Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:19 – Тасдиқи рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
  • 10:15 – Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба финали «Ҷоми рушд-2020» баромад 
  • 08:32 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 14:02 – Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2020» бар дастаи Исландия ғолиб омад 

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд

Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори истиқболи сазовори санаи фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунад.
Имрӯз дар доираи Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар оғоз бо ҷараёни корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар пойтахти мамлакат мароқ зоҳир намуда, ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташриф овард ва бо дарахту буттаҳои нодири ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд, шинос шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дарахту буттаҳои воридотӣ ба иқлими пойтахт-шаҳри Душанбе мутобиқ буда, дар баробари зебову дилкаш буданашон, ба саломатии инсон ва тозагии муҳити экологии атроф низ таъсири мусбӣ мегузоранд.
Аснои шиносоӣ, Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин бобати риояи қоидаҳои зарурӣ ҳангоми интиқоли дарахту буттаҳо то ба кишвар, инчунин шинонидан ва парвариши минбаъдаи онҳо, дастуру тавсияҳои муфид дод.
Тавре гуфта шуд, дар ҳошияи азнавсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, тибқи нақша дар масоҳати 18 ҳазору 836 метри мураббаъ корҳои дарахтшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, аз ҷумла 1363 бех дарахтони сирени ҳиндӣ, сливаи писардӣ ва клион шинонида шуданд.
Дар ҳамин ҷо Раиси шаҳр ба масъулин бобати тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи дарахтшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон, бо истифода аз қоидаҳои дурусти агротехникӣ ва боду ҳавои мусоид дастуру супоришҳо дод.
Зимни иштирок дар ҳашари умумишаҳрӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи дарахтшинонӣ ниҳол шинонид.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободонию кабудизоркунӣ бо суръат идома дорад.
Дар ин замина, давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ду самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ бо мақсади таъмини зебогию сарсабзии ин мавзеъ, наздики 400 бех дарахти Шоҳбулут (дуб) шинонида шуд, ки парвариши минбаъдаи он зери назорати хосса қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир туфайли фаъолияти пурсамар ва созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои худро ба куллӣ тағйир дод ва бо иморатҳои ҳозиразамон, хиёбонҳои мусоир, муассисаҳои фароғатӣ ва боғу гулгаштҳои сарсабзу хуррам байни пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон мавқеи арзандаро соҳиб шуд.
Ҳамаи ин тадбирҳои созанда ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати бобарору бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо иҷрои он, барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароити шоистаи кору зиндагӣ фароҳам омад.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин