Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:20 – Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 10:38 – Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат 
  • 10:34 – Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 17:17 – Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш 

“Гузашта чароғи роҳи оянда аст”- Тоҷикистон ва Эрон давлатҳои ба ҳам дӯст ва бародар боқӣ хоҳанд монд

1 июни соли равон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид. Дар рафти баргузории мулоқот ҷонибҳо «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯбиҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният» -ро ба имзо расониданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар партави ҳидояту роҳнамоии раҳбарияти олии ду кишвар мушкилоти мавҷуда ба зудӣ рафъ шуда, робитаҳои дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки маҳз дар ин сана дар шаҳри Теҳрон вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат гирифт.
Маврид ба тазаккур аст, ки мардуми форсу тоҷик, ҳамчун қавмҳои дорои фарҳанг, урфу одат ва маънавиёти ба ҳам монанд дар тӯли тарих муносибати бародаронаву ҳамҷаворӣ доштанд. Аммо як муддати кӯтоҳ номуносиб афтодани робитаҳои дипломатӣ боис гашт, ки додугирифт ва рафтуомади ин ду қавми бародар каме коста гардад. Мутмаин ҳастем, ки бо ба имзо расидани «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯбиҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният» ва баргузор гардидани мулоқоти судманди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба мусоидати дипломатӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ, иқтисодии ин ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар доираи ин масъалаи муҳими таърихӣ суҳбате доштем, бо коршиноси масоили сиёсӣ ва ходими Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов.
- Назари Шумо вобаста бо паёмадҳои баимзорасии Ёддошти тафоҳум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ гуна аст?
-Дар навбати аввал ман мехостам аз муносибати ин ду давлати ба ҳам дӯст дар тӯли таърих ёдоварӣ намоям. Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистон ва Эрон аз замони пайдоиши ин ду қавм ба ҳам муносибати дӯстона, самимона ва хешу қавмиву бародарона доштааст. Чунки мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон муштаракоти таърихӣ, динӣ,фарҳангӣ дорем ва бештари расму ойинҳои мо ба ҳам монанд ҳастанд. Аз ин дидгоҳ мо ду қавме ҳастем, ки дар гузашта сарнавишти ягонаи таърихӣ ҳам доштем. Муҳимтар аз ҳама қобили зикр аст, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ягонагии мамлакати моро пазируфт. Дар ҳамин доира, ҷиҳати пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисодиву энергетикӣ, фарҳангиву иҷтимоии кишвари мо мамлакати дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши муассир дорад.
- Ба назари Шумо минбаъд дар доираи чунин як ҳамкории наҷиб ин ду давлати ба ҳам дӯст ба чӣ дастоварҳои воқеӣ ноил хоҳанд шуд?
-Бо боварӣ метавон гуфт, ки ба имзо расидани «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯбиҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният» ба пешрафти соҳаҳои гуногуни ин ду давлат аз гузашта бештар саҳм хоҳад гузошт. Яке аз масъалаи калидие, ки дар ин ёддошти тафоҳум мавриди назари дуҷониба сурат гирифт, ин мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад. Бинобар доман паҳн кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир вазирони корҳои хориҷии ду кишвар аҳамияти муборизаи дастҷамъонаро алайҳи ин зуҳуроти хатарзо муҳим дониста, қарор доданд, ки дар ин замина ҳамкориҳои дуҷонибаро васеъ ба роҳ монанд. Дар ёддошти тафоҳум, инчунин масъалаҳое мавдири баррасӣ қарор гирифтанд, ки воқеан ҳам барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ду давлат мусоидат менамояд ва ин ҳуҷҷати таърихӣ ҳамкориҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бар гирифтааст. Аз ҷумла:
- таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар самтҳои пешгирӣ аз ғасби ҳокимият, таҳдидҳо бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории онҳо.
- пешгирии муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва моддаҳои тарканда, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ.
- хариду фурӯши одамон.
- пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ.
- киберҷиноятҳо.
- пешгирии барасмиятдарории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда.
- маблағгузории терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)
- дахолат накардан дар корҳои дохилии якдигар.
Дар Ёддошти тафоҳум, инчунин омадааст, ки тарафҳо «аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд”.
Масъалаи навбатие, ки боиси қаноатмандист, ин ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эътироф шудани Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз ҷониби Эрон мебошад.
- Дар шароити бисёр душвори ҷаҳонишавӣ, ки муносибати давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ бо дигар мамлкатҳои пешрафтаву дар ҳоли рушд қарор дошта печида аст, чунин ҳамкориҳои дӯстонаву бародаронаи Тоҷикистон ва Эрон то куҷо саривақтӣ ва муассир аст?
-Дар чунин шароити ҷаҳони муосир, боз ҳам ҷиддитар шудани муносибати бародаронаи ин ду кишвари ба ҳам дӯст айни муддаост. Ин ҳамкории бародарона имкон медиҳад, ки дар арсаи байналмилалӣ ин ду давлат аз манфиатҳои якдигар ҳимоят кунанд. Мо мардуми тоҷик як мақоли хуб дорем, ки мегӯянд: “Гузашта чароғи роҳи оянда аст”. Гузаштаи хуби таърихии мо заминаи рушду пешрафт ва ҳамкориҳои судманди ду давлат аст. Мо эътимоди комил дорем, ки баъди омадани Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати дипломатӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ду давлат боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад шуд. Ягона чизе, ки мо мехоҳем ва дар талаб ҳастем, ин дахолат накардани дигар қувваҳо ва гурӯҳҳо ба муносибати ин ду кишвар аст.
- Барои чунин як суҳбати самимӣ аз Шумо сипосгузор ҳастем.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф таъкид гардидааст: “дар партави ҳидояту роҳнамоии раҳбарияти олии ду кишвар мушкилоти мавҷуда ба зудӣ рафъ шуда, робитаҳои дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард”. Дар доираи баргузории чунин мулоқоти судманд ва ба имзо расидани «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҲукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯбиҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният» ҳамкориҳои ин ду давлати ба ҳам дӯст, аз гузашта низ бештар рушд хоҳад кард.


Суғдмеҳри Маъруфзод
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин