Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Боғи 15-солагии Истиқлолияти шаҳри Кӯлоб навсозӣ мешавад

КӮЛОБ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи 15-солагии Истиқлолияти шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун» навсозӣ карда мешавад. Айни замон дар боғи мазкур корҳо аз рӯи лоиҳа босуръат ҷараён дошта, коргарон қисмати зиёди корҳои заминӣ ва оҳану бетониро анҷом додаанд.
Тавре сардори ҶДММ «Фаридун» Акбар Маҳмадҷонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттидоъ дод, дар боғи мазкур хатти оби нӯшокӣ ва барқ вуҷуд надошт ва сохтмончиён вобаста ба лоиҳа хатҳои об ва барқро кашида истодаанд. Бояд гуфт, ки дар корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ истифода бурда мешавад. Инчунин аз рӯи лоиҳа, дар ин боғ майдончаи хурди футбол, майдончаи бозии кӯдакон, амфитеатри хурд, фаввораҳо ва дигар намуди хизматрасониҳо барои сокинон муҳайё гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки боғи фароғатӣ дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин