Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сатҳи баланд дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ намуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сатҳи баланд дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки ҳайати мамлакатро дар иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк роҳбарӣ мекунад, 23 сентябр дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Фарогирии умумии тандурустӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷаласаи мазкур дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ баргузор гардид, ки дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, намояндагони доираҳои сиёсӣ ва мутахассисони соҳаи тандурустии аксарияти кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Коҳир Расулзода дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар солҳои охир, аз ҷумла дар иртибот бо пешгирии бемориҳои сироятӣ ва паст кардани сатҳи бемории сил, инчунин нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои дар ин самт татбиқшаванда шинос кард.
Сарвазири мамлакат инчунин ташаббусҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи саломатии ҷомеа ва ҳифзи иқлим, аз ҷумла об ва муҳити зист тазаккур дод.
Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин