Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

Рўзномаи "Овози тоҷик" ва мақолаи "Наврўзи аввалин"

Рўзномаи "Овози тоҷик" ва мақолаи "Наврўзи аввалин"

Матбуоти тоҷик аз рўзҳои аввали таъсисёбии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба ҷашни Наврўз бетараф набудааст. Дар ин бора дар таҳқиқотҳои алоҳидаи донишмандон сухан рафтааст. Ин ҷо ба таври намуна мақолае, ки дар шумораи 6 марти соли 1925, №25, саҳ. 4-и "Овози тоҷик" чоп шудааст, пешниҳод мегардад (айнан). Мақола аз он ҷиҳат дорои аҳамият аст, ки дар он аввалин маротиба Наврўз ҷашни миллии тоҷикон номида, динӣ набудани он, ба гузарондани он мамониат накардани давлати нави Шўравӣ таъкид гашта, барои пурмазмуну камхароҷот ва ба талаботи даврони Шўравӣ мувофиқ гузарондани ин ҷашн пешниҳодҳо ироа шудааст.
Ба муносибати
фарорасии Наврўз
Инак, Наврўз наздик шуда, 23 моҳи март, рўзи якшанбе соли нав дохил мешавад. Агарчи ин ид ба ҳеч ваҷҳ дорои сифати динӣ набуда, сирф аз иди миллӣ ва халқӣ иборат аст ва ба иҷрои он ранҷбарон ва деҳқонони тоҷикро касе мамониат нахоҳад кард, вале бад-ин шарт, ки аз ҳудуди иқтисод ва адаб хориҷ набошад.
Дар замони ҳукумати мустабида ин ид дар ҳамаи Туркистони мо, ҳатто дар миёни ўзбекон, тақрибан як ҳафта давом карда, боиси басе фисқу фасодҳо, исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо мегардид. Чунонки ба муносибати Наврўз дар ҳар шаҳр сайрҳо барпо шуда, ба сабаби он аввалан чанд рўз аҳолӣ аз кору бор мемонданд ва сониян, ҳар кадоме қарздор ва абгор мешуданд.
Ҳатто чандин сол баъзе одоти ваҳшиёна ва русуми ҷоҳилона, ки аз замони маҷусият ва оташпарастӣ мондааст, иҷро мегардид, ки ин ҳам аҳолиро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дучори хеле зарар ва зиёнҳо сохт… … ва басе…(идомаи ҷумла нохоност-М.Р.). Вале дар мамлакати мо ин ид аввалан дар як рўз ва як вақт иҷро намешавад, сониян, муддати он дар ҳар ҷо тариқи мухталиф давом мекунад, гузашта аз ин бо исрофкориҳои зиёд анҷом меёбад. Аз ин рў, диққати ҷумҳуриятҳои ҷавони моро ба ин нукта ҷалб намуда, дар ин бора қарори ҷиддии ўро дархост менамоем. Ба ақидаи банда дар ин хусус тадбирҳои зайл муфид бошад:
1. Ин ид дар ҳамаи ҷумҳурияти тоҷик ва байни тамоми тоҷикони Ўзбекистон дар як рўз, яъне, дар аввали рўзи Наврўз, 23 март иҷро шавад;
2. Муддати он фақат ба се рўз мухтасар шуда, дар ин рўз ҷамъи коргарони тоҷик чи дар ҷумҳурияти тоҷик ва чи дар ҷумҳурияти ўзбек аз хидмат озод гарданд;
3. Ба муносибати ин ид ба ҷои сайру исрофкорӣ дар ҳар ҷо маҷлисҳои илмӣ ва ҷамъиятҳои адабӣ барпо шавад.
Мирзо Ҳамдам

Таҳияи
Муҳаммадшарифи РУСТАМ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин