Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:27 – Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот 
  • 17:33 – ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд 
  • 15:23 – ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст 
  • 17:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд 

Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар оғоз гардиданд

Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар оғоз гардиданд

Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар мамлакат 8 март таҷлил мешавад, оғоз гардиданд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ба ин ҷашн тасдиқ гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ дар қарори мазкур масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд. Дар ин рӯз дар тамоми муассисаву ташкилотҳои пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва идона доир мегарданд. Ҳамчунин масъулин ба аёдати занони собиқадор рафта, ба онҳо кумакҳои моддӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Дар фармон ҳадафи ба тасвиб расонидани он «бузургдошти зан-модар-офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари ҷавонону наврасон ба роҳи нек ва пойдории оила» зикр гардидааст.
Пешвои миллат соли 2018 дар Рӯзи Модар зимни табрикоташон гуфтанд, ки: «Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии мамлакат саҳми басо арзишманд дорад. Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои худ ман ба неруи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаам».
ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин