Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» ба нашр расид 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 
  • 16:49 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ тағироти кадрӣ 

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима мулоқот намуд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Япония дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди федератсияҳои футболи ҳарду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима барои меҳмоннавозии ҳайати дастаи мунтахаби Япония дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар ҷараёни ин вохӯрӣ Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин