Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:02 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд 
  • 07:12 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд 

ҲАФТ ХОНИ НАВРЎЗ

ҲАФТ ХОНИ НАВРЎЗ

Суфраи наврўзӣ яке аз рукнҳои асосии ҷашни бузурги мо-тоҷикон мебошад. Дар ривоятҳои ориёӣ омадааст, ки ҳафтсину ҳафтшин ба мазҳари ҳафт офаридаи муқаддас Аҳурамаздо пайванди ногусастанӣ доранд. Агар аз дидгоҳи мардумшиносӣ ба моҳияти ин ойин нигарем, он танҳо хони идона нест, он бо шугуну боварҳо ва розу рамзҳо, ки бо асотир ва таърих омезиш ёфта, маърифат, хираду дониш ва ҷавҳари ботинии инсон, дар маҷмўъ хилқати башарро ифода месозад. Ба иборати дигар, он баёнгари фазо ва муҳити наврўзӣ ва рушду боландагии табиат мебошад.
Хони наврўзӣ аз матои сафед омода шуда, рамзи покӣ, тозагӣ, нафозат буда, ба қавли донишмандон намоди Сипандормуз, яъне хиради комил, меҳру муҳаббат, ишқи пок, порсоиро баён мекунад. Гузашта аз ин, меҳр варзидан ва талқини некиву накўкорӣ ва парастиши зебоиҳои зиндагонӣ низ ба Сипандормуз тааллуқ дорад. Аз ин дидгоҳ, ҳафт хони наврўзӣ, ки рамзи бороварии Замин аст, бо рақами ҳафт, ки дар тақвими гузаштаи ниёгони мо шумораи муқаддас ба шумор меравад, иртиботи қавӣ дорад.
Ҳафт фариштаи осмонӣ, ҳафт табақаи осмон, ҳафт табақаи Замин, ҳафт сайёра, ҳафт фалаки коинот, ҳафт кишвар, ҳафт иқлим, ҳафт рўзи ҳафта, ҳафт зинаи камолоти маънавии инсон, ки ҳар кадом дорои шугун, бовар, устура ва ривояту таърих буда, аз ғанӣ будани фарҳанги миллати куҳани мо шаҳодат медиҳад.
Ҳафт хони наврўз, пеш аз ҳама бо ҳафтсин ва ҳафтшин оғоз меёбад.
Аксари мардуми ориётабор аз рўзгори куҳан то имрўз хони наврўзии худро бо номи ҳафт син, аз ҷумла санҷид, себ, сабза, суманак, сикка, сирко ва сипанд оро медоданд. Илова бар ин, рўи хони наврўзӣ як зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъ, гулоб, ширинӣ низ мегузоранд, то он бошукўҳтар гардад.
Санҷид бўи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Он барангезандаи ишқу нишот ва шўру шаафи ҷавонӣ ва намоди зоишу таваллуд мебошад. Баъзе аз донишмандон онро "муқаввои ақл" низ донистаанд. Ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид ниҳодан ба хони наврўзӣ намоде аз донишу хирад будааст.
Аз маводи ғизоии ҳафтгона себ рамзи дувуми ҳафтсин мебошад. Ағлаби мардумшиносон ба он эътиқод доранд, ки себ рамзи тандурустии инсон мебошад. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки ҳар кас ҳар рўз як дона себ хурад, ўро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Дар урфият мегўянд, ки себ ду рух дорад: нимаи нахусти он ба дўст ва нимаи дувуми он ба рухи ёр ташбеҳ шудааст.
Севумин "син"-и хони наврўзӣ сабза аст. Ин сабза пеш аз ҳама ба рўиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошад ва рамзи сарсабзӣ, нумў ва хуррамии инсониятро бозгў менамояд. Инсон ҳам мисли сабза аст, гоҳ чун баҳор пуршукуфа мегардад ва гоҳе дигар чун тирамоҳ хазон мешавад. Ба иборати дигар, аз раванди рўиш то фарсоиш нигоҳ кунем, он рабту низоми коинотро ифода карда, таҳвилу тағйири муҳит, фазо, замон ва вақтро ба субут мерасонад. Бинобар ин, мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол медонистанд.
Чаҳорумин унсури суфраи идона суманак мебошад. Он ғизои маъруфи наврўзӣ аст. Он дорои тамаддуни ғании кишоварзӣ будани мардуми моро баён сохта, нишони ғизо гирифтан ва паҳлавонӣ низ мебошад. Бесабаб нест, ки онро ғизои "мардофарин" ном мебаранд. Зеро ин таоми идона аз тухми ғалла таҳия мешавад ва ғалла дар суннати дерини ниёгони мо, пеш аз ҳама ба файзу баракат иртибот дорад. Пухтани суманак дар фарҳанги мо бо рангу ҷилои гунонун тасвир ёфта, тоҷикон онро назри баҳор медонанд:
Суманак назри баҳор аст,
Ҷашни ҳар шабзиндадор аст,
Дилхушӣ соле ба кор аст,
Соли дигар боз биё!
Рамзи дигари хони наврўзӣ сикка мебошад. Он нишони дороӣ ва сарват, сахову баракат ва хайру эҳсон мебошад. Гузаштагони мо ба он хотир рўи хони худ сиккаҳои симу зар мегузоштанд, ки дар Соли нав рўзгорашон бо баракат, фаровон, орому осуда сипарӣ шавад. Сериву пурӣ, фаровонӣ, арзонӣ низ аз рамзҳои сиккагузорӣ рўи хон аст. Тавонгарӣ шуҷоатро низ бозтоб медиҳад.
Хони наврўзиро сирка, ки рамзи шашуми он мебошад, оро медиҳад. Онро муқаввии ҳофиза ва қалб гуфтаанд. Он ба масобаи пизишкест, ки инсонро дармон мебахшад ва аз дарду офатҳо эмин нигоҳ медорад. Онро рамзи ризову тасаллӣ низ қаламдод кардаанд. Барои гувориш ва ҳазм шудани таом аз анвои гуногуни сирко, ба мисли шарбатҳои ангур, себ, гелос, олуболу, шафтолу, зардолу таҳия мегардад, истифода мекунанд. Ин ба сони муъҷизаест, ки чарбшўст ва мухтассоти зиддисаратонӣ дорад.
Сипанд ё ҳазориспанд охирин "син"-и ҳафтсини хони наврўзист. Онро донишмандон рамзи сабр ва таҳаммул донистаанд. Дар хони наврўзӣ он намоди пойдорӣ ва муқовимат буда, инсон талош меварзад, то ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ бирасад. Дар тибби мардумӣ он аз доруҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии бемориҳои зиддиуфунӣ, зуком ва тақвияти қувваи биноӣ истифода мешавад. Дар урфи мардуми мо, он "гиёҳи балогардон" буда, онро аз ҷумлаи адвияи мусаккин донистаанд.
Донаҳои ҳазориспандро рўи зарфи наврўзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврўз онро ба хотири дафъи балоҳо месўзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.
Гузаштагони мо густардани ин хони наврўзиро ба дўши духтари дўзишае мегузоштанд, то баъд аз тановули маводи ғизоӣ пиронсолон дуо кунанд, ки соҳиби шавҳари хуб ва фарзандони накў гардад. Ин ҳам яке аз суннатҳоест, ки мардуми мо то имрўз нигоҳ доштаанд.
Дар баробари ҳафт син ниёгони мо дар хони наврўзии худ ҳафт шинро низ мегузоштанд, ки он иборат аст аз: шароб, шакар, шаҳд, шир, шамъ, шамшод ва шоба.
Имсол аз ҷаҳонӣ шудани Наврўз ҳашт сол сипарӣ мегардад. Яке аз ташаббускорони ҷаҳонӣ шудани Наврўз Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки баъд аз истиқлол ёфтани Тоҷикистон дар кишвари зебоманзар ва биҳиштосои мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон -Наврўз асолати воқеии худро ёфт. Бистуҳашт баҳор аст, Наврўз ҳар сол дар ноҳияе бо рангу бори нав дар кишвари мо таҷлил мегардад, урфу суннатҳои гузаштаи мо бори дигар бо шукўҳу шаҳомати хосса зинда шуданд. Ба қавли маъруф Тоҷикистон ватани Наврўз шудааст. Имсол ҷашни Наврўзи бузурги Тоҷикистон дар шаҳри Норак таҷлил гардид ва дар айёми наврўзӣ мардуми шарифи кишвар дар ҳар гўшаи диёри ҳамешабаҳорамон онро пешвозу истиқбол гирифтанд.
Наврўзатон пирўз бод,
Ҳар рўзатон Наврўз бод.
Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити
байналмилалӣ ва ташкили
ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин