Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:02 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд 
  • 07:12 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд 

ОҒОЗИ КИТОБИ "НАВРЎЗНОМА" Умари ХАЙЁМ

ОҒОЗИ КИТОБИ "НАВРЎЗНОМА" Умари ХАЙЁМ

Дар ин китоб, ки баён карда омад дар кашфи ҳақиқати Наврўз, ки ба наздики мулуки Аҷам кадом рўз будаасту кадом подшоҳ ниҳодааст ва чаро бузург доштанд онро ва дигар оини подшоҳону сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда ояд иншоаллоҳи Таоло. Аммо сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рўзу рубъе аз шабонарўз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд бад-ин дақиқа натавонад (дар нусхаи дигар - битавонад) омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рўзро дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон ба-д-ў иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс - аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўзи бомдод Офтоб ба аввал дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданду таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни он рўзгор будаанд, ки Эзиди табораку Таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст, аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чӣ андар ўст аз аҳриманон нигоҳ доранд ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гўшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз кўҳи Қоф баргузаранд ва чунин гўянд, ки чаҳор фаришта дар осмонҳову заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ ва чунин мегўянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав андар сарои куҳан бароварда. Ва Эзиди Таоло Офтобро аз нур биофариду осмонҳову заминҳоро бад-ў парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди Таоло. Ва андар вай бо ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди Таолоро иноят беш аз дигарон будааст. Ва гўянд мисоли ин чунон аст, ки малике бузург ишорат кунад ба халифате аз хулафои хеш, ки ўро бузург доранду ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар кӣ вайро бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гўянд чун Эзиди табораку Таоло бад-он ҳангом ки фармон фиристод, ки субот баргирад, то тобишу манфиати ў ба ҳама чизҳо бирасад, Офтоб аз сари Ҳамал бирафту осмон ўро бигардонид ва торикӣ аз рўшноӣ ҷудо гашту шабу рўз падидор шуд ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро. Ва пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон дақиқа ва ҳамон рўз бозрасид ва он муддати ҳафтоду се бори қирони Кайвону Урмузд бошад, ки онро қирони асғар хонанд. Ва ин қирон ҳар бист сол бошад ва ҳар гоҳ ки Офтоб даври хештан сипарӣ кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳалу Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути Зуҳал андар ўст, қирон бувад ба муқобалаи ин бурҷи Мизон, ки Зуҳал андар ўст, як давр ин ҷо ва як давр он ҷо, бар ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд, чунонки Офтоб аз сари Ҳамал равон шуд ва Зуҳалу Муштарӣ бо дигар кавокиб он ҷо буданд, ба фармони Эзиди Таоло ҳолҳои олам дигаргун гашт, чизҳои нав падид омад, монанди он ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, мулукони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро ва аз баҳри он ки ҳар кас ин рўзро дарнатавонистандӣ ёфт, нишон карданд ва ин рўзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд то ҳамагон онро бидонанду он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гўянд, ки чун Каюмарс ин рўзро оғози таърих кард, ҳар сол Офтобро (ва чун як даври Офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рўз) ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рўз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод ва ба фариштае бозбаст аз он дувоздаҳ фариштае, ки Эзиди табораку Таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рўзу рубъе аз шабонарўзист, соли бузург ном карду ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврўзи бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оину расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол. Ҳар кӣ рўзи Наврўз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврўзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд.
Фарвардинмоҳ ба забони паҳлавист, маъниаш чунон бошад, ки ин он моҳ аст, ки оғози рустани набот дар вай бошад ва ин моҳ мар бурҷи Ҳамалрост, ки сар то сари вай Офтоб андар он бурҷ бошад.
Ардабиҳиштмоҳ. Ин моҳро Ардабиҳишт ном карданд, яъне ин моҳ он моҳ аст, ки ҷаҳон андар вай ба биҳишт монад аз хуррамӣ ва "Ард" ба забони паҳлавӣ монанд бувад. Офтоб андар ин моҳ бар даври рост дар бурҷи Савр бошад ва миёнаи баҳор бувад.
Хурдодмоҳ, яъне он моҳ аст, ки хўриш диҳад мардумонро аз гандуму ҷаву мева ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ҷавзо бошад.
Тирмоҳ. Ин моҳро ба-д-он Тирмоҳ хонанд, ки андар ў ҷаву гандум ва дигар чизҳоро қисмат кунанд ва тири Офтоб аз ғояти баландӣ фуруд омадан гирад ва андар ин моҳ Офтоб дар бурҷи Саратон бошад ва аввалмоҳ аз фасли тобистон бувад.
Мурдодмоҳ, яъне хок доди хеш бидод аз барҳову меваҳои пухта, ки дар вай ба камол расад ва низ ҳаво дар вай монанди ғубори хок бошад ва ин моҳ миёнаи тобистон бувад ва қисмати ў аз Офтоб мар бурҷи Асадро бошад.
Шаҳривармоҳ. Ин моҳро аз баҳри он Шаҳривар хонанд, ки райиъдахл бувад, яъне дахли подшоҳон дар ин моҳ бошад ва дар ин моҳ барзгаронро додани хироҷ осонтар бошад ва Офтоб дар ин моҳ дар Сунбула бошад ва охири тобистон бувад.
Меҳрмоҳ. Ин моҳро аз он Меҳрмоҳ гўянд, ки меҳрбонӣ бувад мардумонро бар якдигар. Аз ҳар чӣ расида бошад аз ғаллаву мева насиб бошад, бидиҳанду бихўранд ба ҳам. Офтоб дар ин моҳ дар Мизон бошад ва оғози хариф [тирамоҳ, хазонрез] бувад.
Обонмоҳ, яъне обҳо дар ин моҳ зиёдат гардад аз боронҳо, ки оғоз кунад ва мардумон об гиранд аз баҳри кишт ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ақраб бошад.
Озармоҳ. Ба забони паҳлавӣ озар оташ бувад ва ҳаво дар ин моҳ сард гашта бошаду ба оташ ҳоҷат бувад, яъне моҳи оташ. Ва навбати Офтоб дар ин моҳ мар бурҷи Қавсро бошад.
Даймоҳ. Ба забони паҳлавӣ дай дев бошад, ба-д-он сабаб ин моҳро Дай хонанд, ки дурушт бувад ва замин аз хуррамиҳо дурмонда бувад ва офтоб дар Ҷадӣ бувад ва аввали зимистон бошад.
Баҳманмоҳ, яъне ин моҳ ба ҳамон монад ва монанда бувад ба моҳи Дай ба сардӣ ва ба хушкӣ ва ба кунҷ андар монда. Ва тири Офтоб андар ин моҳ ба хонаи Зуҳал бошад, ба Далв бо Ҷадӣ пайванд дорад.
Исфандормадмоҳ. Ин моҳро ба-д-он Исфандормад хонанд, ки исфанд ба забони паҳлавӣ мева бувад, яъне андар ин моҳ меваҳо ва гиёҳҳо дамидан гирад. Ва навбати Офтоб ба охири бурҷҳо расад ба бурҷи Ҳут.
Пас Каюмарс ин муддатро ба-д-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид (муайян) кард. Ва пас аз он чиҳил сол бизист. Чун аз дунё бирафт, Ҳушанг ба ҷойи ў нишаст ва нуҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ ронд ва девонро қаҳр кард. Ва оҳангариву дурудгариву бофандагӣ пеша овард ва ангубин аз занбўру абрешим аз пила берун овард. Ва ҷаҳон ба хуррамӣ бигзошт ва ба номи нек аз ҷаҳон берун шуд. Ва аз паси ў Таҳмурас биншасту сӣ сол подшоҳӣ кард ва девонро дар тоат оварду бозорҳову кўчаҳо бинҳод. Ва абрешиму пашм бибофт ва рўҳбон Будосп дар айёми ў берун омад ва дини собиён овард ва ў дин пазируфту зуннор барбасту Офтобро парастид. Ва мардумонро дабирӣ омўхт. Ва ўро Таҳмураси девбанд хондандӣ. Ва аз паси ў подшоҳӣ ба бародараш Ҷамшед расид. Ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашта буд ва Офтоб аввали рўз ба Фарвардин таҳвил кард ва ба бурҷи нўҳум омад. Чун аз милки Ҷамшед чаҳорсаду бисту як сол бигузашт, ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба Фарвардини хеш, ба аввали Ҳамал бозомад ва ҷаҳон бар вай рост гашт, девонро мутеи хеш гардонид ва бифармуд, то гармоба сохтанду деборо бибофтанд. Ва деборо пеш аз мо девбофта хондандӣ, аммо одамиён ба ақлу таҷриба ва рўзгор ба-д-ин ҷо расонидаанд, ки мебинӣ. Ва дигар харро бар асб афканд, то астар падид омад ва ҷавоҳир аз маъодин берун овард ва силоҳҳову перояҳо ҳама ў сохт ва зару нуқраву мису арзизу сурб аз конҳо берун овард ва тахту ёраву тоҷу тавқу ангуштарӣ ў кард ва мушку анбару кофуру заъфарону уду дигар тайибҳо ў ба даст овард.
Пас дар ин рўз, ки ёд кардем, ҷашн сохт ва Наврўзаш ном ниҳод ва мадумонро фармуд, ки ҳар сол чун Фарвардини нав шавад, он рўз ҷашн кунанд ва он рўз нав донанд то он гоҳ ки даври бузург бошад, ки Наврўз ҳақиқат бувад. Ва Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ сахт одилу худойтарс буд ва ҷаҳониён ўро дўстдор буданд ва ба-д-ў хуррам. Ва Эзиди Таоло ўро фарре ва ақле дода буд, ки чунин чизҳо бинҳод ва ҷаҳониёнро ба зару гавҳару дебову атрҳову чаҳорпоён биорост. Чун аз милки ў чаҳорсаду анд сол бигузашт, дев ба-д-ў роҳ ёфту дунё дар дили ў ширин гардонид. Ва дунё дар дили касе ширин мабод. Манӣ дар хештан овард. Бузургманишиву бедодгарӣ пеша кард ва аз хостаи мардумон ганҷ ниҳодан гирифт. Ҷаҳониён аз ў ба ранҷ афтоданду шабу рўз аз Эзиди Таоло заволи милки ў мехостанд. Он фарри эзидӣ аз ў бирафт. Тадбирҳош ҳама хато омад. Беваросп, ки ўро Заҳҳок хонанд, аз гўшае дар омад ва ўро битохт ва мардумон ўро ёрӣ надоданд аз он ки аз ў ранҷида буданд. Ба замини Ҳиндустон гурехт. Беваросп ба подшоҳӣ биншасту оқибат ўро ба даст овард ва пора ба ду ним кард. Ва Беваросп ҳазор сол подшоҳӣ кард. Ба аввал додгар буд ва ба охир бедод гашт ва ҳам ба гуфтор ва ба кирдори дев аз роҳ биафтод ва мардумонро ранҷ менамуд, то Офаридун аз Ҳиндустон биёмаду ўро бикушту ба подшоҳӣ биншаст. Ва Офаридун [дар матни китоб дар саҳифаҳои дигар ин ном ба шакли Афредун омадааст] аз тухми Ҷамшед буд. Понсад сол подшоҳӣ кард.
Чун саду шасту чаҳор сол аз милки Офаридун бигузашт, даври дуввум аз таърихи Каюмарс тамом шуд ва ў дини Иброҳим алайҳиссалом пазируфта буд. Ва пилу шеру юзро мутеъ гардониду хаймаву айвон ў сохт ва тухми дарахтони мевадору ниҳолу обҳои равон дар иморату боғҳо ў овард; чун турунҷу норанҷу бодрангу лиму ва бунафшаву наргису нилуфару монанди ин дар бўстон овард; ва Меҳргон ҳам ў ниҳод ва ҳамон рўз, ки Заҳҳокро бигрифт ва милк бар вай рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок бираста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рўзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то имрўз оини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Турон ба ҷой меоранд. Чун Офтоб ба Фарвардини хеш расид, он рўз Офаридун ба нав ҷашн кард ва аз ҳама ҷаҳон мардум гирд оварду аҳднома нибишту гумоштагонро дод фармуду мулк бар писарон қисмат кард. Туркистон - аз оби Ҷайҳун то Чину Мочин Турро доду замини Рум мар Салмро ва замини Эрону тахти хешро ба Эраҷ дод. Ва маликони Турку Руму ҳама аз як гавҳаранду хешони якдигаранду ҳама фарзандони Офаридунанд. Ва ҷаҳониёнро воҷиб аст оини подшоҳон ба ҷой овардан аз баҳри он ки аз тухми ваянд. Ва чун рўзгори ў бигузашт ва он дигар подшоҳон, ки баъд аз ў буданд то ба рўзгори Гуштосп. Чун аз подшоҳии Гуштосп сӣ сол бигзашт, Зардушт берун омад ва дини габрӣ оварду Гуштосп дини ў пазируфт ва бар он мерафт. Ва аз гоҳи ҷашни Офаридун нўҳсаду чиҳил сол гузашта буд. Ва Офтоб навбати хеш ба Ақраб овард, Гуштосп бифармуд то кабиса карданд ва Фарвардини он рўз Офтоб ба аввали Саратон гирифт ва ҷашн карду гуфт: "Ин рўзро нигоҳ дореду Наврўз кунед, ки Саратон толеи амал аст ва мар деҳқонрову кишоварзонро ба-д-ин вақт ҳаққи байтулмол додан осон бувад". Ва бифармуд, ки ҳар саду бист сол кабиса кунанд, то солҳо бар ҷойи хеш бимонад ва мардумон авқоти хешро ба сармову гармо бидонанд. Пас он оин то ба рўзгори Искандари Румӣ, ки ўро Зулқарнайн хонанд, бимонд; ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то ба рўзгори Ардашери Попакон, ки ў кабиса кард ва ҷашни бузург дошт; аҳднома бинвишту он рўзро Наврўз бихонд ва ҳам бар он оин мерафтанд то ба рўзгори Нўшервони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврўз карду расми ҷашн ба ҷо овард чунонки оини эшон буд, аммо кабиса накарду гуфт: "Ин оин ба ҷо монанд (ба маънии гузоштан) то ба сари давр, ки Офтоб ба аввали Саратон ояд то он ишорат, ки Каюмарсу Ҷамшед карданд, аз миён бархезад". Ин бигуфту дигар кабиса накард то ба рўзгори Маъмун халифа. Ў бифармуд, то расад бикарданд ва ҳар соле ки Офтоб ба Ҳамал омад, Наврўз бифармуд кардан ва Зиҷи Маъмунӣ бархост ва ҳанўз аз он зиҷ тақвим мекунанд то ба рўзгори Мутаваккил. Мутаваккил вазире дошт, номи ў Муҳаммад ибни Абдулмалик. Ўро гуфт: "Ифтитоҳи хироҷ дар вақте мебошад, ки мол дар он вақт аз ғалла дур бошад ва мардумонро ранҷ мерасад ва оини мулуки Аҷам чунон будааст, ки кабиса карданд то сол ба ҷойи хеш бозояд ва мардумонро ба мол гузордан ранҷ камтар расад, чун дасташон ба иртифоъ расад". Мутаваккил иҷобат карду кабиса фармуд ва Офтобро аз Саратон ба Фарвардин бозоварданду мардумон дар роҳат афтоданду он оин бимонд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин