баракат ато мегардад. Вале зироат кам сабз шуда, чандон ривоҷ намеёбад. Бахусус ғўза дар аввали сол кам ривоҷ мекунад. Аммо баъд зуд тағйир меёбад. Муромурӣ кам мешавад. Боз Худо медонад.

ДУШАНБЕ
Агар Наврўз ба рўзи Душанбе рост ояд, вай ба Моҳ (Қамар) тааллуқ мегирад. Он сол бефайз нахоҳад шуд, нозу неъмат фаровон мешавад. Борон зиёд меборад, ҳоли подшоҳон заиф мешавад. Пахта фаровон мешавад, ба полиз офат мерасад. Ба баъзе ҷонзодҳо шароит мусоидат мекунад, валекин бисёр заиф мегарданд. Кунҷиту арзан ҳосили миёна медиҳад. Гандум кам мешавад. Алаф хуб сабз мешавад. Маводи ғизоӣ кам ва гуруснагӣ мешавад. Дар охири зимистон барф меборад, аммо зуд мегузарад. Роҳҳои бозаргонон баста шуда, косибон кам мемонанд. Баъд ҳамааш мегузарад. Савдо ривоҷ меёбад. Боз Худо медонад.

СЕШАНБЕ
Агар Наврўз ба рўзи Сешанбе рост ояд ба сайёраи Миррих тааллуқ мегирад. Он сол ҳам бафайз хоҳад шуд, озуқаворӣ фаровон мешавад. Вале хунрезӣ ба амал меояд. Раҳму шафқат аз байни мардум бардошта мешавад. Ғулом - аз хоҷа, духтар - аз модар, писар - аз падар, зан - аз шавҳар нафрат мекунанд, бадфеъл мешаванд. Подшоҳе дар Мағриб мемирад. Дар ин сол кишти барвақт (яъне кишти тирамоҳӣ) хуб нашъунамо мекунад. Фолизу меваҷот кам мешавад, барф кам меборад. Дар охир сел зиёд мешавад, заминҳои зери сел монда, хушк мешаванд. Боз Худо медонад.

ЧАҲОРШАНБЕ
Агар Наврўз ба рўзи Чаҳоршанбе рост ояд, он рўз ба сайёраи Аторуд тааллуқ мегирад. Дар ин сол қаҳтӣ ба амал меояд.
Аз гуруснагӣ хунҳо рехта мешаванд. Фитна, фасод ва ошўб зиёд хоҳад шуд. Вале ҳамааш тез мегузарад. Дар он сол ҳосили полиз фаровон мегардад.
Дар саросари Хуросон нархи гандуму ҷав боло меравад. Дар он сол мору каждум беҳад зиёд мегардад. Ҳосили мошу арзан хеле бобаракат мешавад. Аммо ба зану писаракон марг бештар таҳдид мекунад. Боз Худо медонад.

ПАНҶШАНБЕ
Агар Наврўз ба Панҷшанбе рост ояд, он рўз ба сайёраи Муштарӣ тааллуқ мегирад. Дар ин сол нозу неъмат беҳад фаровон мешавад. Гирифтани Моҳу Офтоб рух медиҳад . Хастагӣ зиёд мегардад. Охираш ба хайр мешавад, хушиҳо пеш меоянд. Дар ин сол озуқаро фаровон бояд захира кард. Аз гуруснагӣ барҳазар бояд буд. Боз Худо медонад.

ҶУМЪА
Агар Наврўз ба рўзи Одина (Ҷумъа) рост ояд, он рўз ба сайёраи Зўҳра тааллуқ мегирад.
Балоҳо ғолиб мегарданд. Бориш бисёр мешавад. Сармои сахт ҳукм меронад. Ин соли серҳосил мешавад. Нозу неъмат дар дунё фаровон мешавад.
Байни фохирон (бою бадавлат) ва фақирон низоъ бархезад. Гандуму арзан фаровон, вале зироат дер пухта мерасад. Меваҷот фаровон мешавад. Муромурӣ кам мегардад. Боз Худо медонад.
АЗ "ФАРҲАНГИ МАРДУМӢ"

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин