Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:19 – Тасдиқи рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
  • 10:15 – Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба финали «Ҷоми рушд-2020» баромад 
  • 08:32 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 14:02 – Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2020» бар дастаи Исландия ғолиб омад 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе дидан намуд

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе дидан намуд

Шоми дирӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии беҳтар кардани роҳи Душанбе — сарҳади Ӯзбекистон, барқарорсозии роҳ аз хиёбони Авитсена то дарвозаи Ғарбии шаҳри Душанбе, қитъаҳои 0-1,2 км, 1,94-4,9 км дидан намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар иншооти болозикр сохтмони ду пули автмобилгарди сеошёна бо пешбинии 284 метр роҳҳои мустақими ҳаракати роҳ ба самти ҷанубу шимоли шаҳр дар ошёнаи якум, таъмини ҳалқавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ошёнаи дуюм ба чор самт ва роҳи сехатаи (полосаи) мустақими таъминкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо дарозии умумии 244 метр ба ғарбу шарқи шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, дар ин лоиҳа сохтмони ду пули дуошёнаи таъминкунандаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, яке бо дарозии 19 метр ва дувумин 24 метр ба чор самти ҳаракат дар ошёнаи дуюм ва ду самти чор хат доштаи мустақим ба самти ҷанубу шимоли шаҳр дар ошёнаи якум бо дарозии умумии 1,6 км аз даромад то фаромад пешбинӣ гардидааст.
Муовини Сарвазири мамлакат ба корҳои анҷомшуда баҳои хуб дода таъкид намуд, ки ин роҳ бо мақсади аз тамбашавӣ эмин нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва бо ин васила таъмини озод ва бехавфи воситаҳои нақлиётӣ дар пойтахти кишвар мебошад. Вобаста ба ин зарур аст, ки дар мӯҳлати пешбинишуда корҳои сохтмонӣ сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.
Маҷмӯи корҳои пешбинишудаи сохтмонӣ дар ин лоиҳа то охири моҳи марти соли 2020 ба нақша гирифта шудаанд. Айни замон дар тамоми мавзеъҳои иншоот реҷаи кор 24 соат ба роҳ монда шуда, мавзеъҳои ҷамъшавии об, гузаргоҳи сел ва роҳҳои обпарто ва дигар пайомадҳои номатлуби фасл, тарзе анҷом дода шуда истодаанд, ки бо фаро расидани зимистон имкони идома доштани корҳо таъмин карда шавад.
Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки новобаста аз он ки дар баъзе қисматҳои лоиҳа қафомонӣ ба назар мерасад ба мақсад мувофиқ мебошад, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд, аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба сифати иҷрои корҳо бояд таъсири манфӣ нарасонад.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин