Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ! ҶАВШАНИ МО, МАХЗАНИ МО, ОФТОБИ РАВШАНИ МО БОШ!».

«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ! ҶАВШАНИ МО, МАХЗАНИ МО, ОФТОБИ РАВШАНИ МО БОШ!». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бахшида ба 22-солагии Ваҳдати миллӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон


«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ! ҶАВШАНИ МО, МАХЗАНИ МО, ОФТОБИ РАВШАНИ МО БОШ!».

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чун сухан аз озодӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, сараввал Ваҳдати миллӣ пеши назарамон меояд. Дар мавриде, ки аз Ваҳдати миллӣ меандешем, аввалин ҳадаф ва дастоварди онро дар Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебинем. Яъне ин ду мафҳум — Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҳам ҷудоинопазиранд, муттакои ҳамдигар, гарави мавҷудияту пирӯзиҳои ҳамдигар ҳастанд.


«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ! ҶАВШАНИ МО, МАХЗАНИ МО, ОФТОБИ РАВШАНИ МО БОШ!».

Мо агар рӯзгори навини миллати тоҷикро мисли маҷрои дарёе тасаввур намоем, як соҳили ин дарё агар Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бошад, як соҳили дигари мустаҳкамаш, бидуни шубҳа, Ваҳдати миллии халқи мост. Ва ё агар бихоҳем Симурғи бахти миллатамонро дар авҷи само парафшон бубинем, бояд як боли қавии онро аз Истиқлолияти давлатӣ ва боли дигарашро ҳатман аз Ваҳдати миллӣ бунёд намоем, зеро ин мурғи хуҷаста, бе ин ду бол ҳаргиз қавӣ ва баландпарвоз нахоҳад буд.
Ваҳдат ва истиқлолият ду вожаи барои халқи мо муқаддас, ду вожаи муҷалло ва нурафшоне, ки барои миллати куҳанбунёди тоҷик арзишҳои баланди тақдирсоз доранд. Рӯшноӣ ва гармии ин ду вожа ба зиндагӣ ва ҳастии мо нур, ба равонамон гармӣ эҳдо мекунанд. Ин ду вожа, на танҳо роҳи ояндаи халқу мамлакати моро равшан сохтаанд, балки ҳарду сипари баэтимоди бовар ва бехатарии миллатамон маҳсуб меёбанд, албатта дар сурате, ки мо ҳамеша онҳоро ҳифз намоем, ба қадри онҳо бирасем. Ду вожае, ки мо мебоист онҳоро чун хун дар шарён ва чун нафас дар димоғамон ҳамеша покиза нигаҳ дорем.


«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ! ҶАВШАНИ МО, МАХЗАНИ МО, ОФТОБИ РАВШАНИ МО БОШ!».

Ваҳдат, ки маънояш ягонагӣ, яке будан, аз як гиребон сар баровардан, як ҳадафи миллиро пайгирӣ кардан аст, бунёд ва зербунест, ки бидуни он ҳеҷ халқ ё миллате наметавонад ба орзуҳои муқаддаси миллии худ, хусусан ба Истиқлолияти давлатӣ бирасад. Ва дар оғози Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистони навини мо сараввал таъсис ёфтани ташкилоте бо номи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон амале буд бамаврид ва хирадмандона. Мо дидем, ки ин ҳаракати умумихалқӣ чӣ нақши бузург дар бунёд ва таҳкими истиқлолиятамон бозид. Онро сарҷамъ карду ба мақсадҳои наҷиб раҳнамоӣ намуд. Дар луғатҳо низ омадааст, ки иштироки ҳама афроди миллат дар амал ва мақсад ваҳдат ном дорад.
Инак бисту ду сол аст, ки Ваҳдати миллии тоҷикон чун сипари баэътимоди Истиқлолити давлатии ватанамон хизмат мекунад. Аммо Ваҳдати милливу Истиқлолияти давлатӣ ба чӣ асос меёбанду кафолати пойдории онҳо дар чист? Ба андешаи банда, ин кафолат пеш аз ҳама, дар ҳадафҳои бузург, мақсадҳои наҷибу хайрхоҳонаву инсондӯстона, сиёсати дурусти Ҳукумату давлатдории тоҷикон ва бештар аз он, дар хираду нерӯи қавӣ ва созандаи халқи мамлакат зоҳир мешавад.
Комёбӣ ва пирӯзиҳое, ки дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда шуданд, замина ва раҳнамояшон, агар аз як ҷониб ҳадафҳои баланди миллӣ бошанд, аз ҷиҳати дигар бунёди халқи нексиришту хайрхоҳ ва амниятпарвари тоҷик аст. Миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мо дар сиришти инсонии худ некойину сулҳпарвару башардӯст аст. Ҳамин хусусияти миллӣ, бидуни шубҳа, раҳнамои сиёсати давлатдории мамлакатамон гардида, обрӯву нуфузи он, симои маънавию воқеии онро дар арсаҳои байналмиллаливу ҷаҳонӣ муайян намудаанд.
Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки дар тӯли рӯзгори кӯтоҳи гузашта дар замони Истиқлоияти давлатиамон се ҳадафи стратегии Давлат ва халқамон: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти эрнергетикӣ ва амнияти озуқавориро пайгирӣ ва амалӣ намоем. Иҷрои ҳадафҳои номбурда, хусусан истиқлолияти энергетикӣ, имкон додааст, ки имрӯз дар пешорӯи халқ ва ҷумҳуриамон ҳадафи нави стратегияи миллӣ- саноатикунонии мамлакат гузошта шавад. Иҷрои ин ҳадафи бузурги миллӣ боз як қадами бузург ба ҷониби фардои дурахшон, эҳёи навини Тоҷикистон ва бунёди давлати муваффақ ва сатҳи баланди зиндагии мардум хоҳад буд.
Худи таърихи гарон ва пурмаҷарои халқамон ҳамеша моро ба Ваҳдати миллӣ, ба ягонагиву сарҷамъӣ, бо ҳам будан ва чун сипар хестан алайҳи душманонамон ҳидоят менамуд. Аз ин рӯ, расидан ба қадри ин дастоварди бузург, пуштибонӣ аз он аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар сокини ин диёр, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯст, ки Пешвои миллатамон Ваҳдати миллиро «дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватанамони маҳбубамон» номидаанд.
Беҳуда нест, ки назарияи Ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз замонҳи қадими таърихӣ дар осори саромадони илми ҷаҳон Афлотун, Абӯнасри Форобӣ, Ибни Ҳалдун, Томас Гобс, Жан Жак Руссо ва ахиран мутаффакири тоҷик Аҳмади Дониш таҳқиқи илмию фалсафӣ ёфтааст. Ба андешаи ин бузургон хушбахтии ҷомеа, низоми муносибатҳо ва ҳастии муназзами онҳо ба ваҳдату ягонагӣ, яъне армони дерини одамизод — ваҳдат вобастагӣ дорад.
Албатта, бояд гуфт, ки танҳо таманно ва ифтихор аз Ваҳдати миллӣ кам аст. Барои пойдорӣ ва қавӣ сохтани пояҳои Ваҳдати миллӣ, бидуни баҳс, боз мебоист омилҳои дигареро низ пайгирӣ кард, ки яке аз муҳимтарини онҳо худшиносии миллии халқи мост, ки дар сиёсати давлатдории кишварамон воқеан аз оғоз ҳадафнок пайгирӣ мешавад. Яъне шинохти ҳувияти миллӣ, дарки рисолати миллӣ аз асоситарини шартҳои расидан ба Ваҳдати миллист.
Омилҳои дигари пойдории ваҳдату истиқлолият ба андешаи мутафаккирони гузаштаву имрӯза адолати иҷтимоӣ мебошад, ки низ омили асосии ягонагии мардум аст. Дар ин росто, таҳкими қонуният, нигоҳ доштани мувозинати иҷтимоӣ ва хусусан мувозинати маҳалҳо дар Тоҷикистони аз ҷиҳати ҷуғрофӣ парешони мо хеле зарур аст.
Албатта дар ин радиф, мо бояд нақши ташаккули шуури миллӣ, парвариши эҳсоси меҳанпарастӣ ва ангезишҳои ватандӯстиро набояд аз ёд бубарем.
Ба андешаи банда, бунёди ваҳдат дар сарзамини мо заминаҳои табиӣ дорад, ки сиришти нек, хайрхоҳиву башардӯстӣ ва рӯҳияи сулҳпарваронаи мардуми тоҷик метавонанд асоси ин заминаҳо бошанд, ки дар онҳо кохи бошукӯҳи Ваҳдати миллии тоҷикон метавонад бунёди қавии худро гузорад.Аммо шарти дигаре ҳаст ва ин шарт он аст, ки халқи моро бояд ҳадафҳои баланди миллӣ раҳнамоӣ кунанд ва чунин ҳадафҳо, хушбахтона, вуҷуд доранд, ки миллати некманиши моро аз оғози Истиқлолияти давлатиаш раҳнамоӣ кардаанд ва ҳама музаффариятҳои истиқлолият ва ваҳдати мо дар даврони навин ҳосили ҳамин сиёсати неки пайгиронаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Аммо набояд фаромӯш кунем, ки мо дар чи замони беамну хатарзо, тундии муносибатҳои байналмиллалӣ ва хатарҳои нав ба нави харобиовар зиндагӣ дорем ва ин зуҳурот моро барои таҳкими бештари Ваҳдати миллиамон водор месозад. Зеро танҳо ҳамин Ваҳдати миллист, ки бо такя ба он мо бузургтарину қиматтарин ва азизтарин дасоварди таърихии худ Истиқлолияи давлатии Тоҷикистонро метавонем пойдор бидорем ва аз он пуштибонӣ кунем. Хиради зотии халқи башардӯсти тоҷик, муҳаббат ва садоқати он ба муқаддасоти худ, сиёсати неманишонаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба мо ин кафолат ва ин боварро медиҳанд.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
Ходими адабии «АМИТ» Ховар


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин