Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:29 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд 
  • 08:12 – Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:02 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд 

Рўдакӣ дар тараннуми баҳору Наврўз

Рўдакӣ дар тараннуми баҳору Наврўз

Дар байни мардуми эронитабор ягон суннате, ҷашне ва маросиме чун Наврўз барои хурду бузург мардумитар ва ба дилу дидаи инсонҳо наздиктар, ба кишоварзӣ ва домдориву муҳити зист муфидтар вуҷуд надорад. Чунки Наврўзро рўзгори моддӣ, диди фалсафиву эстетикӣ ва ҷаҳонбинии озодандешиву башардўстии мардум ва бинишу фаҳмиши тақвимии ниёконамон ҷиҳати сомон бахшидани корҳои кишоварзиву касабакорӣ, дўст доштани зебоиву муҳити зист ва покиву беолоишӣ, ободии Оламу Одам ва арҷ гузоштани инсон ва растагорӣ аз норасоиҳо тавлид намудааст. Роҷеъ ба ҷашни хуҷастапаю оламафрўз ва фархундаи Наврўз фарҳангнигорон, бузургони аҳли адаб ва хосатан шоирону нависандагон, таърихнигорон, мусиқидонону мусаввирон дар тўли таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор асарҳои бадеиву илмӣ ва суруду оҳангҳои дилошўб эҷод намудаанд. Инъикоси ҷашни Наврўз дар эҷодиёти шифоҳӣ, хосатан дар назми шифоҳии халқамон мақоми бориз дорад. Аммо ҷойгоҳи ин суннати воло дар эҷодиёти шоирони мутақаддим ва муосири форсу тоҷик мавқеи худро дорад. Ин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, ба шарафи Наврўз тасмим гирифтем, ки инъикоси баҳор ва Наврўзи хуҷастапайро аз диди Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рўдакӣ баррасӣ намоем ва гузашта аз ин, баъзе шеърҳои наврўзиву баҳорияи ҳамасрони ўро чун файзи баҳори рўҳнавоз, туҳфаи ҷашнӣ пешкаш намоем.

Аз муҳаққиқони осори Рўдакӣ баъд аз устод Саид Нафисӣ дар рўдакишиносии ҷаҳонӣ шахси дувуме, ки роҷеъ ба эҷодиёти шоир ба таври густарда ва жарф назар афкандааст, академик Абдулғанӣ Мирзоев мебошад. Ў дар асари арзишмандаш "Абўабдуллоҳи Рўдакӣ" дар баробари масъалаҳои рўзгор ва осори шоир доир ба васфи табиат таваққуф намуда, манзараҳои дилангези кўҳистони диёри Рўдакиро дар эҷодиёти шоири нозукбин ва вассофи табиат баррасӣ карда, аз ҷумла, гуфтааст: "Ашъори ба тасвири баҳор бахшидаи Рўдакиро мумкин аст дар қатори беҳтарин ашъори васфии шоир дохил кард. Ҳамон навъе, ки манзараҳои табиат ва обу ҳавои ҳар як мамлакат дар афкору хаёлоти сухансароёни он сарзамин бетаъсир намондааст, табиати зебои Мовароуннаҳр, таровату хуррамиҳои баҳоронаи он мавзўи асосии ашъори баҳорияи Рўдакиро ташкил додаанд". Устод Абдулғанӣ Мирзоев ин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, боз хотирнишон сохтааст, ки васфи зебоиҳои табиат ва дар иртибот бо тасвири табиат васфи маю майгусорӣ ва мусиқӣ баённамудаи шоир ба ақидаи исломии расмӣ иртиботе надорад. Онҳо ба ақидаи муҳаққиқи эҷодиёти шоири тавоно, ғолибан, бо суннату расму одатҳои тоисломии ниёкон иртибот дошта, ба оинҳои наврўзии мардумони эронитабори ориёӣ тааллуқ доранд. Ҳангоме ки ашъори шуарои мутақаддим ва хосатан Рўдакӣ ва ҳамасронашро баррасӣ менамоем, чи тавре ки устод Абдулғанӣ Мирзоев таъкид намудааст, васфи зебоиҳои табиат, баҳори фусункор ва Наврўзи оламафрўз мавриди ситоиш ва ниёиш қарор гирифтаанд. Аз ин рў, шеърҳои баҳория дар адабиёти форсу тоҷик яке аз бахшҳои дилнишину мумтоз ва латифу зебоянд. Метавон чунин шеърҳоро, ки баҳору гул, зебоиҳои табиат, кайфияту лаҳзаҳои ширини рўзгори инсонӣ ва ишқу ошиқӣ дар онҳо васф гардидаанд, ҳар як лаҳзаи ширину гуворои одамӣ ғанимат шуморида шудаанд, ашъори баҳория ва наврўзӣ номид ва онҳоро ба ду бахш ҷудо намуд. Ба бахши аввал шеърҳое шомиланд, ки маҳз ба ҷашни Наврўз ва оинҳои он эҷод гардидаанд. Гурўҳи дувум аз шеърҳое иборатанд, ки ба таври умумӣ ба тавсифи баҳор ва васфи манзараҳои табиати Машриқзамин ва хосатан табиати дилрабову зебои кўҳистони тоҷик ва мардуми ориёӣ ва озодагони эрониасл иртибот доранд. Ин бахши ашъори шуарои гузашта ва кунунии тоҷику форс миқдоран зиёданд. Онҳо дар назми классикӣ, ки Наврўзӣ ва Баҳорияҳо унвон доранд, аз нигоҳи санъатҳои бадеӣ ва образофаринӣ ҳамто надоранд. Мо ҳангоми мутолиаи ашъори баҳоронаи Рўдакӣ тапиши қалби ўро ҳис мекунем. Ин ҷиҳати эҷодиёти устод Рўдакиро ба назар дошта адабиётшиноси тавоно, донишманди гиромӣ, устод Расул Ҳодизода афзудааст. "Сабаби чунин ҳаяҷонбахшӣ ва пуртаъсирии ашъори Рўдакӣ, ба назари мо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ў дар тамоми санъати шеърӣ, махсусан, дар ташбеҳ ва истиора, ки нафосати назм вобаста ба онҳост, ҳеҷ гоҳ ба фикрҳои муҷаррад, торик ва образҳои абстрактӣ роҳ надода, ҳамеша ба воқеият, ба ҳаёти зинда муроҷиат кардааст".
Мо ҳангоми шиносоӣ ва баррасии ашъори Рўдакӣ, ки хеле кам то замони мо боқӣ мондааст, танҳо ба як байт дучор омадаем, ки бевосита ба ҷашни Наврўз тааллуқ дорад. Дар ин байт шоир ба муносибати дар як рўз рост омадани ҷашни Наврўз ва "Иди Қурбон" касеро табрик ва муборакбод намуда гуфтааст:
Бод бар ту мубораку хуншон,
Ҷашни Наврўзу гўспандкушон.
Аммо дар байни осори ў шеърҳое, ки бар васфи табиат бахшида эҷод гардидаанд, хеле зиёданд. Масалан, Рўдакӣ дар қасидаи баҳоронаи зайл тасвири зинда гаштани табиат, ҳаракати абрҳои бороновар, вазидани бодҳои форам, раъду барқ ва пас аз онҳо боридани борон, гоҳ-гоҳ аз зери абрҳо намудор гардидани Хуршед, ҷомаи мунаққаши сабз пўшидани дашту даман, манзараҳои зебои қуллаҳои барфпўши кўҳистон, дар байни киштзор намудор гардидани лолаҳои хандони монанд ба дастҳои ҳинобастаи арўсонро бо ташбеҳу истиораҳои сареҳ ва образҳои зиндаи бадеӣ тасвир намудааст.
Ҳоло таваҷҷуҳ шавад ба ин мисраъҳои лабрез аз санои бадеии бавуҷудоварандаи манзараҳои дилрабо ва эҳсосу ҳаяҷони шоирона:
Омад баҳори хуррам бо рангу бўи таиб,
Бо сад ҳазор нуҳзату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад - ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар - ш абри тираву боди сабо нақиб.
Наффот барқи равшану тундур-ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб.
Шоир дар идомаи қасида, боридани абрро бо гиряи марди мотамдор ташбеҳ кард, нолаи раъдро ба маҳзунии ҳолати ошиқ монанд кардааст, ки хеле табиӣ ва хотирмон аст:
Он абр бин, ки гиряд чун марди сўгвор,
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.
Хуршедро зи абр диҳад рўй гоҳ-гоҳ,
Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Якчанд рўзгор ҷаҳон дарманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бўи суман бодро табиб,
Борони мушкбўй биборид нав ба нав,
В-аз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳаме дошт, гул гирифт,
Ҳар ҷўяке, ки хуш ҳаме буд, гирифт ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арўс ба ҳино шуда хазиб.
Булбул ҳаме бихонд дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв мар ўро шуда муҷиб.
Сулсул ба сарвбун бар бо нағмаи куҳан,
Булбул ба шохи гул бар бо лаҳнаки ғариб.
Шоири дўстдори зиндагӣ дар қасидааш баъди тасвири манзараҳои табиат, баёни афкори фалсафии ошиқона, ба тарғиби истеъмоли май гузашта, таъкид намудааст, ки баҳору Наврўзро бидуни савти мусиқиву ҷамоли маъшуқагони дилфиреби бахшояндаи шодиву сурур набояд сипарӣ намуд ва бояд сархуш шуд:
Акнун хўред бодаву акнун зиед шод,
К - акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.
Соқӣ гузин бодаву май хўр зи бонги зер,
К - аз кишт сор ноладу аз боғ андалеб.
Ҳарчанд навбаҳори ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа хубтар-он меҳтари ҳасиб.
Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,
Фарзанди одамӣ ба ту андар ба шибу тиб.
Дидӣ ту рижу ком бад-ў андарун басе
Бо ридакони мутриб будӣ ба фарру зеб.
Тавре ки шинос шудем, дар қитъаи шеъри боло шоир ҳеҷ ба муболиға роҳ надода, чун мусаввири мониқалам манзараҳои зебои баҳори Варорўду Хуросон, алалхусус, зодгоҳаш Панҷрўдро ба ҷилва овардааст. Шоири нозукхаёлу мониқалам табиати диёрашро ниҳоят дўст медоштааст. Ў мафтуни ҳамешагии зебоии зодгоҳаш будааст ва аз ин рў ў гаштаву баргашта ба васфи табиати зодгоҳаш пардохтааст. Дар қитъаи зайл шоир саҳни чамани моҳи дайро, ки хеле сард аст, ба дами гургу паланг ташбеҳ дода, баъди фарорасии баҳор чун нигоришоти Аржанги Монӣ мунаққашу сабзу хуррамро ситоиш намудааст:
Он саҳни чаман, ки аз дами дай,
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ,
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.
Бар киштии умр такя кам кун,
К-ин Нил нишемани наҳанг аст.
Дар байти охирини қитъаи боло, шоир масъалаи муҳим, ғанимат шуморидани умр ва бебақо будани зиндагии инсонро хотирнишон сохтааст. Ў зимистони сарду бераҳмро чун дами гургу паланг ва наҳанги рўди Нил барои инсон хавфангез мешуморад ва ба қавли шоир инсон ба киштии умр камтар такя намуда, ба қадри умри хеш бояд бирасад.
Шоири ҳассос ва табиатдўст ҳангоми тасвири ғурриши барқу нолиши раъд, ташбеҳҳои хеле муносиби табииро мавриди истифода қарор додааст. Шукуфтани лолаву барг паҳн кардани маҷнунбедро дар арафаи Соли Нав - фарорасии Наврўз ва бар болои шукуфаҳо нишастани донаҳои жолаву қатраҳои боронро ба ашки дидаи маҳҷурон - мотамзадагон монанд кардааст, ки хеле ташбеҳи мувофиқ аст:
Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола,
Чунон чун модар аз сўги арўси сездаҳсола.
Ва гашта з-ин паранди сабз шохи беди бунсола,
Чунон чун ашки маҳҷурон нишаста жола бар лола.
Дар фасли арўси сол - баҳор сайругашти наврўзӣ аз қадимулайём яке аз одатҳои маъмули мардуми тоҷик аст. Аз рўи ақидаи ниёконамон дар фасли баҳор сабза зер кардан, саёҳати дараҳову чашмасорон, чидани гиёҳҳои кўҳӣ, хосатан ревос - чукрӣ, хорҷ ва гулҳои худрўй инсонро поку мубарро месозад. Ба қавли мардум "занги дилро" тоза мекунад. Бо ишора ба ин ҷиҳати масъала устод Рўдакӣ фармудааст:
Оҳу зи танги кўҳ биёмад зи дашту роғ,
Бар сабза бода хуш бувад, акнун агар хўрӣ.
Рўдакӣ дар фасли баҳор садои рўдҳои кўҳӣ, чашмасорон ва садои кабкакони хушхирому бонги тазарв-тазро хуш пазируфта гуфтааст:
Чун латиф ояд ба вақти навбаҳор,
Бонги рўду бонги кабку бонги таз.
Дар байни ашъори ошиқонаи устод Рўдакӣ баъзе сурудаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо вобаста ба тасвири табиат, шукуфтани лолаи саҳро ба хандаи қаҳрамони шўрангези мардумони шарқ Лайло ва гиряи абрро дар гардун ба дидаи ашкрези Маҷнун ташбеҳ додааст. Аз оби ҷўй, ки маҳбуба рўй шустааст, ҳар соат бўи гулобро ошиқ эҳсос мекунад, ки хеле тасвири табииву нотакрор аст:
Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷўй ҳар соат ҳаме бўи гулоб ояд,
Дар ў шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.
Шояд роҷеъ ба ҷашни Наврўз устод Рўдакӣ ашъори зиёде эҷод намуда бошад. Чун ў дар ашъори баҳория ва наврўзиаш, ғанимат шуморидани умр, вобаста бо оинҳои наврўзӣ андешаҳои пешқадамро дар иртибот бо маю маъшуқа ва суннатҳои бостонӣ иброз доштааст.
Ҳамин тавр, тасвири табиат ва мадҳи ҷашни Наврўз дар эҷодиёти анқариб тамоми шоирони мутақаддим ва муосири форсу тоҷик вобаста ба ҳасбу ҳол ва ё ягон мавзўи муҳими зиндагӣ сурат гирифтаанд. Метавон ба натиҷае омад, ки аксарияти наврўзиҳои шоирон ашъори васфӣ буда, накутарин шеърҳои лирикӣ мебошанд. Ва ба ин падидаи муҳими адабӣ Абуабдуллоҳи Рўдакӣ асос гузоштааст.
Рўзии АҲМАД

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин