Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия ва дружиначиёни пойтахт

Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия ва дружиначиёни пойтахт
Нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба кӯча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар тамоми минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дӯкону мағозаҳои хӯроки умумӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири коронавируси нави КОВИД-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Зимни гузаронидани корҳои профилактикӣ мушоҳида гардид, ки дар баъзе боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд. Ин ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро зарур аст, ки қоидаҳои тавсияшударо ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Имрӯз мақомоти милитсия бо фаъолияти шабонарӯзӣ барои пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояту ҷинояткорӣ талош карда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, махсусан дар ин марҳилаи ҳассос, ки солимии ҷомеа дар миён аст, фаъолияти дучанд менамояд. Нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқот бо шаҳрвандон иброз доштанд, ки дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагон бояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарафӣ ва бемасъулиятиро канор гузоранд, зеро саломатӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар нафар вобастагии калон дорад.

Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар паҳлӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд, бисёр назаррас мебошад.

Ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизмат намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд. Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ, махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизоти ороишӣ кам ба назар мерасад, ки мусбат баҳогузорӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 01.06.2020. /АМИТ Ховар/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин