Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Саммити шашуми МҲТБО соли 2022 баргузор мешавад

Саммити шашуми МҲТБО соли 2022 баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Саммити шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осие (МҲТБО) соли 2022 ва ҷаласаи шашуми вазирони кишварҳо соли 2020 баргузор мешаванд. Дар ин бора дар Эъломияи ҷамъбастии аз рӯи Саммити Душанбе қабулгардида омадааст.
Дар санади мазкур гуфта мешавад, ки Тоҷикистони раисикунанда дар ҳамкории зич бо дигар давлатҳои иштирокдор ва нозирон барои ба сатҳи баландтар баровардани ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО ва рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад ва ҳамаи кишварҳо дар ин самт ба он мусоидат хоҳанд кард.
«Мо ба тавофуқ омадем, ки ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии МҲТБО-ро соли 2020 ва Саммити шашуми МҲТБО-ро соли 2022 баргузор намоем», — гуфта мешавад дар Эъломия.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин