Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон соҳиби 11 медал гардиданд

Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон соҳиби 11 медал гардиданд

ДУШАНБЕ, 09.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар 19-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук — Ҷоми Гусман Косанов дар Қазоқистон сазовори 11 медал гардиданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 6-7 июли соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар мусобиқаи имсола 220 нафар варзишгар аз 14 давлат – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Туркия, Украина, Ҳиндустон ва Эрон ширкат карданд.
Хотиррасон менамоем, ки дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар 19-умин Ҷоми Гусман Касанов соҳиби 11 медал – 3 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ гардид.
Гулсунбӣ Шарифова дар масофаҳои 200 (23.35 сония) ва 400 метр (52.70 сония) ду медали тилло ба даст оварда, дар масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт. Медали дигари тиллоро Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58.90 сония сазовор шуд.
Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:51.86, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 53.00 сония, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр ва 4х100 метр ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.
Медалҳои биринҷиро Абдурауф Мусоев дар гурзпартоӣ бо натиҷаи 58,70 метр, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 54.53 сония, Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 47.44 сония (рекорди миллӣ) ва Фаридун Ашуров дар тела додани ядро бо натиҷаи 13.81 метр соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Гусман Косанов ба тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё (AAA) ворид гардида, мусобиқаи рейтингӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб мешавад.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин