Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:02 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд 
  • 07:12 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд 

ЧУН АБР БА НАВРЎЗ РУХИ ЛОЛА БИШУСТ...

ЧУН АБР БА НАВРЎЗ РУХИ ЛОЛА БИШУСТ...

Иморати хештаншиносии тоҷикон ду шаҳсутун дорад, ки ба унвони муҷассамаи суннати зиндаи мардум замонати бақои рўзгори ўст: яке забони форсисту дигар ҷашни Наврўз. Ва аз ин рў, ҳар истилогаре, ки Ориёзаминро забт карду мардуми зодсарвашро таҳти итоати худ нигоҳ доштан хост, пеш аз ҳама ин ду рукни ҳастии таърихии аҷамиёнро шикастанӣ шуд: ё забони порсиро хонабанд кард, ё ҷашнгирии Наврўзро боздошт ва ё ҳар ду.
Чунончи, юнониёни мақдунӣ ҳамин ки Эронро забт карданд, нахуст Тахти Ҷамшедро оташ заданд. Валекин ин фақат оғози истилои сарзамини аҷдоди мо буд. Дар анҷом мебоист сутунмўҳраи маънавии халқу кишварро шикастан. Дар воқеъ, аз қавли Низомӣ гўям:
Сикандар бифармуд, к-эрониён,
Кушоянд з-оташпарастӣмиён.
Сарафшонони Искандар, ки ўро вассофони таърихиаш шогирди Арасту мехонанд, иҷрои фармони он "шоҳи оқилу одил"-ро аз китобсўзӣ сар карданд. Ва нахуст нодиртарин дастхати Авасторо, ки дар чандин пўсти гов бо оби тило навишта буданд, аз хазинаи Доро берун оварда, оташ заданд!
Искандарпарастони ҳазораи сонӣ афсонае бофтаанд, ки гўё Александр дастхати Авасторо нобуд накарда будаасту ба Юнон бурда тарҷума кунонда. Э кош, ҳамин тавр мебуду матни комили Авасто ҳам мисли Таврот дар тарҷумаи юнонӣ боқӣ мемонд! Мутаассифона, ин ба воқеият ва мантиқи таърих рост намеояд; шогирди Арасту будан ҳанўз нишони хирадмандӣ нест! Хусусан худи Арасту, ки ўро Абўалии Сино "Муаллими Аввал" мехонд, дар дилу зеҳни Искандари ҷавон нисбат ба эрониёну тўрониён кин парварда будаст!
Абулқосими Фирдавсӣ бе ишора ба фоҷиаи таърихии пойтахти Ҳахоманишиниён гуфта, ки "Каёнро бад-он ҷойгаҳ фахр буд". Яқинан муродаш фақат ин набуд, ки хабар диҳад: "нишастангаҳ он гоҳ Истахр буд". Оре, Истахр суннати сиёсии Эрони Бостонро таҷассум мекард. Онро маҷозан Тахти Ҷамшед ҳам гуфтандӣ, ки сабаб дошт: нишастангоҳи рўҳу равони ориёӣ низ ҳамон ҷо буд. Ва маҳз ўст, ки бандҳои гусастаи занҷири замонро ба ҳам васл намуда, ваҳдати маънавии аҷдоду авлодро бақои абад мебахшид. Пас, барои ҳокимияти юнониён ё арабҳои ғолибро дар Эрону Тўрон устувор намудан Искандар ва баъд Қутайбаро мебоист даставвал ҳофизаи таърихии мардуми мағлубро кўр кардан.
Вале чунин кори таърихсўзро на ину на он аҷнабӣ натавонистӣ кардан!
Ба назари аввал чунин менамояд, ки аҷдоди мо ба зудӣ мусулмон шудаанд. Вале ҳар касе, ки "Таърихи Бухоро"-и Наршахиро хондааст, нағз медонад, ки асли ҳол чунин набудаст. Ва агар минбаъд эрониён ба тарғибгари ғаюри дини бегона (ислом) табдил ёфта бошанд, ин воқеият айбу аҷаб нест. Чаро ки қабл аз ин бархўрди маънавияти эронӣ ва рўҳонияти арабӣ бо як созиши таърихӣ ҳусни анҷом пазируфт буд: аввал Аҷам исломӣ шуд, аммо баъд ислом аҷамӣ гардид!
Ҳақиқатан дар замоне, ки мардуми орёитабор ҳеч қудрати низомӣ ё сиёсӣ надошт, халифаҳои аббосиро кӣ маҷбур карда метавонист, ки ба танашон либоси эронӣ пўшанду ба сарашон кулоҳи эронӣ ниҳанд ва ё ба дарборашон шеъру адаб ва мусиқии эрониро роҳ диҳанд ва низ маросимҳои онҳо, махсусан ҷашни Наврўзро, ки аз суннатҳои сирф ориёисту ба ҷаҳонбинии ақвоми сомӣ рост намеояд, зинда кунанд.
Наврўз - оинаи қаднамои тамаддуни зироатзоди Аҷам буда, занҷири истимрори фарҳангии аслҳою наслҳоро ҳусни оғоз бахшидааст. Ниҳоли ин тамаддун, чун ҷумла падидаҳои нодири таърихӣ худрўст, вале дар замини маънавие рўёидааст, ки пеш аз реша гирифтану нумў карданаш барўманд шуда буд. Чунончи, бунёдгузори тамаддуни башарӣ Ҷамшед ҷашни Наврўзро ҷорӣ кард, вале, чунон ки Абўрайҳони Берунӣ дар баробари зикри ин ривоят барҳақ афзудааст, "пеш аз ин ҳам Наврўз бузургу муаззам буд".
Ҳампайвандии аслҳову наслҳо қалби фалсафаи таърихи Аҷам бувад. Аз ин маънӣ истимрор маркази табалвури суннати фарҳангиест, ки ба унвони мабдаъ ва маоди тамаддуни эронию тўронӣ замонати пойдории таърихии ўст. Аз қудрату нуфузи ҳамин омили фарҳангист, ки тамаддуни Аҷам дар масири таърихи пурпечутоб мисли тамаддунҳои қибтиён ё бобилиҳо нобуд нашуд, баръакс зинда монд. Аз ин ҷиҳат хусусан таърихи ҳифз шудани асолату рисолати фарҳангии эрониёни шарқӣ мавсум ба тоҷикон ҷолиб аст, ки Наврўз рамзи бармалои ҷонсахтии таърихии онҳост. Охир, дар арзи ҳазор соли охир тоҷикон дар иҳотаи амвоҷи торафт қувватгирандаю вусъатёбандаи қавмҳои саҳронишин монда, ҳокимияти сиёсиашонро аз даст дода буданд.
Чунонки дар китобҳои таърих мазкур аст, дар замони пасосомонӣ ба ҷуз хурўши бесомони ғуриҳо дигар ҳеч ҷунбиши муташаккили низомию сиёсие ба вуҷуд наомад, ки тоҷикони Варазрўду Хуросонро муттаҳид карда, дар муқобили мавҷҳои гилолуди баҳри пурталотуми Дашти Қибчоқ истодагарӣ карда тавонад. Аз ин рў, муқобилати маънавӣ ҷойгузини вокуниши ҷисмоние шуд, ки халқи тагҷоии кишвар маҷоли онро надошт. Вазифаи асосии ин навъи муқобилат ба истилогарон дар баҳри тамаддуни шаҳрнишинон маҳлул кардани аҳли Саҳро буд.Чунончи, ҳақиқати таърихист, ки тоҷикони Бухоро ба рагҳои бадани охирин насли сулолаи турку муғул хуни тоҷикӣ ворид карда ва онро дар деги фарру фарҳанги худашон ба тадриҷ ҷўшонида, сурату сираташро оҳиставу пайваста тағйиру такмил дода буданд: хонаводаи Амир Олимхон тоҷик шуда буд!
Наврўз таҷассуми ҳастии таърихии Хуросони Бузург замонати бақои абад ёфтани рўзгори маънавии мардумони ин диёри бостонист!
Акбар ТУРСОН

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин