Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
То соати 17:30 дақиқаи 28 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3563 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1674 нафар шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Бино ба иттилои манбаъ, то 28 май дар мамлакат 2322 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 423 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.
ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин