Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 22:48 – Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун 
  • 22:42 – Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои помидор дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов 
  • 22:37 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд 
  • 22:34 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд 

Табибони тоҷик ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мегиранд

Табибони тоҷик ба мулоқот бо намояндагони СУТ омодагӣ мегиранд
Тоҷикистон ҳолатҳои бемории COVID-19-ро дар кишвар расман эътироф кард. То ин лаҳза, тавассути ташхисҳои тиббӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори баъзе кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ дода шуда буданд, дар Тоҷикистон интиқолдиҳандагон, сироятёфтагон ва ё беморони гирифтори COVID-19 ошкор карда нашудаанд. Зиёда аз як моҳ қабл ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон меомадаанд, дар шароити статсионарӣ ба карантин фаро гирифта шуда, муддати муайян таҳти назорати табибони бемориҳои сироятӣ қарор доштанд.
Имрӯз Тоҷикистон дар вазъияти беҳтар қарор дорад, зеро дар ин муддат кишварҳое ба монанди Россия, Чин, Ӯзбекистон, Беларус ва дигарон аллакай стратегия, алгоритми рафтор дар ҳолати эпидемия ва пандемияро таҳия кардаанд. Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин беморӣ таҷрибаи амалии ин кишварҳоро истифода мебарад, ки дар баъзе аз онҳо шумораи сироятшудагон, беморону фавтидагон коҳиш ёфтааст. Ҳамчун кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташхисҳои тиббӣ ва маҷмӯи либосҳои зарурии муҳофизатӣ дода шуданд. Аммо, асосан, ҳамаи ин аз ҳисоби захираҳои фармасевтии кишвар таъмин карда шуд, зеро солҳои охир дар мо шумораи зиёди дорухонаҳо фаъолият доранд. Вобаста ба ниқобҳои муҳофизатӣ, антисептикҳо ва санитайзерҳо, онҳо ба миқдори кофӣ мавҷуданд ва ҳар кас метавонад онҳоро бо нархи дастрас интихоб кунад. Ғайр аз ин, дар тамоми минтақаҳо дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст ва истеҳсолкунандагони ватанӣ собун, маҳлулҳои гигиенӣ, спиртдор ва антисептикҳои хлорӣ истеҳсол мекунанд. Норасоии лавозимоти ташноб, коғаз, дастмолҳои тар ва ғ. низ вуҷуд надорад.
Ба хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён таътилҳои иловагӣ дода шуданд. Бозорҳои фурӯши либос барои безараргардонӣ баста шуданд. Дар даромадгоҳи мағозаҳо, бонкҳо ва дигар ҷойҳои серодам ҳароратро месанҷанд ва дастҳоро бо маҳлулҳо тоза мекунанд. Танҳо меҳмонони ниқобдорро ба даромадан иҷозат медиҳанд.
Хушбахтона мардуми Тоҷикистон комилан бохирад буда, ба мубориза бар зидди COVID-19 омода буданд. Қариб ҳамаи роҳгузарон ниқоб, айнак ва дастпӯшҳои муҳофизатӣ доранд. Ба онҳое, ки чунин лавозимот надоранд, дигарон бо беэътимодӣ ва мазаммат менигаранд. Дар даромадгоҳи муассисаҳои давлатӣ ҳарорати кормандонро низ месанҷанд, дастҳо ва пойафзолҳояшонро бо маҳлулҳо тоза мекунанд. Дӯконҳои шахсӣ, корхонаҳои хурд ва нуқтаҳои хидматрасонии хӯрокхӯрӣ ҳоло бо ихтиёри худ амал фаъолият доранд. Аммо бисёре аз онҳо коргаронро то ба эътидол омадани вазъ ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то таъсирро ба аҳолӣ камтар кунанд. Онҳо чораҳои саломатӣ, санитарию гигиенӣ, молиявӣ ва ташкилиро меандешанд. Ин мушкилот дар ҷаласаҳои фаврии ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал баррасӣ мешаванд. Бо супориши Сарвари давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири таҳдидҳои эҳтимолии пандемия COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ таҳия намуд. Бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат доир ба чораҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти муттасили тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус саноат ва кишоварзӣ супоришҳои мушаххас доданд. Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷи кишвар мондаанд, низ фаромӯш нашудаанд. Имрӯз барои осон кардани вазъи онҳо тамоми чораҳои имконпазир андешида мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ ваҳм вуҷуд надорад, аммо изтироб ва каме шиддат ҳис мешавад. Аз ин рӯ, маҳз, имрӯз, ҳама гуна изҳорот ва муроҷиати беасос, ки аз ҷониби ВАО-и бефаҳм паҳн карда мешаванд, хидмати бад мекунанд, мардумро иттилои нодуруст медиҳанд, фишори шадид ва тарси беасосро ба вуҷуд меоранд. Ҳар як калимаи нашршуда бояд мутавозин ва ба принсипи тиббӣ – «зиёне нарасонед» мутобиқ бошад.
Масалан, дар муроҷиати Созмони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки дар АИ «Азия-Плюс» нашр шудааст, дар баробари тавсияҳо, “далелҳо” ва айбдоркуниҳои беасос навишта шудаанд. Бале, дар ҳақиқат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъзан масофаи иҷтимоӣ ва дигар чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби аҳолӣ риоя карда намешаванд. Аммо ин ислоҳшаванда аст, агар ба ашхоси вайронкунанда хатари рафтори беасоси онҳо фаҳмонида шавад. Инчунин дар ин муроҷиатнома овозаҳои бардурӯғ истифода мешаванд, ки гӯё «кормандони тиб маҷбуранд, аз ҳисоби худ ниқоб, маҳлули безараргардонӣ ва либосҳои муҳофизатӣ харидорӣ намоянд». Ин маълумотро мақомоти салоҳиятдори дахлдор рад карданд. Ва агар «дар баъзе минотиқи кишвар, аҳолӣ барои харидории лавозимоти муҳофизатӣ барои кормандони тиби минтақаҳои карантинӣ пул ҷамъ кунад», пас ин кумаки ихтиёрӣ ва саҳми онҳо дар кори умумии мубориза бо COVID-19 мебошад. Имрӯз шаҳрвандони бохирад дар тамоми кишварҳои ҷаҳон маҳз ин амалро анҷом медиҳанд. Дар амал, албатта, метавонад норасоии ягон лавозимот ё таҷҳизоти тиббӣ вуҷуд дошта бошад, зеро он ҳатто дар давлатҳои абарқудратҳо низ мушоҳида мешавад. Аммо барои ин ба таҳлуқа ва васваса андохтан нашояд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба омадани намояндагони СУТ лоиҳаи протоколи чораҳои мубориза бо COVID-19-ро омода мекунад. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ бо табибони кишварҳое, ки аллакай дар мубориза бо коронавирус таҷриба доранд, мушкилоти мубрам баррасӣ гардида, механизми самарабахши ташхис, муайяннамоӣ ва табобати ин беморӣ таҳия мешавад.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
/АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин