Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…».

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Дар Душанбе «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ нашр мешавад


«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…».

Дар партави дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири шинохта Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ба шакли пурра чоп карда мешавад. Китоби мазкурро Нашриёти «Адиб» дар шакли «Куллиёт» ба наздикӣ бо сифати баланд ва теъдоди зиёд нашр ва дастраси хонандагони сершумор мегардад.
Вобаста ба ин рӯйдоди муҳими адабию фарҳангӣ директори Муассисаи нашриявии «Адиб», шоир ва публисист Давлат САФАР ба АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:
— Бояд дафъатан гуфт, «Куллиёт»-и шоир аз дигар асарҳояш, ки дар давраҳои гуногун рӯи чоп омадаанд, ба куллӣ фарқ мекунад. Нахустин муҳаққиқу омодакунандаи осори шоир Сайидумар Султонов дастхатҳои Ҳоҷӣ Ҳусайнро дастрас намуд. Ғазалу рубоиҳои чопнашудаи шоир аз ин миён пайдо гардиданд.
Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ (1868 — 1917) яке аз суханварони орифу фарзона ва нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардидааст. Осори рангину арзишмандаш имрӯз ҳам мазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи он бармеояд, ки Ҳоҷӣ дар замони худ аз ҷониби амалдорон ва ҳасудонаш сахтиҳо ва ранҷҳои зиёд кашидааст.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ғайр аз омӯхтани илмҳои замони худ ба лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва хусусан, дар санъати муҳрканӣ маҳорати зиёде дошт. Ҳамчунин, дар санъати хаттотӣ ва хушнависӣ маълуму машҳур гашта буд.
Аз Ҳоҷӣ ба мо 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддас иборат аз 28 банд, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум бахшида ба сохтмону иморатҳои гуногун — ҳаммом, мадраса, қалъаҳо дар Кангурт, Қаротегин, Ҳисор ва ҳоказо, 9 мактуби мансур ба шахсони гуногун ва муҳибони худ, манзумаҳои «Василат — ун — наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб — ул — ахбор фи табақот — ус — салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» омада расидааст. Илова ба ин, боз як мероси адабии пурқимати Ҳоҷӣ ин рисолаи «Хутути ашколи исломия» мебошад, ки дар бораи намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ аст.

Ҳоҷӣ бо ақидаҳои озодипарастиаш мардумро аз нодонӣ, торикӣ ва ҷоҳилӣ ба сӯи рӯшноӣ, маърифат ва некномию хештаншиносӣ ҳидоят мекард:
Чӣ замонест, ки халқе, ки дар ин бозоранд,
Ҳама берун шуда дар бодияи нодонӣ.
Ва ё:
Бе сиёсат нест, Ҳоҷӣ, кори оламро низом,
Фитнаро бошад қарор аз ваҳшати арбоби теғ.
Шоир бар он ақида буд, ки хештаншиносӣ бе дониш ҳаргиз даст нахоҳад дод:
Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,
Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво.
В — аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил,
Пайванд агар бувад, табарро бинмо.
Яке аз асарҳои ӯ, ки дар эҷодиёташ мавқеи арзанда ва намоён дорад, ин манзумаи «Комде ва Мадан» дар пайравии асари ҳамноми Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад.
Мавриди ёдоварист, ки баъди итмоми таҳсили мадраса ба Арабистон бо мақсади ба ҷо овардани маносики ҳаҷ сафар карда, се сол дар он ҷо умр ба сар бурдааст. Баъдан ба Фарангистон, Эрон, Ҳиндустон сафар намуда, илму адабиёти халқҳои гуногунро меомӯзад.
«Куллиёт» — и ӯ соли 1913 дар Тошканд ба табъ расидааст. Эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳанӯз солҳои 60 — уми асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи донишманд ва муҳаққиқи шинохта Сайидумар Султонов қарор гирифта буд. Мавсуф нусхаҳои беҳтарин ва саҳеҳтарини дастхатҳои шоирро ҷамъ оварда, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа осори гаронбаҳои ӯро соли 1962, ки ғазал, мухаммас, марсия, рубоиҳо, инчунин, манзумаи «Комде ва Мадан» — ро дар бар мегирифтанд, мураттаб сохт.
Соли 1998 нашриёти «Ирфон» «Куллиёт» — и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро бо ду хат: кириллӣ ва арабӣ ба табъ расонд.
Дар нашри нави «Куллиёт» — и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз нусхаҳои аслии дастнавис истифода ва ғазалу рубоиҳои то ба имрӯз ба чоп нарасидаи ӯ ҷой дода шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ солҳои охири умраш дар мадрасаи Кангурт ба шогирдон дарс мегуфт. Фишору таъзиқи тангназарони замон ӯро дилшикастаю маъюс мекард. Ҳама ин беэътиноию бадбиниҳо, нодидагирию бадгумониҳо ба ҷисму рӯҳи шоир бетаъсир намонданд:
Ба ҳайратам, ки чӣ созам ба ин фиғон, Ҳоҷӣ,
Нафас чу най зи гулуям ба дӯши нола гузашт.
Имрӯз, ки барои нашри осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи эҷодаш имкон фароҳам омада, дигар он най нолаи ҷонсӯз намебарорад, балки бо навои рӯҳбахшу дилнавозаш, ки аз банди «асорат» раҳо гардида, дилу ҷонҳоро бо камоли ҳикматомезаш тавони тоза мебахшад.
Мафтуни ашъори пурҳикмату ишқии ин орифи шоир ва низ шоири ориф овозхонҳои маъруф Одинаи Ҳошим ва Ҳабибуллоҳи Бек (равонашон шод бод!) буданд. Махсусан, Ҳабибуллоҳи Бек бо дилбастагии хос аз рӯзгору ашъораш суҳбатҳои дилнишин менамуд ва пайваста таъкид мекард, ки бояд ба дунёи зебои шоиру ашъори нобаш бештару беҳтар роҳ бибарем. Ба ин хотир нашри мукаммалу бе саҳву хатои Ҳоҷиро хостор буд.
Инак, он рӯз дур нест, ки «Куллиёт» — и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дастраси ҳаводорони каломи бадеъ мегардаду ба ин васила таҳқиқҳои бунёдӣ ба фарҷом мерасанд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин