Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Тошканд шинос шуд

Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Тошканд шинос шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳайате, ки мавсуф роҳбари он аст, бо ҳамроҳии Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бо ҷараёни бунёдкориҳо ва дигаргуниҳо дар пойтахти Ӯзбекистон шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВАО-и Ӯзбекистон.

Дар ҷараёни тамошои қисмати метрои рӯизаминӣ, ки дар кӯчаи Фарғона Йулии ноҳияи Яшнобод сохта шудааст, ҳамчунин боздиди қатораи нави метро, ки барои ҳаракат дар хатсайри нав пешбинӣ гардидааст, Рустами Эмомалӣ азамати корҳоеро, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи сохтмон гузаронида шуда истодаанд, зикр карда, иброз дошт, ки барои Тоҷикистон омӯхтани таҷрибаи Тошканд дар ин самт муҳим аст.

Ба ғайр аз ин аъзои ҳайат аз маркази омӯзишии «Ба кор даъват менамоем»-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар ноҳияи Яшнобод дидан карданд. Зимни боздид аз маркази мазкур меҳмонони олиқадр доир ба кор ва аҳамияти он барои аҳолии шаҳр маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Дар охир ҳайат бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ аз бинои Маркази хизматрасониҳои давлатии ноҳияи Чиланзор, ки чанде пеш ба истифода дода шуд, дидан намуд. Фаъолияти марказ ва шароити муосири барои кори самаранок фароҳамгардида дар он ба меҳмонон аз Душанбе таассуроти амиқ бахшид.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин