Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:29 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд 
  • 08:12 – Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:02 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд 

САРАЗМ ВА НАВРЎЗ

САРАЗМ ВА НАВРЎЗ

Саразми бостонӣ хостгоҳи тамаддуни куҳани тоҷикон буда, аз ҷумла ҷашни Наврўз дар онҷо мутантан таҷлил мегардид.
То имрўз перомуни таърихи ҷашнгирии Наврўз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Муҳаққиқоне, ки дар робита ба пайдоиши Наврўзи ориёӣ кор бурдаанд, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, оғози ҷашнгирии онро ба давраи империяи Ҳахоманишиҳо мансуб медонанд. Пажўҳишгарон дар таҳлилу хулосаҳои худ ба мадракҳои бостоншиносии ҳазорсолаҳои VI-III то мелод кам такя намуда, дар чунин ақидаанд, ки ҷашнгирии он ба давраҳои хеле қадимаи таърихӣ (то пайдоиши хат ва нахустдавлатҳо), яъне ба замони Пешдодиён рост меояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба далелу мадракҳои бостоншиносӣ борҳо зикр намудаанд, ки Наврўз таърихи беш аз 6000 - сола дорад.
Барои рўшанӣ андохтан ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврўз ба бозёфтҳои моддии бостоншиносӣ рў меорем. Дар таъриху тамаддуни башарият марҳалае бо номи "Инқилоби неолитӣ" маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳалаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7- 6 - и пеш аз мелод) инсоният вобаста ба иқлими мавзеи зист ба зиндагии муқимӣ рў оварда, ба кишти ғалла машғул мешавад.
Ёдгории бостонии кишоварзии Саразм беш аз 30 сол аст, ки мавриди таҳқиқ қарор дорад. Бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли саразмиён, пеш аз ҳама, кишоварзӣ буда, ҳамзамон кулолгарӣ, маъданҷўиву маъдангудозӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва тиҷорат аз пешаҳои муҳими онҳо маҳсуб мешуданд.
Ҳамин тавр, Саразм ба яке аз марказҳои калони тиҷорати маъданҳои полиометалӣ (мису биринҷӣ, қалъагиву қўрғошим, тиллову нуқра) табдил ёфта, сокинони он бо қабилаҳои аҳди қадимаи кишоварзии Афғонистон, Эрону Балуҷистон робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намудаанд, ки инро ёдгориҳои бадастомадаи маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистон, дар самти шимол, ёдгориҳои маданияти Калтаманори соҳилҳои баҳри Арал ва маданияти Афанасовои ҷануби Сибир собит месозанд.
Маҳз ҳамин робитаҳои тиҷоратӣ сабаб гардиданд, ки дар Саразми бостон баробари рушди маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин заминаи ақидаҳои маданӣ низ ба вуҷуд оянд.
Кишоварзони саразмӣ баҳорро бо базму маросимҳои ба худ хос, махсусан афрўхтани оташ пешвоз мегирифтанд. Дар қабатҳои сеюму чаҳоруми ҷойҳои зисташон, ки ба нимаи аввал ва охири ҳазорсолаи 111-и пеш аз мелод мансубанд, нуқтаҳои даҳҳо мавзеи оташафрўзӣ дар зери осмони кушод дарёфт гардиданд.
Бино ба маълумоти ховаршиноси маъруфи Бритониё Мери Бойс ҷашнгирии Наврўз 6000 сол пештар аз ин роиҷ будааст. Ў таъкид мекунад, ки маросими мазкур, пеш аз ҳама, аз парастиши оташ чун муқаддасоти ҳаёти инсонӣ оғоз мегардидааст. Чунин оташкадаҳо аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии ҳамзамонони саразмиён дар ёдгориҳои Мундигоки Афғонистон, Шаҳри Сўхтаву Теппаи Ҳисори Эрон, Пираки Балуҷистон, ёдгориҳои маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистон ва дигар мавзеъҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо шудаанд.
Пас гуфтан мумкин аст, ки ибодат ба оташ ва оини меҳрпарастӣ аз ҳамин давраҳо дар байни қабилаҳои аҳди қадим маълум буда, асрҳои минбаъда аз насл ба насл гузашта, бо пайдоиши нахустдинҳо (зардуштия) ва нахустдавлатҳо бо тобишу ҷилои нав дар (ҳазорсолаҳои II-I пеш аз мелод) бо номи "Ҷашни Наврўз" пазируфта шудааст.
Ин аст, ки то имрўз Наврўзро мардуми шаҳрофари тоҷик ва меросбарони номвари ин тамаддун дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукўҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд. Рушду нумўи Наврўз аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ, бахусус Саразми Тоҷикистон, ки аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун яке аз нахустшаҳрҳои олам шинохта ва эътироф гардидааст, сарчашма мегирад.
Дар ҷараёни омўзиши пайваста ва гуногунсоҳаи ёдгориҳо дар бораи ҳаёти моддиву мадании саразмиёни бостон маводи сершумори пурарзиш ба даст омадаанд. Ин бозёфтҳо дар муқоиса бо маданияти аҳди қадими кишоварзии қабилаҳои ҳамҷавор собит месозанд, ки ниёгони мо - тоҷикон дар офариниши нахустшаҳрҳои башарӣ саҳмгузор будаанд.
Бузургии масоҳати ёдгории Саразм ва шумораву зичии ҷойгиршавии аҳолии он махсусиятҳои шаҳрсозии Шарқи Миёнаро бозгў мекунанд.
Хулоса ин аст, ки дар шароити пайдоиш ва рушдёбии зинаҳои нахустшаҳрҳои башар ҷомеаи бостонӣ низ иду базмҳои хоса доштаанд ва онҳоро ҷашн мегирифтаанд. Барои мардуми кишоварз дар арафаи оғози кишту кор зарурате пеш омадааст, ки ин фасли баҳорро бо маросимҳои ба худ хос истиқбол гиранд, ки аз муҳимтарини онҳо Наврўзи Аҷам аст.
Абдурауф РАЗЗОҚОВ,
номзади илмҳои таърих

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин